ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ХИЁНАТКОРӢ БА АМАЛИ МУҚАРРАРИИ ҲНИТ ТАБДИЛ ЁФТААСТ
2017-12-02

Бештари инсонҳо оид ба мусулмонӣ чунин андеша доранд, ки мусулмонӣ бо забон гуфтану бо қабл тасдиқ кардан аст. Дар ин маврид фармудае низ ҳаст, ки «Мусалмони комил он аст, ки дагарон аз забон ва дасти ӯ озоре набинанд». Аммо мутаассифона имрӯзҳо зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷомеа, ки аксаран ҳадафҳои нопоки худро таҳти ниқоби дини мубини ислом роҳандозӣ мекунанд ба назари аҳли олам динро ҳамчун василаи ихтилофангез муаррифӣ мекунад. Дур намеравем, мушоҳида мекунем фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломиро. Аксари аъзову пайравони он ришдорону гӯё мардуми аҳли тақво. Чун дар симои онҳо менигарӣ аз ришҳои дарозашону гуфторашон, ки саропо муноҷот бо Худост эҳсос мекуникӣ, ки ягон сӯфимашраб ва ё аҳли бузурги тақвоанд. Вақте аз амалҳои разилонаву манфураш огоҳ мешавӣ пай мебарц ки, ин ришдор мусалмон нест, балки душмани дин аст.

Чун сароғози ҳамаи нишастҳову нақшабандиҳои фаъолияти ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо лафзи ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон оғоз мешавад, аммо дар идома нақшаву ниятҳои нопок, ки дар қабли онҳо нуҳуфтааст тарҳрезӣ мегардад. Ё ин, ки ба сифати мисол, ҳангоми расман дар Тоҷикистон фаъолият намудани ҳизби наҳзат дар сурати мушкилӣ пеш омадан ба аъзову пайравони он эшон бо овози баланд такбир гуфта, дар даст сангу дигар олот ба ҳамлаҳо нисбати дигар бародарони мусалмон мепардохтанд. Аз ҷумла, вазъи иштироки наҳзатиёни гумроҳ зери сарпарастии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифи Тоҷикистон дар ҷанги шаҳрвандӣ ва истифодаи номи Худову Расул дар вақти қатлу хунрезӣ ва бедодгарӣ шаҳодат аз истифодаи номи Худо дар забон ва бо қабл иҷро кардани амалҳои шайтонӣ буд.

Имрӯзҳо низ наҳзатиёни гумроҳ пас аз ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардидани ҳизби наҳзати ислом боз ҳам даст ба амалҳои нангин зада, барои ба ҳадаф расидан ва иҷрои нақшаву ниятҳои нопоки худ ва шайтонгариҳо аз номи дин сӯйистифода намуда истодаанд. Инро бояд ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос дарк намуда, дар амри мубориза бо чунин разилони бадандеши шайтонсифат саҳмгузорӣ намояд.

Амалҳои аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии террорист Кабирӣ дар амри иҷрои амалҳои хиёнаткорона, ки аллакац ба амали муқаррарии онҳо мубаддал гардидааст, ки инро хурду бузурги кишвар ба хубӣ мушоҳида ва дарк намудааст. Ин ҷо мо оид ба таърихи пайдоиш ва дар замони Шӯравӣ зери пуштибонии кадом хоҷагон пинҳониву ошкоро фаъолият намудани ин ташкилоти террористӣ истода намегузарем, зеро аллакац ба ҳамагон маълум. Аммо бояд боиқрор зикр намоем, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як ҳизби ихтилофангез, бозичаи дасти хоҷагон ва ба истилоҳи техникӣ ба як робот ё автомате, ки амалиёти муқаррарии ба ҳаракати инсон монандро иҷро мекунад мубаддал ёфтааст. Шояд дар ин ҷо суоле пайдо шавад, ки чаро ҳизб ба мисли робот табдил ёфтааст, на ин ё он нафар аъзо ва ё пайрави он. Дилхоҳ аъзои ин ташкилоти террористиро фаъолияташро таҳлил намоед, яъне он нафароне, ки бо хоҳиши худ ба ин ташкилот ҳамроҳ шудаанд ва дар ҷаласаҳояш фаъолона иштирок мекарданд. Масалан раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Хусниддин бинобар аъзогӣ дар ташкилоти террористии бародараш Давлатов Аловуддин соли 2011 ва мусоидат ба омодсозии маводҳои тарканда, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Ш.Е. бинобар шомил шудан ба иттиҳоди муташаккили ҷиноӣ соли 2012, роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ бинобар ҳуҷуми мусаллаҳона ба муқобили намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 2012, аъзои фаъоли ҳизб Шариповҳо аз шаҳри Исфара ва садҳои дигар нафарон даст ба малҳои нангини ҷиноӣ зада, хилофи фармудаҳои дини мубини ислом амал карда, дар кишвар барои вайронии вазъи ороми ҷомеа, халалдорсозии сулҳу оромӣ ва ба рехтани хуни ноҳақ даст доштанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар паси ҳамаи ин ҷиноятҳо роботи асосӣ террорист Кабирӣ меистод ва ба ҳамҳизбиёнаш роҳу усулҳои онро нишон медод. Яъне мақсади ниҳоии онҳо аз шомилшавӣ ба ин ё он ташкилоти террористӣ буд, ки онҳо ба ин ташкилотҳо ҳамроҳ шуда, дар маҷмӯъ бар муқобили арзишҳои милливу давлатӣ ва халалдорсозии вазъи ҷомеа мубориза мебаранд, зеро мақсади ниҳоии ҳамаи ин ташкилотҳо ягона аст. Ба ғайр аз ин, вазифаи асосии худи террорист Кабирӣ ва дигар аъзои раёсати олии ин ҳизби ихтилофангез дар рӯзномаи ҳизбии «Наҷот» ва дигар сомо-наву шабакаҳо паҳн кардани ақидаву андешаҳои иғвогарона ва барангезандаи кинаву адоватро нашр намуда, мардумро ба сӯи бесуботӣ даъват менамуданд, ки дар пушти ин амалҳои онҳо низ хоҷагонашон меистоданд.

Бинобар аз ҳадди меъёрҳои оинномавии ҳизб ва қонунҳои амалкунандаи кишвар баромадани аъзо ва пайравони ҳизби наҳзат солҳои 2014 ва 2015 чандин маротиба аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани далелу рақамҳои исботкунандаи вазъи қонунвайронкуниҳои наҳзат ба раёсати олии он огоҳнома дода шудааст ва ба ин огоҳномаҳо Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ҳизб ҳатто таваҷҷӯҳе ҳам зоҳир накарда, ба амалҳои разилонаи хеш идома бахшидааст. Кабирӣ бехабар аз оне, ки «Худованд донову биност ва ҳарчӣ шумо аз чашми бандагонаш пинҳон анҷом медиҳед Худованд бар он огоҳ аст» амал намуда, мунтазам аз минбарҳои баланд оид ба афзудани сафи аъзоёнаш ва ҳадафҳои нопокаш ибрози назар мекард. Албатта аъзоёни ин ташкилотро шартан ба чор гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: якум гурӯҳе, ки онҳо бо иродаву хоҳиши худ ин ҳизбро ҳамчун ҳизби ҳимоятгари ислом пиндошта ба сафҳои он бехабар аз мақсадҳову нақшаҳои нопокаш аъзо гардидаанд; дуввум гурӯҳе, ки онҳоро гумроҳона бо суханбозона ва бо истифода сураву ҳадисҳо фаъолони ин ҳизб зимни баргузории ҷаласаҳояш аъзо кардаанд; сеюм гурӯҳе, ки онҳоро ҳуҷҷатҳояшонро ин ё он аъзои ҳизб бо роҳҳои гуногун нусхабардорӣ намуда, онҳоро ба ҳизб аъзо кардаанд ва аз аъзогии хеш дар ин ҳизб хабар надоранд; чорум, он нафарон ва бахусус ҷавононеанд, ки тариқи интернетӣ аз давлатҳои хориҷ ба ин ҳизб аъзо шуда, на оинномаву мақсаду маромашро медонанд.

Чун муроди матлаби мо ошкорсозии симои разилонаи ин ташкилоти террористист бояд зикр намоем, ки Кабирӣ ҳамчун дастпарварди хоҷагони хориҷӣ, ки аллакац ҳангоми шогирдиаш ба иҷрои корҳои зишт одат карда буд, дар кишвар ба амалҳои разилонаву манфур даст зад ва ҳоло ҳам ба чунин амалҳо даст зада истодааст. Аз чунин шеваи корбурди ӯ дилхоҳ инсон пац мебарад, ки хоинӣ ба амали муқаррарии Кабирӣ табдил ёфта, дар оянда низ ӯ ба иҷрои ин амалҳояш мепардозад, зеро дар урфият мегӯянд, ки «тарки одат амри маҳол».

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:279 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар