ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ЭКСТРИМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!
2017-12-02

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Солҳои охир терроризм ва экстримизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти эктримистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои эктримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусалаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Вобаста ба вазъияте, ки имрўз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба муаммои ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.

Шаклҳои зиёди экстремизм вуҷуд дошта, яке аз он экстримизми наврасон ва ҷавонон маҳсуб меёбад. Экстремизми наврасон ва ҷавонон назар ва навъи рафтори ҷавонон аст, ки аз рўйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ў адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.

Экстремизм ва терроризм дар маҷмўъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Сабабҳои пайдоиши экстремизмро ҳамчун сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ; моддӣ; идеологӣ; хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ; пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ; дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ; фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо арзёбӣ намудан мумкин аст.

Ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, бештар, ҳадафи асосии гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Барои фаҳмиши дурусти ин масъала бояд худи мафҳуми «ҷавонон» ва сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мавриди таҳлилу қарор гирад.

«Ҷавонон – ин гурўҳи иҷтимоию демографӣ мебошанд, ки дар асоси маҷмўи хусусиятҳои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ вобастагӣ дорад. Ҷавонӣ ҳамчун марҳалаи муайяни давраи зиндагии биологӣ гуногунпаҳлў аст, вале доираи мушахасси синнусолии он, ки бо мақоми иҷтимоӣ ва хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ алоқаманд аст, дорои хусусияти иҷтимоӣ-таърихӣ буда, аз сохтори ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва қонуниятҳои ҷомеакунонии он вобастагӣ дорад». Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа маҳсуб меёбад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Таҳти таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурўҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ дошта, дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гурўҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд.

Яке аз хислатҳои ҷавонон ҳамчун субъекти муносибатҳои сиёсӣ ин хусусияти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки аз ноустувории нисбӣ, тағйирёбии мавқеи ҷавонон дар сохтори ҷамъиятӣ, мақоми иҷтимоии начандон баланди онҳо, маҳдудияти алоқаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иштироки сиёсӣ муайян карда мешавад. Ҳолати зерин ҷавононро бо мавқеи нобаробар бо дигар гурўҳҳои бештар ташаккулёфтаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегузорад ва бо ин муҳити мусоиди низоъҳои гуногуни иҷтимоӣ, таъсири омилҳои идеологии беруна дар тафаккури сиёсии ҷавонон пайдо шуда, аксар вақт тобиши сиёсиро мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дошта, аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 – ро соли ҷавонон эълон намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Сарвари давлат, масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудааст. Ба хотири таъмини шароити донишомўзии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида шуда, Китобхонаи миллӣ бо таҷҳизоту технологияи пешрафтатарин ба истифода дода шуд. Ҳоло дар 39 муассисаҳои таҳсилоти оли кишвар 170 ҳазор нафар донишҷўён таҳсил доранд.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохўриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин наъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем.

Ваҳҳобзода Д.,Раҳимов А.,

                                                    дотсентони кафедраи

                                                            адабиёти классикии тоҷик

 

 

Аз назар гузарониданд:456 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар