Оид ба филми мустанад оид ба ҷанги ҳамватанӣ дар Тоҷикистон
Баъд аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеи чашмгире ба даст овард. Ин марҳалаи нав дар шинохти кишвар ва нуфузу эътибори комили он дар миёни ҷомеаҳои бузурги ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Табиист, ки расидан ба падидаи неки истиқлол фурсати бештар тақозо мекард. Шак нест, ки тоҷикон беш аз ҳазор сол хоҳони ин ормон буданд ва дар ин роҳ кўшиши хастанопазир ба харҷ доданд. Ин ният дар охири садаи бистум дар лаҳзаи хеле ҳассос рух дод. Тоҷикистон истиқлол ба даст овард, аммо, мутаассифона, аз оғоз гирудори ҷанги ҳамватанӣ, кашмакаши шаҳрвандӣ, низоъи хонагӣ ба фазои кишвар чангу ғубор овард. Тоҷикистони таърихӣ, нозанин ва ҳамешасабз рўзгори махуф, нохуш ва андўҳбореро аз сар гузаронид. Вартаи ҳалокатовару фоҷиабор фазои ҷомеаро фаро гирифта, мардум аз бесарусомонии сиёсиву иҷтимоӣ ба танг ва ба дард омадаанд. Гирудори тоҷикон паёмади сахт ошўбанда ва табоҳкунанда дошт. Ҳама ҷо ва ҳама касро эҳсоси нохуш ва номатлубе фаро гирифт.
Ба назари ман ин ҷо ба як нуктаи хеле ҷиддӣ ва такондиҳанда диққат бояд дод: Бархе таҳлилгарони хориҷӣ ва коршиносони берунии ҳаводиси сиёсии Тоҷикистон ҳамон вақт аз ояндаи ҷумҳурии мо изҳори нигаронӣ карда, ба муайян кардани сабабҳои аслии барангезиши кашмакаши ҳамватании Тоҷикистон кўшида буданд. Аз ҷумла, ҳолати Тоҷикистон дар яке аз маҷаллаҳои хориҷии онрўз чунин барҳақ ба қалам омадааст: «Дар оташи фитнае, ки нодонҳои худӣ бо ҳамдастии бегонагони бадхоҳ дар Тоҷикистон афрўхтанд, танҳо гудохта шуданд, ҷонҳо гудохта шуданд, хунҳо гудохта шуданд…» (маҷаллаи «Ошно», шумораи сиву дувум, соли шашум, озар ва даймоҳи 1375, с. 13).
Ин суханони коршиносони хориҷии Тоҷикистон дар соли 1997 изҳор шудааст, ки аз он рўзгор 20 сол сипарӣ гардид. Фикр мекунам, филми нави мустанаде, ки аз ҷониби таҳлилгарони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарпарастон ва ташаннуҷдиҳандагони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар таҳия ва пахш шуд, дурустии ин нуктаро комилан ва бори дигар ба исбот расонид. Дар ин филм як нуктаи муҳим бамаврид таъкид шудааст, ки «ҷанги шаҳравандии дохилии кишвари мо барои манфиатҳои дохиливу берунӣ майдони амалисозии ғаразҳои ҷинояткорона ба ҳисоб мерафт» ва дар ин раванди пурхатари миллаткуш ватандорони асилу дилбастаи миллат вобаста ба шароити мавҷуд талош карданд, ки оташи ҷанги бунёдсўзи миллат хомўш шавад.
Воқеан, тарроҳи аслии ҷанги ҳамватании Тоҷикистон «бегонагони бадхоҳ» буданд, ки тарҳу равиши ба худ муносибе дар роҳи тахрибкории Тоҷикистон, ангезиши нафрату адовати тарафҳо, ба муноқиша овардани гурўҳҳои даргири муқобил эҷод карда, ҳадафмандона ва муғризона майл ва диққати фарзандони тоҷикро ба сўи худ кашиданӣ шуданд ва дар ин амр ба иддае аз мақсадҳои ношоистаашон расиданд. Дар чунин ҳол дар ҳақиқат сатҳи пасти ватанпарастӣ, дарки рўҳиёти миллӣ ва ё ҳадафҳои дигари томравои ҳукуматхоҳӣ ва хоҳиши сарватманд шудан барои иддае аз фарзандони нохалаф имкон надод, ки ба аслу нияти муғризонаву нопоки бегонагон пай баранд. Аз ин рў, онҳо аз вайронкорӣ дар байни миллат ва халқ, аз даст надоштан ба рехтани хуни ноҳақ рўй натофтанд. Адами дарки ҳақиқии моҳияти Ватан ва ватанпарастии комили аҷдодӣ, аз ҳама муҳим, расидан ба манфиати фаровони моддӣ ва хоҳиши фурў рафтан ба фоидаи ҳангуфт ба ин тоифаи фарзандони ватангурез имкон надод, ки дар сари ҳаёту мамоти миллат ва муаммои кишвар хуб ба андеша раванд, донишу кўшиш ба харҷ диҳанд, дар ин шароити ҳассос пайваста бо кишвари худ монанд, дасти мадад ба кишвар дароз кунанд, ҳамдигарро фаҳманд, якдигарро накушанд, обрўи худро дар хориҷ ва дохил нарезанд, дар маҷмўъ, барои ба ҳолати табоҳ овардани кишвари азизи худ роҳ надиҳанд. Воқеан, ба забон овардани ин ҳақиқати талх хеле душвор аст, аммо бояд ба ҳузури ҳақиқат ҳам эътимод кунем, ки дар пешонии мардуми тоҷик чунин рўзи сиёҳ ва бахти бад бо чунин рангҳои ногувор сабт шуда будааст, ки намунаашро дар филм мебинем. Афсўс, дар чунин ҳолат дасти фарзандони худӣ бо дасти бегонагон як шудааст:
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.
***
Душмани хонагӣ аз хасми бурунӣ бадтар,
Бештар шикваи Юсуф зи бародар бошад.
Дар филми пурдалели мустанади мазкур бисёр рухдодҳои ҳузнангези замони ҷанги шаҳрвандӣ, пиёдасозии амали нангини «душмани хонагӣ» дар амри амалӣ шудани майлу нияти ғосибонаи «хасми бурунӣ», дар маҷмўъ, зуҳуроти ҳангуфти сиёҳ бо ранги сафед ва равшан таҷассум ёфтаанд. Ҳадафи филмсозон боз намудани чашми насли имрўз ба асли моҳияти ҳаводиси фоҷиавии миллат аст, то аз он рухдоди сиёҳ ба андеша раванд. Ин филм дарси сабақест барои имрўзиён, ки минбаъд набояд ба ҳар тараф, ба ҳар гурўҳ рўи хуш ва дасти ниёз оранд, бо Тоҷикистон бошанд, бо андешаи Тоҷикистон ва тоҷикон монанд, дар роҳи расидан ба манофеи миллӣ аз сарчашмаҳои файзбори худӣ об нўшанд, аз ҳавои худӣ нафаси хуш кашанд. Филми мазкур яке аз манбаъҳои муҳими дарки моҳияти муноқишаҳои қавмии тоҷикон дар охири садаи бист ва ибтидои садаи бисту як ба шумор меравад. Ин филм ба иддаи зиёди муаммову мушкили сиёсиву иҷтимоӣ ва рўҳиву равонии кишвари мо дар солҳои хавфноки муноқишаҳои қавмӣ равшанӣ меандозад.
Дар маркази диққати филми мазкур замоне таҷассум ёфтааст, ки дар перомуни он ҳазорҳо мардуми тоҷик қатл, хонабардўш, овора ва бечора шуданд. Гузашта аз ин, куштори рўҳиву ҷисмии шахсиятҳои бузургу тавонои миллат – сиёсатмадорон, олимон, адибон, рўзноманигорон рахнае азим ва фоҷиае муассир дар раванди сулҳу осоиши Тоҷикистон муаррифӣ шудааст. Ин тоифаи равшангари роҳи фардои дурахшони миллат бо дастони худ ва ҳамдастии бегона, бо супориши муғризонаи нерўҳои беруна ба нестӣ расидаанд. Фикр мекунам, ки дар асл аз байн бурдани нерўҳои пешбари миллат, амсоли Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҷоҷ Ғуломов, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзод, Отахон Латифӣ, Ҷумъахон Ҳотамӣ, аз аҳли сиёсат ва ҳуқуқ Сафаралӣ Кенҷаев, Каримҷон Юлдошев, Ҳабиб Сангинов, Собирҷон Бегиҷонов, Нурулло Хайруллоев, ходими маъруфи дин Фатҳулло Шарипов нишонаи разолат ва ваҳшигарии қавмӣ аст, ки набояд дар ҷомеаи маънавиятсиришт ва фарҳангпарвар рух медод. Фикр кунед: дар асл миллат аз чунин рухдод то дер набояд ба ҳуш ояд! Чун бештари ин шахсиятҳо ҳуши зиндаи миллат, чароғбони ҳастии маънавии миллат ба шумор мерафтанд. Миллате, ки ин гуна ашхосро мекушад, маҳкум ба завол аст. Мутаассифона, мо ин корро кардем ва ин «таҷриба»-ро пай гирифтем. Ин амри махуф сабаб гардид, ки генофонди миллӣ ва мағзҳои фарҳангӣ аз ночории айёми кулфатзо рў ба паҳну парешонӣ оварданд ва нерўҳои ақливу илмӣ ба ҷудоии ҳам афтоданд, пойтахти кишварро тарк карданд, мавҷи фавҷи муҳоҷирати дохиливу хориҷии аҳли донишу хирад афзуд. Аз ваҷҳи авзои нобасомон онон ҷуз рўй овардан ба ин амр дигар чора надоштанд. Мутаассифона, дар ин ҳолати барои миллат вазнин, бо истифода аз кундии худӣ ва тундии берунагон таҳлилгарони хориҷӣ бардоштҳои дилрешкунанда дар хориҷ паҳну пахш карданд, ки ба воқеияти умдаи кишвар ва «асл»-у «ният»-и онрўзаи мо ишора мекунад. Ин маврид аз як мақолаи маҷаллаи «Мутолиоти Осиёи Марказӣ ва Қафқоз» таҳти унвони «Бори дигар дар Тоҷикистон: Таъсирҳои зеҳнӣ ва вазъи кунунии забони тоҷикӣ» иқтибосе меоварам, ки хонанда онро бо ҳазор афсўсу надомат мехонад, ба ҳоли зору низори онвақтаи Тоҷикистон таассуф мехўрад: «…Ҳазор афсўс, ки тоҷикон… ба ҷои он ки даст ба дасти ҳам диҳанд…, оташи ҷанги дохилӣ барафрўхтанд ва хуни Тоҷикистонро чандон ба замин рехтанд, ки заифтар аз ҳангоме шуд, ки мустақил набуд» (Соли чаҳорум, давраи дувум, шумораи 11, соли 1374 / 1996, с. 150).
Ин нукта бешубҳа баёнгари ҳаводиси мудҳишу партаҳлука аст, ки ба сари кишвари мо омад, аҳли миллатро ба вартаи ташвишу нигаронӣ афканд. Хушбахтона, мо имрўз дар ҳоли осоиш қарор дорем ва он рўзи нобасомонро пушти сар партофтем. Имрўз мо, хушбахтона, ба башараи манфур ва адоватовари силоҳбадастони солҳои 90-уми асри гузашта рў ба рў нестем, чунон ки дидани чунин шаклу башараҳои дилғашкунанда дар оинаи филми мазкур ҳам рўҳияи ҳар бинандаро хиҷил мегардонад. Талошҳои Пешвои миллат дар самти дарёфти зиндагии хуш ва осоишта, азму суботи амнияти миллӣ ва давлатии мо дар роҳи ба ҳуш овардани мардум ва насли имрўз аз асли ҳаводиси фоҷиабори миллат дар сатҳи хеле назаррас қарор дорад. Фикр мекунам, зуҳуроти нерўҳои ҷанговаре амсоли Назарзода Ҳалим ва пайкорҳои тахрибкори ў ҳамеша моро ба ҳушдорӣ ва ҳушёрӣ меорад, то дар оянда ҷилави чунин пайкорҳо боз ҳам бештар гирифта шавад.
Дар фурсати беш аз бист сол албатта дар мавриди ангезиши ҷанги шаҳрвандӣ, сабабҳо ва омилҳои рўи кор омадани он кўшишҳое хуб ва босамар анҷом ёфтаанд, дар ин замина асари зиёде таълиф ва барномаву филмҳои арзишманде ба миён омаданд, ки ҳар кадом ба ҷиҳате рўҳия ва моҳияти рўйдодҳои он солҳоро ифода мекунанд. Дар филми мустанади имрўза ба як факти муҳим –даст ва саҳми Эрон дар ташаннуҷ бахшидани вазъи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ишора шудааст. Мундариҷаи аслии кори тахрибкорони ҳаёти осоиштаи кишвар аз амалҳои таркиш, ҳамла ба нақлиёти низомӣ, ҳуҷум ба дидбонгоҳҳои ҳарбию низомӣ, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери диверсионӣ, куштори кормандони ҳарбӣ ва низомӣ, ходимони барҷастаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва ғайра иборат аст ва дар филм дар асоси далелу санади фаровон кўшиш ба харҷ рафтааст, ки нақши ҳарчи бештари номатлуби ҲНИТ ва Назарзода Ҳалим, ҳамчунин дастгириву пуштибонони моддии хориҷии онон хеле равшан ба намоиш ояд. Филми мазкур дар ин замина маводи хос ва муҳимеро ба ихтиёри насли имрўз фароҳам оварда, онҳоро аз решаҳои вуқўи ҳаводиси сиёсии Тоҷикистон огоҳ месозад, то чашми мо ба оянда боз бошад. Дар ин тарҳ бо сабабгорони аслии ҳодиса ошно мешавем. Аз перомуни филм симои ҳақиқии фарзандони шум ва саркардаи ҷанги қавмии тоҷик дар тарҳи диверсантҳои хориҷӣ равшану аниқ мешавад: Аз ҷумла, яке аз нафарони меҳварӣ Абдуқодир Абдуллоев – роҳбари гурўҳи ҷиноятпешагони муташаккил дар амри афтондани қомати Тоҷикистон ва сиёҳ кардани чеҳраи кишвар мебошад, ки аз раванди сўҳбаташ шахси таҳсилдида ва таълимгирифта буданаш ошкор аст. Ў ба назар нафари хеле доно ва огоҳ аз таъриху фарҳанги миллӣ менамояд, бо забони нисбатан равону фасеҳ сухан мегўяд, мақоми зиёиён ва равшаншгаронро дар таърих хеле хуб медонад, дарк мекунад, аммо, мутаассифона, донишу тавонишаш сарфи иҷрои мақсаду нияти хоҷагони хориҷӣ шудааст. Ў дар ин филм борҳо изҳор дошт, ки тибқи нақшаи хоҷагони хориҷӣ ва супориши роҳбарони дохилӣ дар сафи аввали вайронкорӣ, куштор ва ҷиноятҳои муташаккил қарор гирифтааст. Яке аз мақсадҳои муҳиму усулии ин ҷинояткорон аз инфиҷори дивизияи 201-уми Русия ва куштани 22 нафар корманд ва афсари он танг кардани ҷойгоҳи ин ниҳоди қудратии низомии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, «ба вуҷуд овардани низоъ ва нобоварӣ», «номўътадил кардани сатҳи муносибатҳои сиёсии роҳбарони Тоҷикистону Русия» ва, мутаносибан, афзудани нерўи дохилӣ барои таъсиси давлати исломӣ дар қаламрави тоҷикон будааст. Аз ин раҳгузар нуктаи муҳиме, ки ба сифати мақсади асосии сиёсати давлати Эрон дар робита бо Тоҷикистон дар ин филм равишмандона таъкид шудааст, кўшиши аз байн бурдани дивизияи босалоҳияти рус дар он рўзгор, мустақар ва устувор намудани армияи эронӣ бо ҳадафи пойдор сохтани давлати комилан нави исломӣ дар қаламрави имрўзи тоҷикон ба шумор мерафтааст.
Дигар аз тахрибкори фазои кишвари мо Тағоймурод Ашрапов – нафаре даркорӣ ва усулгаро барои хориҷиён аст. Ў ҳушдор медиҳад, ки аз соли 1995 ба таълими диверсионӣ ҷалб шуда, аз соли 1997 амалан ба сарнагун кардан ва аз байн бурдани қишри умдаи равшанфикрон, уламо, донишмандон, адибон ва рўзноманигорон камари ҳиммат баста ва ин амрро аз ҳадафҳои меҳварӣ дар роҳи устувор шудан миёни мақомоти мухолифин ба шумор меовард. Ў ба ин васила ҳамкории густурдаашро бо роҳбаронаш – ашхоси вайроновар ва зараррасони кишвар собит мекунад. Ин паёмади нангин то чӣ андоза рўҳиёти нопоку ноустувори ин гуна тўдаи разолатро равшан собит мекунад. Ба ин маънӣ, дар ин филми мустанад фаъолияти хатарноки нафарони миллаткуш, амали итоаткори онон ба хоҷагони хориҷиву дохилиашон бо асноди фаровон таҷассум ёфта, ки бо рафтори ношоями ҷинояткорӣ номашонро бо ранги сиёҳ ба таърихи навини Тоҷикистон сабт кардаанд. Саймуҳриддин Қудратов низ аз нафарони хуб обутобёфта дар мактаби диверсантони хориҷӣ аст, ки дар қатли оми ашхоси хос кудуррат ва дасти пурқудрате доштааст.
Кори меҳварии инҳо «шикори» аҳли зиё ва сиёсатмадорон, куштори шахсиятҳое аст, ки нуфузи ҳарчи бештареро дар ҷомеа соҳиб буданд ва мо онҳоро дар боло ном гирифтем. Онҳо бо қатли сиёсатмадори номвар ва ҳуқуқшиноси шўҳратманд, публитсисти шўълавар Сафаралӣ Кенҷаев хостаанд, ки нафрату адовати мардумро ба ҳукумати феълии Тоҷикистон бештар ва бедор намоянд ва дар вусъати ин андешаи мардум, ки гўё «Сафаралӣ Кенҷаев қурбони рақобати сиёсӣ шуд ва фаъолияти сиёсии ў ба ҳукумати вақт халал мерасонид», «саҳм» гузоранд. Аммо воқеияти аслии сиёсати Тоҷикистон ва ошкор шудани уқдаи рўйдодҳои сиёсии он ҳақиқати раднопазири марги ин сиёсатмадорро собит сохт.
Ташаннуҷдиҳандагону иҷрокунандагони фоҷиаҳои гўшношуниди Тоҷикистон ниҳоят ба ин нуктаи заъфи худ пай бурдаанд, ки дар ин раҳ гумроҳ шуда ва аз моҳияти он хиёнатҳо ва саҳнасозиҳои сиёсии хориҷиён дар роҳи афтондани Тоҷикистон огоҳ набудаанд, аз ин рў, имрўз акнун ба вуҷуди ҲНИТ ҳамчун ниҳоди аслии террористӣ, ба ҷойгоҳи ҳастии Назарзода Ҳалим ва Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун шахсиятҳои ҷиноятпеша ва динфурўш бовар пайдо карданд ва акнун, ҳарчанд дер шудааст, аз насли имрўз, ҷавонони ҳушманди миллат хоҳонанд, ки пайгири ин гуна роҳу равиши диверсантӣ, ифротравӣ ва ифротандешӣ нашаванд. Аслан аз пушаймонӣ чӣ суд, ки ин гумроҳӣ ва нодонӣ як муддат ба сари миллат оби сард рехт, мо зомини хуни сарсупурдагону пешравони илму фарҳанг ва сиёсати кишвари Тоҷикистон шудем… Дар ҳар сурат, пушаймонии як насли хирадгурези тоҷик барои мо, насли имрўз сабақи ҷиддӣ бояд бошад, то дар оянда дигар барои ба чунин ҳолати табоҳ ва вартаи ҳалокатбор рў ба рў нашудани Тоҷикистон ва тоҷикон роҳ надиҳем. Виҷдон ва номуси миллӣ барои мо аз ҳар чизи дигар бартар аст.
Субҳонҷон Аъзамов (Субҳони Аъзамзод) –
мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои филологӣ
vv







