Пас аз пош хўрдани ИҶШС кишварҳое, ки шомил дар он буданд, мустақилияти худро ба даст оварданд. Тоҷикистон низ дар арсаи ҷаҳонӣ худро мустақил эълон кард. Бояд таъкид кард, ки дар солҳои аввали истиқлолият дар худуди Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуд ва он амалкунанда аст. Ҳизби наҳзати ислом яке аз онҳо мебошад. Тоҷикистон мамлакати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст ва ба дину оин низ аҳамияти беандоза медиҳад. Вале бархе аз шахсон аз он истифода намуда, қонушиканӣ намуда, барои халалдор намудани сиёсати имруза кўшиш ба харҷ медиҳанд. Аз рўйдодҳои солҳои охир (воқеаҳои Сурия дар назар аст) маълум мегардад, ки ҳизби номбурда фаъолони худро дошта, оилаҳои зиёдеро бо фиребу гумроҳкунӣ фарзандони мардумро ба Сурия сафарбар карда истодаанд, ки дар натиҷа амалҳои номатлуб пеш меояд. Ба ин фарзандони гумроҳшуда аз забони шоири бузург Сайидои Насафӣ гуфтаниям:
Нўше, ки ҳавас мекунӣ аз суфраи золим,
Нешест, ки аз хонаи занбўр барояд.
Падару модарони фарзандбохта ба рўзгори пурдаҳшат, ба ваҳшонияту ҷаҳолат печ андар печ ҳастанд. Оё дини ислом ин корро раво дидааст? Куштори инсон, таҷовус ба номуси инсон ва куштори Модареро, ки он ҷаллодро ба дунё овардааст... Оё ақли инсон ба ин воқеаҳои гўшношунид бовар мекарда бошад? Оё дини мубини ислом ҳидоятгари тозакориву ободкорӣ нест? Оё дини мубини ислом роҳнишондоди бомаърифатии мардумони покнажод нест?
Инсонҳое ҳастанд, ки дар зери ниқоби ислом корҳои зишти худро идома дода, ба ҷомеаи муосири миллати тоҷик зиштравии хешро раво мебинанд. Пеши корҳои даҳшатбори ин гуна афродро бояд гирифт, зеро ҳамагон миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва соҳибмаърифат мешиносанд.
Мо дар қарни 21 қарор дорем. Асре, ки илму техника тараққӣ кардааст, донишу маърифат пеш рафтааст ва имрўз мо бояд ҷомеаи муосири худро ба роҳи ростӣ ва соҳибмаърифатӣ пеш бурда бошем на бо роҳи ҷангу ҷидулу хусумат ва якдигарнофаҳмӣ! Дар замони муосир даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту меҳанпараст ягона бошад: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм.
Бояд ба худ бо суоле муроҷиат намуд: Оё онҳо фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири давлатҳои Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?
Барои миллати тоҷик ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркушӣ, ки дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ба миён омад (1992-1997) зарур нест. Ин низои дохилӣ, ки сабаби марги ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳ, фирорӣ шудани зиёда аз 1,5 миллион одамон, зарари молиявии зиёд, фалаҷ гардидани низоми давлатдорӣ гардид, бо баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрат омадани Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Дигарбора ба миён омадани ҷанг, мардумфиребӣ ва гўё дар роҳи ислом гумроҳ кардани инсон ба халқи тоҷик даркор нест. Миллати тоҷик дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар чангу хунрезиро намехохад. Миллати тоҷик маърифатгари ҳар давру замон буд, ҳаст ва мемонад!
Ўлмасова Замира –
дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,







