ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ОҚИБАТҲОИ МУСИБАТОВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ТЭТ ҲНИТ ДАР ТОҶИКИСТОН
2017-12-02

Бо ифтихори Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 соли “Ҷавонон” эълон гардид.

Эълон гаштани соли 2017  чун соли  “Ҷавонон” аз таваҷҷӯҳи хоси  Президенти кишвар нисбат ба насли ҷавон  дарак медиҳад. Ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати  Ҳукумати кишвар қарор  дошта, ҷиҳати татбиқи  сиёсати  давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд,Маҳз ҷавонон чун  нерӯи созанда ва  пуриқтидори ҷомеа, метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати  мамлакат  саҳми босазои худро гузоранд .

Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.

Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта, барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

 Ифротгароӣ ва иғвоангезӣ дар тамоми давру замон ҳамчун падидаи ногувор ва номатлуб шинохта шуда, ҷомеаро ба оқибатҳои нохуш гирифтор месозад. Дар сиёсатшиносии муосир ин падидаро бештар ба терроризму экстремизм нисбат медиҳанд. Дар ҳақиқат, терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон,  тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиёти ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад.

Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя  аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Шомилшавии иддае аз ҷавонони мамлакат ба сафи ҳизбу гурўҳҳои террористиву экстремистии дунё, аз ҷумла, гурўҳи ҷиноятпешаи террористии бо ном «Давлати исломӣ», ҳизби таҳрир, ҷарёни салафия ва дигар ҳизбу ҳаракатҳо барои миллати тоҷик нанговар буда,  моро водор месозад, ки садди роҳи он шавем.

Нагузорем то фарзанди модари шафиқу меҳрубони тоҷик фирефтаи ваъдаҳои бардурўғи кадом як хоҷаи бесаводу ғоратгари хориҷа гардад.

Дар пайравии Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ,  

Презеденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон метавон гуфт, ки террорист гумроҳзадае беш нест. Ифротгаро низ оқибат ба коми терроризм меафтад.

Воқеаҳои чанд соли охир дар миқёси ҷаҳон собит сохт, ки ҳамаи ин падидаҳо , чӣ экстремизму чӣ терроризм ва иғвортгариву иғвоангезӣ бар зарари осудагиву оромӣ ва сулҳу  суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мубориза бо он имрўз аз мавзўъҳои авалиндараҷаи амнияти кишварҳо гаштааст.

Тоҷикистон низ аз ин падидаҳои номатлуб сахт маҳкум намуда , баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу оромии ҷомеа, расидан ба ормонҳои мардум ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.

Чи тавре  ки Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатии худ ҷайд кардаанд : «Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.»

Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Мубориза бурдан бо ин падидаҳо вазифаи пурмаҳсули на танҳо мақомотҳои дахлдори кишвар,балки тамоми мардуми баору номуси тоҷик буда, ҷалби ҷавонони кишвар ба ин масъала, ки борҳо дар чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гуфта шудаву даъват шудаанд, амали саривақтӣ ва мақсадноки ҷомеаи шаҳрвандии мост.

Аммо, мо ҷомеаи шаҳрвандии бо нангу номус ба ин ҳама ғояҳои ғаразона нафрат меоварем. Мо дорои шурри комил ва афкори солими сиёсӣ ҳастем. Намегузорем, то ақидаи он нохалафони пойбанди хоҷагони хориҷӣ дар мафкураамон асар кунад. Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили дигари нигаронкунанда буда, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Вобаста ба ин, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифадоранд, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ҳамкориро байни ҳамдигар, инчунин, ҳамгироии фаъолияти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷие, ки бо мо дар ин самт ҳамкорӣ менамоянд, вусъат диҳанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.

Бо дарназардошти ин ва вазъи ноороми ҷаҳону минтақа зарур аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро намояд.

 

             Сармуаллимаи кафедраи электроника    Боқиева М.Ҷ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

vv

Аз назар гузарониданд:512 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар