ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАЪНАВИЁТИ БАЛАНДИ СИЁСИВУ ДИНӢ – ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ
2017-12-02

Пеш аз ҳама, шукргузорӣ мекунам, ки имрўз миллати тоҷик  ба Истиқлолият расидааст ва замину осмони мо ором ва аз ҷангу хунрезиҳо озод мебошад. Парвардигор ба миллати тоҷик таърихи кўҳан, маданияту фарҳанги баланд, мутафаккирони бузург ва фарзандони қаҳрамон ҳадя кардааст. Истиқлолияти давлатии миллати тоҷик, ки бо пуштибонии фарзанди қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдор асту рўз ба рўз рушд ёфта истодааст, мукофоти беҳамтои Парвардигор ба ин миллати азияткашидаи сарбаланд аст.  Ҳамаи ин рўзҳои нек бар ивази амалҳои солеҳ ва худогоҳии ҳаррўза, дар интихоби роҳи рост истодагариҳои Пешвои миллат ва ҳар як фарди миллатдўсти тоҷик ва сабру тоқату азму иродаи мустаҳками онҳо ҳамчун аҷри илоҳӣ ба мо расидааст.

Истиқлолият аст, ки имрўз халқи тоҷик озодгў ва дар интихоби дини худ низ озод ҳаст. Ин озодиҳо дар Роҳнамои миллат, Сарқонуни он бо хатҳои заррин навишта шудаанд, ки барои тарбияи сиёсӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, миллатпарастиву худогоҳии ҷавонон ва пойдории миллат арзиши бузурге дорад. 

Имрўз наваду нўҳ дар сад аҳолии Тоҷикистон аҳли ислом ҳастанд. Ин нишондод яке аз омилҳои пойдории ваҳдати миллии тоҷикон гардидааст. Медонем, ки бисту панҷ- сӣ сол пеш, то даврони истиқлолият, пайравӣ кардани ин ё он дин, аз он ҷумла дини мубини ислом,  маҳдудияти  бисёре дошт. Дар ягон ҷой, ҳатто дар рўзномаву маҷаллаҳо, номҳои Худоро навистан тамоман мумкин набуд. Умуман сиёсати бехудоӣ амал мекард. Имрўз бошад, шукрона, сиёсати озодии ақидаву тарбияи худогоҳӣ пойдор аст. Дар ҳама нуқтаҳои китобфурўшӣ китобҳои гуногуни динӣ, аз Қуръони Карим сар карда то китобҳои таълимиву маърифатии динӣ бо забонҳои гуногун озодона фурўхта мешаванд.  Дар саросари Тоҷикистони азизамон дари масҷидҳои бисёре барои ибодати Парвардигорро ба ҷо овардан кушода аст. Барои ҳама парастиши Худо ва тараннуми бузургии Парвардигор ягон гуна маҳдудият надорад. Аз ин неъматҳои  пурбаҳои Парвардигор ва сиёсати имрўзаи ҳукумату давлат ҳар як фарди солимақли миллат бояд сидқан шукргузор бошад.

Аммо, имрўз дар байни ҷомеа ҷавононе вомехўранд, ки дар зери таъсири душманони ислом ва душманони миллати тоҷик монда, ин меҳрубониҳои Худо ва неъматҳои беҳамтои Ўро нодида гирифта, ба онҳо сарфаҳм нарафта,  бегонапарастиро пеша кардаанд. Онҳо таълимоти ҳанафиро пайравӣ накарда, ба ваҳдати милливу динии миллат тафриқаҳо андохта истодаанд, ки ин рафтор ба ягонагии умуман дини мубини ислом ва ваҳдати миллии тоҷикон хатари бузурге дорад. Ин масъала имрўз бисёр муҳим буда, тақозо мекунад, ки ҳар як фарди тоҷик, хусусан ҷавонон бояд нисбат ба он мавқеи бетарафиро ишғол накарда, ҳиссаи худро барои ваҳдати милливу динӣ ба қадри имкон  гузорад.

Ман дар асоси омўхтани маводҳои рўзномаву маҷаллаҳои даврӣ ва адабиёту маводе, ки ба масъалаи матраҳ бахшида шудаанд ва аз омўзиши таҷрибаи зиндагӣ таҳлилҳо гузаронида, ба хулоса омадам, ки яке аз сабабҳои пайдошавии тафриқаҳои динӣ дар байни ҷомеа ин паст будани, пеш аз ҳама, маърифату маънавиёти сиёсӣ ва динии ҷомеа, хусусан ҷавонон, мебошад.

Душманони миллат асосан дар байни ҷавонон бо истифода аз паст будани маърифати сиёсиву динии онҳо ва каҷфаҳмонии арзишҳои ноби исломӣ фикрҳои экстремистии гуногунро, ки он аз бадбинии ҷамъият, ҳукумату давлат, падару модар, атроф, ношукрӣ, инкори арзишҳои дунявӣ ва ғайра иборат мебошад, паҳн мекунанд. Вақте ки ягон шахс ё ҷавони дониши кифояи исломӣ надошта ё умуман дониши исломӣ надошта (мутаассифона, дар ҷомеаи мо ин хел ҷавонон бисёр ҳастанд) зери таъсири таълимоти бегона мемонад, аз сабаби заиф  будани дониш ва тафаккури сиёсиву динӣ зуд онро қабул карда, маълумоти гирифтаашро дуруст ва ҳақиқӣ мешуморад ва онро ба дигар маълумоте, ки аз падару модар ё наздиконаш гирифтаасту ё мегирад, муқобил гузошта, ба тафриқа дучор мешавад. Пеш аз ҳама, хатарноктаринаш он аст, ки ў ба тафриқаи фикрӣ ва руҳӣ гирифтор мешавад ва барои аз ин варта халос шудан ба амалҳои гуногуни экстремистӣ қадам ниҳоданашро нафаҳмида мемонад, ки ин ҳолати инсонӣ аслан касалӣ ва зиёда аз ин касалии сирояткунанда аст. Ҳар як ҷавони тоҷик бояд чуқур дарк карда тавонад, ки муқобил истодан ва мубориза бурдан бо ин касалӣ на фақат вазифаи давлату ҳукумат, балки вазифаи ҳар як ватандор мебошад.

Мубориза бурдан бо кадом роҳ? Бо роҳи баланд бардоштани маърифату маънавиёти аввал сиёсӣ ва баъд динии исломӣ! Зеро барои душманро мағлуб кардан бо силоҳе ҷангидан лозим аст, ки он аз силоҳи душман мукаммалтар ва пурқуваттар бошад. Бе баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, яъне, танҳо бо маърифати динӣ ба натиҷаи зарурӣ муваффақ шудан номукин аст. Баробар баланд бардоштани маърифати сиёсиву динӣ барои ҳама зарур хоҳад буд. Дар ҳақиқат, зарурияти он, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки агар шахс савияи кофии маърифати сиёсӣ ва динӣ надошта бошад, сиёсати имрўзаи давлатро намефаҳмад ва ба қадраш намерасад. Вай чӣ тавр нишондодҳои Пешвои миллат Эмомали Раҳмонро дар ин самт дарк ва ба амал татбиқ карда метавонад? Ҳол он ки суханҳои Пешвои миллат яке аз сарчашмаҳои бузург ва воситаи зарурии баланд бардоштани маърифати сиёсиву динии ҷомеа аст. Зеро Ҷаноби олӣ, Президенти кишвар дар баромадҳои худ ҳам ба арзишҳои демокративу дунявӣ ва ҳам ба арзишҳои динӣ ва, ҳатто, ба оятҳои Қуръони Карим ва ҳадисҳои Муҳаммад Паёмбар (с) такя карда, миллати тоҷикро ба ваҳдату сулҳу бунёдкорӣ ва худогоҳӣ ҳидоят  мекунанд. Масалан, арзишҳо ва мафҳумҳои динии  савоб, гуноҳ, шукргузорӣ, садақа, дуои падару модар, дуои халқ ва ғайра ва инчунин мафҳумҳои дунявии истиқлолият, ватан, озодӣ, сарқонун, озодии виҷдон ва  ғайраро қариб дар ҳамаи баромадҳояшон истифода мекунанд. Агар шахс маъноҳои аслии ин арзишҳоро дарк накарда бошад ва натавонад, чӣ тавр суханони Пешвои миллатро пурра бе костагӣ мефаҳмад ва аз он  баҳра мегирад? Ҳеҷ хел. На мефаҳмад ва на баҳра мегирад. Зиёда аз ин, аз сабаби фаҳмида натавонистанаш аҳамият надода, онро чизи беарзиш меҳисобад, ки ин бар зарари миллат аст. Тарафи дигари масъала: имрўз дар бисёр мавридҳо дар байни халқ арзишҳои дар боло овардашуда ва суханони Президенти кишвар ва ояту ҳадисҳоро онҳое талқин мекунанд, ки худ на ину на онро ба таври кофӣ дарк карда наметавонанд, ки ин ба хатогиҳои ислоҳнашаванда бурда расониданаш мумкин аст.

Ҳар шахси маърифати кофии сиёсиву динидошта агар баромадҳои Президенти кишварро бодиққат гўш кунад, ҳис карда метавонад, ки дар вуҷуди он кас арзишҳои диниву дунявӣ бо ҳам дар як радиф ҷойгир шудааст. Масалан, ҳар маротиба дар баромадҳои худ ба ҷавонон «Дуои падару модаратонро гиред, ин аз ҳама чизи қиммат аст» гўянд, аз мутаассирӣ симояшон дигар шуда, ба як тараф нигоҳ карда, камтар таваққуф мекунанд. Шунаванда бо тамоми дилу ҷон  эҳсос менамояд, ки пандашонро Ҷаноби Олӣ аз самими қалб мегўянд. Азбаски он кас ба умқи маънои  дуои падару модар расидаанд, ҳангоми панд додани мо  ҳаяҷон вуҷудашонро фаро мегирад. Дар ҳақиқат, Пешвои миллат дар рўзи Дониш, дар дарси Сулҳ, ки 1 сентябри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир гашт, аз таҳти дил суханрониӣ карда, дар баробари масъалаҳои умдаи рўз дар масъалаҳои тарбиявӣ ҳам истода, дар ҳаққи падару модар чанд ояте аз Қурони Карим оварда, бо мисолҳои мушаххас басо фаҳмо тафсир ҳам карданд. Ин суханони Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон набалки барои ҷавонон, балки барои ҳамаи миллати тоҷик панди бузурге буду ҳаст.

Пайравӣ кардан ба Пешвои миллат ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву динии шахрвандон, хусусан ҷавонон, тақозо мекунад, ки он яке аз масъалаҳои мубрами имрўза ва омили асосии нагаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгароӣ қарор дода шавад. Дар ин радиф баробари аз худ кардани сиёсати давлатӣ омўхтани ақаллан асосҳои дини ислом низ зарурияти имрўза аст. Аслан бо ҳукми таърих миллати тоҷик  дини исломро интихоб кардааст ва ҳар як тоҷикро дар ҷаҳон ҳамчун мусулмон мешиносанд, ки аз он мо бояд ифтихор намоем. Дини миллати тоҷик дини ислом аст ва он узви ҷудонашавандаи фарҳангу маданияти волои мост. Инсоне, ки ба Парвардигор имон наовардааст, шахси ҷоҳил аст. Шахси ҷоҳил ба ватану миллати худ ҳеч гоҳ хизмат карда наметавонад. Кӣ мехоҳад, ки дар байни тоҷикон тоҷики ҷоҳил бошад?! Ҳеч кас. Кай миллати тоҷик ба ҷаҳолат даст задааст?! Ҳеч гоҳ. Кадоме аз мутафаккирон ва қаҳрамонони миллати тоҷик ғайримусулмонанд? Ҳамаашон мусулмонанд. Пас, барои чӣ бисёре аз нафарони тоҷик сиёсати имрўзаву дини худро намеомўзанду намедонанд? Бояд омўзанду донанд. Барои ин чӣ халал мерасонад? Ҳеч чиз. Пас, барои чӣ намеомўзанд? Барои он ки зарурияти омўзиши сиёсати давлатӣ ва динро дарк накардаанд. Намедонанд, ки дониш силоҳи асосии муборизаву ҳимоя аст. Сабаби ин чист?  Паст будани маънавиёту маърифати сиёсиву динӣ.

Таърих исбот кардааст, ки дар ҳар давру замон, дар фазои ҳамагуна сиёсатҳои давлатӣ новобаста аз замону макон муваффақиятҳо ва норасоиҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ ҷой доштаанду ҷой доранд. Ин қонуни фалсафавӣ аст. Душманон ҳеч гоҳ муваффақиятҳои пойдори моро эътироф намекунанд ва фақат бо нишон додани камбудиҳову норасоиҳои муваққатии ислоҳшавандаро бо усулҳои махсуси сиёсиву динӣ ба ҷомеа ва хусусан ҷавонон, талқин менамоянд. Агар шахс маърифату маънавиёти кофии сиёсиву динӣ дошта бошад ва бо ин хел афроди дорои тафаккури душманона рўбарў шавад, мақсади ҳарифро тез мефаҳмад ва ба даъвоҳои ў арзишҳои сиёсиву динии азхудкардаашро муқобил гузошта, на фақат худро ҳимоя карда метавонад, зиёда аз ин даъвоҳои ҳарифро рад карда, аз болои ў ғалаба ҳам карда метавонад. Нафари гумроҳшударо ба роҳи рост ҳидоят карда ҳам тавонистанаш мумкин аст, ки ин, бидуни шак, ба манфиати ҷамъият хоҳад буд. Ба як сухан, бемайлон баланд бардоштани маърифату маънавиёти ҷомеа омили пешгирии экстремизму падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон аст.

 

Бобоева М.,Неъматова М.

 дотсентони кафедраи

 адабиёти классикии тоҷик

 

 

Аз назар гузарониданд:522 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар