Дар кафедраи математика ва табиатшиносии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент оиди «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» сӯҳбати ошкоро бо аҳли омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисоси «Математика» ва «Информатика» баргузор гардид. Дар баромади худ устоди кафедра омӯгори фанни биология дотсент Бадалов Сулҳиддин қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда ба санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ имзо гузоштааст. Фаъолияти ҲНИТ – ро ба дар кафедра ба таври шаффоф тибқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ баррасию муҳокима намуданд.
Ҳамин тариқ дар асоси далелҳои боэътимод пурра исбот гардид, ки роҳбарону фаъолони ҲНИТ дар табаддулоти давлати даст доштаанд. Бинобар ин бо ҳукми Коллегияи суди оиди ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2016, 14 нафар узви раёсати олии ҲНИТ дар содир намудани ҷиноятҳои оммавӣ бо роҳи зуроварӣ, тағир додани сохти кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тероризм ва ғайра гунаҳгор дониста шудааст. Аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълум аст, ки нисбати роҳбари ҲНИТ М.Кабирӣ тавассути Интерпол кофту коби байналмиллалӣ эълон шудааст. Терорист дар куҷое, ки ҷиноят содир кунад вай терорист аст. Ҳамин тариқ соли 2016 ҲНИТ ба феҳристи ташкилотҳои терористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳномаи Амнияти Дастҷамъи ворид карда шудааст.
Мо худ шоҳид, ки баъзе аз кишварҳо манфиятҳои геополитикии худро дониста аз стандартҳои дугона истифода мебаранд, онҳо дар зери қаноти созмонҳои «Бо ном байналмиллалӣ ҳизви ҳуқуқ ва озодиҳои инсон», ки ҳадафи аслиҳашон танҳо ҳимояи кишварҳои махсус ҳаст, ки минбарҳои таблиғотиро дар ихтиёри терорист, хоин чун М.Кабирию думравонаш мегузоранд ва онҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Аммо имрӯз мардум ҳадафи нопоки ин хел гурӯҳҳоро дарк намуданд ва тассавур карданд, ки дар ҳолати ба сари қудрат омадани ҲНИТ чӣ балоҳое рӯй медод.







