Дар ҳақиқат бамаврид қайд намудааст бузургмарде, ки:
Фарзанди нек боғи падар,
Фарзанди бад доғи падар.
Фарзанд беҳтарин нишонаву нахли умри инсон дар рӯи замин буда, фарзанди нек мисли боғи падар пур аз ҳосилу тароват ва фарзанди бад мисли доғ дар рӯи поки волидон аст.
Аз Луқмони Ҳаким мепурсанд, ки фарзанди бадро чигуна ташбеҳ медиҳӣ? Дар ҷавоб мегӯяд, ки: - Фарзанди бад мисли ангушти шашум аст, ки агар ӯро бурӣ даст дард мекунад ва агар дар даст боқӣ гузорӣ боиси шарм ва нафрати инсон аст.
Ба табори чунин нафарон фарзандони нохалафи миллат, Муҳиддин Кабирӣ ва аъзову павравони ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аъзову пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии гурӯҳи 24 ба ҳисоб мераванд, ки волидонашонро дар дами пирӣ хору зор намуда, дар назди хоҷагонашон умр ба сар бурда истодаанд.
Аз ҷумла террорист Муҳиддин Кабирӣ, ки пас аз ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистии эътироф гардидани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии кишвар ҳатто ба гуфтаҳои падараш гӯш наандохта, аз кишваре, ки дар он ба воя расидааст фирор карда, имрӯзҳо бар муқобили Ватан – Модар сангпартоӣ мекунад. Ҳатто борҳо падари Муҳиддин Кабирӣ тариқи расонаҳои иттилоотӣ ба фарзанди нохалафаш муроҷиат намуда, хостори ба Ватан баргаштани ӯ карда буд, аммо муроҷиаташ ҳамчун падар ба писараш нагузашт. Маҳз, чунин кирдору рафтори Муҳиддин Кабирӣ аз он боис гардид, ки падараш дар назди хешу ақрабо ва ҳамдеҳагон шармсор гардида дар дами пирӣ аз азоби фироқи фарзанди хоин ба бемории сактаи қаблӣ гирифтор гардида, ҷон ҷон холиқи ҷонофарин супорид. Муҳиддин Кабирӣ, ки дар ҷанозаи модараш тариқи онлайни иштирок карда буд ва ба иштирокдорони намози ҷаноза тариқи микрофони телефони мобилӣ изҳори хушнудӣ карда буд ва дар ин кор таҷрибаи кофӣ низ дорад дар ҷанозаи падараш низ тариқи онлайн иштирок кард. Ҳатто лоиқи ба ҳалқи падар рехтани як қатра об дар дами марг нагардида, аз дидори гарми падар маҳрум гардид.
Ба ҳамин монанд имрӯзҳо чандин тан аз хоинони миллат ба мисли Шарофиддин Гадоеву дигарон аз дидори гарми падар маҳрум гардида, ҳатто аз гӯшаи тобути падар набардоштаанд. Ин хоинон супориш ва дастури хоҷагони хеш ва маблағи муфтро аз дидори гарми волидайн боло гузошта, ҳатто аз онҳо рӯй гардонидаанд.
Мо ҷавонони худогоҳу хештаншинос аз вуҷуддошти чунин ҳаммиллатону ҳамватанон безорем ва намегузорем, ки дигарбора ин нохалафон ба сафҳои худ ҷавонони моро ҳамроҳ карда онҳоро барои оташ задани хонаи худ бо дастони худашон раҳнамоӣ кунанд. Мо на ба наҳзатиёни гумроҳ ва на ба дигар хоинону хоҷагонашон бовар дорем.
Мо худро хушбахт эҳсос мекунем, ки имрӯз зери сиёсати пешгирифтаи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободонии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузорем. Ваъда медиҳем, ки ҳамчун фарзандони хуби боғи Ватан – Тоҷикистони азиз ба камол расем ва ҳар ваҷаби хоки онро аз ҳамватанони беватан ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳимоя мекунем.
vv







