Ислом дини комил ва дарбаргирандаи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ буда, ба бурузи гуруҳ ва ё ҳизбе дар дохили худ ниёз надорад. Чунки бунёд ва густариши он аз тарафи қудрати ягонаест, ки Ӯ холиқи ҳамаи мавҷудот мебошад. рафт, Ислом ягона динест, ки асрҳо аз пайдоишаш гузаштааст, вале чунин ниёзҳоро дар худ надорад, чунки он бо ҳукми илоҳӣ рӯйи кор омадааст. Пас, сабаб чист, ки дар ҷомеъаҳои мусалмонӣ мусалмонон рӯ оварданд ба ташкили як ҳизби исломӣ? Ин мавзуъи баҳсист, ҳатто миёни донишмандони исломӣ ва барои иддае аз онҳо ин масъала номафҳум боқӣ мондааст, агарчи бархеи он қасдан фаҳмидан намехоҳанд.
Ташкили ҳизбу ҳаракатҳо яке аз омилҳоест, ки дунёи башариро рангу бор дода, ҳар доирае ҳадафу мақсадҳои худро тавассути онҳо амалӣ менамоянд, аз ҷумла бо усули роҳ ёфтан дар муборизаҳои парлумонӣ ва пиёда кардани назароти хеш аз нигоҳи сиёсӣ. Ташкили ин гуна ҳизбҳо дар ҷомеъаҳои мусалмонӣ ҳам роиҷ аст ва ҳар кадоме ҳадаф ва мақсадҳои хоси худро доранд. Дар ин росто бояд иқрор шуд, ки дар ҷомеъаҳои мусулмонӣ, агарчи таъсисдиҳандагони ҳизбҳои ғайридинӣ худро мусалмон мешуморанд ва дар фароизи исломӣ чархиш доранд, вале ҳадафу мақсад ва афкори дигареро амалӣ мекунанд, ки бештар хилофи ислом ва шариъати он аст.
Пас, бо ин тартиб, ҳама аҳзобе, ки новобаста аз нигоҳи мусулмон будан ва ё набудани шаҳрвандон таъсис меёбанд, дар онҳо андешаи исломӣ ба назар гирифта намешавад ва мақсади ҳизбии онҳо муқаддам аз ҳама чизи дигар аст. Агар ба фаъолияти ҳизбҳои ба истилоҳ дунявӣ, таҳаввулоту тағйироти солҳои ахир дар кишварҳои алоҳида, бахусус Тоҷикистон назар афканем, маълум мегардад, ки дар баробари аҳдофи ҳизбӣ бисёре аз монеъа ва маҳдудиятҳоеро нисбати озодии эътиқоди ҷомеъаи мусалмонӣ ва озодии эътиқодии ин мардум зери суол қарор додааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамаи ҳизбҳои дунявӣ дар суҳбат ва назарпардозиҳои худ аз Ислом ва шариъати он сухан меронанд, аммо пушти пардаи сиёсат, ғаразҳои худро парвариш медиҳанд. Яъне метавон гуфт, ки дар асл, ин ҳизбу ҳаракатҳои дунявӣ бо афкори ҳизбӣ ва ҳадафҳои сиёсии хеш дар муқобили аркон ва арзишҳои исломӣ қарор доранд. Аз ҳама аҷиб ин аст, ки донишмандон ва пешвоёни дини Ислом, тарзе амал мекунанд, ки гӯё узви чунин ҳизбҳои дунявӣ бошанд ва ё зери дастури онҳо фаъолият менамоянд, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба чунин мухолифату бархурдҳои ноҷо хомӯширо афзал медонанд. Пас, ин гуна ҷомеъаи мусалмонӣ, ки бештар мувоҷеҳи маҳдудияту маҳрумиятҳо қарор дорад, метавонад ин ҳамаро бо чашмпӯшӣ ва сархамӣ паси сар намояд? Албатта не! Дар чунин ҳолат гуруҳ ва ҳаракате бо ташаббуси родмардон ва андешамандони исломӣ барои ҳимоят ва эҳтироми муқаддасоту аҳдофи исломӣ сар бароварда, аз Исломи ҳақиқӣ дифоъ кардаанд ва хоҳанд кард. Чунин муборизаҳои сиёсии диниро метавон дар таърих ва ҳаёти мусалмонҳои дунё ба хубӣ мушоҳида кард, ки онҳо дар муқобили мусалмононе, ки ҳадафу мақсадҳои ғайриисломиро барои ҳаёти худ интихоб кардаанд, ҳамеша мухолиф будаанд. Аз гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки дини Ислом ҳеҷ гоҳ ниёз ва зарурате барои пайдо шудани ҳизбе ва ё гуруҳе дар дохили худ надошта, аммо мусалмонҳо бо гузашти айём ин омилро барои ҳифзи озодӣ ва дарёфти ҳуқуқи мусалмонии худ лозим медонанд.
Ахмедов Бахтиёр
Сокини ноҳияи Спитамен







