Пайдоиши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи баҳсу мунозираҳои сиёсиву иҷтимоии нимаи дувуми солҳои 80-уми асри гузашта вобаста аст. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ як давра Тоҷикистон ба гирдоби беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ гирифтор шуд, ба сари мардум ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил гардид. Аз ин ҷанг кишвар офатзада гардид, мардум бесарусомон шуданд. Таърих исбот кард, ки дар оташ додани ҷанги шаҳрвандӣ Ҳизби наҳзати ислом ба даст дорад. Мақсади асосии ҳизб барҳам додани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташкили давлати исломӣ буд.
Аксари мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, зиёиёни бофарҳанги тоҷик ба ташкили ин ҳизб зиддият нишон доданд. Кор ба ҷое расид, ки ҳокими шаҳри Ленингради собиқро ба шаҳри Душанбе даъват намуданд. Дар он вақт Собчак ба Ленинград сарварӣ менамуд. Бо розигии ў дар ҷумҳурии мо Ҳизби наҳзати ислом ташкил ёфт. Бо ташкилёбии ҳизби наҳзати Ислом ташвиқу тарғиботи динӣ хеле авҷ гирифт. Дар ҷумҳурӣ садҳо масҷиду мадрасаҳо кушода шуданд, зиёрати Ҳаҷ ба дараҷаи аъло расид, вале намояндагони ин ҳизб барои халқ, барои давлат ягон кори манфиатнок ба сомон нарасониданд. Аз ниятҳои нопок ва ғайриинсонии худ даст накашиданд. Натиҷаи фаъолияти онҳо буд, ки бисёр шаҳру ноҳияҳо валангору хароб, ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ, зиёиёни маъруфи тоҷик кушта шуданд. Мардуми зиёд фирори ватан карданд.
Дар солҳои охир аъзоён ва бисёр сарварони ин ҳизб дарк карданд, ки ин ҳизби террористӣ – экстремистӣ аст ва аз ин ҳизб даст кашиданд. Роҳбарони ҳизб ба табаддулоти давлатӣ даст заданд ва хушбахтона шикаст хўрданд, ба ниятҳои нопоки худ мушарраф нашуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барҳам додани Ҳизби Наҳзати Ислом референдуми умумихалқӣ гузаронида шуд. Барҳам додани Ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ҳизби террористӣ-экстримистӣ тамоми халқи заҳматкаш дастгирӣ менамоянд.
Бояд қайд кард, ки дин идеология ва эътиқод мебошад. Аз ин рў, дин ҳизб доштанаш мумкин нест. Дар дунё дини зиёде мавҷуданд ва ягон дини дунё ҳизб надорад. Бояд дин аз давлат ҷудо бошад. Намояндагони дин бояд сиёсати давлатро дастгирӣ кунанд, барои манфиатҳои давлату халқ хизмат кунанд.
Абдуллоҷон Мавлонов,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои филологӣ vv







