ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
НОМАИ КУШОД БА САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУҶАТТУЛЛОҲ ФАҒОНӢ
2017-12-04

“Пешгуфтор: Ҳамагон медонанд, ки имрўзхо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурхонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумхурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш  борони тухмату бухтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷўёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел норохат намудааст, ки  ў  бо интихоби  лақаби «Истаравшанӣ»  ба номи шахри бостонии мо иснод меорад.  Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон  мо  — як гурўх сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумхурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда,  асли ин шахсро барояшон  тавзех дихем.

Баъди иншои нома  гурўхи мазкур банда — Юлдошев Илхом Эргашевичро муваззаф намуд, ки онро ба ҷаноби сафир расонам. Онхо бароям рохпулӣ ҷамъ намуда, мусофирбареро киро карданд ва  ман рўзи чоршанбе, 17-уми октябри соли 2017  озими шахри Душанбе гаштам. Ду ағбаю ду нақбро гузашта ба пойтахт расидам. Ба хастагӣ нигох накарда,  соати 14.00  ба Сафоратхонаи Ҷумхурии Исломии Эрон рафтам ва аз шахсони масъул хохиш кардам, ки ба ҷаноби сафир хохиши маро расонанд. Баъди чанд дақиқа як корманди эронии Сафорат баромада шахсияти ман, чӣ кора буданам ва мақсади вохўриамро бо сафир пурсид. Худро муаррифӣ намудам ва гуфтам, ки аз номи гурўхи сокинони шахри Истаравшан ба   ҷаноби сафир    номае дорам, ки тибқи хохиши аксарият  онро бояд  шахсан ба номбурда расонам. Корманди Сафорат изхор дошт, ки «Ҷаноби сафир масруф хастанд ва Шумо    бо рақами 4888810 дар тамос шавед, бароятон  мерасонанд, ки эшон Шуморо кай мепазиранд»… 

Ба ин рақам занг задам, аммо натавонистам бо касе пайваст шавам. Маҷбур шудам   боз ба Сафорат равам. Боз хамон нафар  маро қабул кард ва гуфт, ки «рақами телефон иштибох шудааст ва дар асл ин рақам 48888610 мебошад. Ҷаноби сафир холо нестанд, давоми рўз занг занед, натиҷаашро ба Шумо хоханд гуфт». Рўзи дигар занг задам, нафаре аз кормандони эронии Сафорат гўширо гирифт ва чун мақсадамро изхор кардам, посух дод, ки «Ҷаноби сафир  хеҷ касро ба хузур намепазиранд. Ман бошам, вақт надорам. Холо як корманди тоҷики Сафоратамонро даъват мекунам,  то арзи Шуморо бишунавад»…

Чун дидам муроде хосил намешавад, хайрону музтар  мусофиркашеро кироя намудам, ду ағбаю ду нақбро гузашта, хастаю бемадор  ба шахри Истаравшан баргаштам.

Дар рох як фикр хеҷ оромам намегузошт, ки «чаро сафири  кишвари бузург, танхо дар Душанбе фахмидам номаш оғои Фағонӣ будааст, як омўзгори одиро, ки бо хохиши гурўхи шахрвандон наздаш омадааст, қабул намекунад, вохўриро бо ў ор медонад, вале дар мамлакаташ  Кўри Юнусро, ки давлати хамдину хамзабонашонро пайваста сиёх мекунад,  дар сатхи болотарин  пазируфта, шароити кору зиндагиашро дар қаламрави кишвар фарохам месозанд. Ин чӣ муаммост?» 

Чун ба шахри Истаравшан расидам, ба сокинон вазъро фахмонидам ва тасмим гирифтем, ки номаро дар расонахо нашр кунем. Шояд ҷаноби сафир вақт пайдо намуда онро мутолиа мекунад. Боқӣ қазоват аз онхост”.

БА САФИРИ ҶУМХУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХУҶҶАТУЛЛОҲ ФАҒОНӢ

Мухтарам ҷаноби сафир!

Аввалан, мо — муаллифони нома салому паёми худро аз номи сокинони шахри Истаравшан, ки баёнгари андеша ва раъйи онон мебошем, ба Шумо ва дар симоятон ба тамоми мардуми Ҷумхурии Исломии Эрон арза медорем.

Истаравшаниёнро бо мардуми Эрон таърих ва фарханги муштарак ба хам мепайвандад. Ин муштаракот водор месозад, ки хомўшӣ ихтиёр накунем ва бо ин нома рў ба Шумо орем. Намедонем то кадом андоза мурољиати мо боиси пазироиятон қарор мегирад, вале навиштани ин нома ва бад-ин васила шикастани оромии бадтар аз марг, ки тўли солхои зиёд давом дорад, қарзи шахрвандӣ ва номуси ватандории мост.

Ҷаноби сафир! Шумо ва хар фарди рўшанзамири Ҷумхурии Исломии Эрон таърихи шахри бостонии Истаравшанро хуб медонед. Он яке аз қадимтарин шахрхои Осиёи Марказӣ ва дуввумин шахри азими вилояти Суғд аст, ки таърихи зиёда аз 2500-сола дорад. Шояд шумо инро хам хуб медонед, ки асосгузор ва меъмори ин бостонзамин Куруши Кабир буда, шахр бо номхои Курушкадаву Киропол (асрхои 529—559 пеш аз милод) шухрат ва махбубияте миёни мардуми Тоҷикистон ва хориҷӣ он дорад. Махз ин шахр ва мардуми шуљоъю механпарасташ ба хуҶумхои пайдархами Искандари Мақдунӣ муқобилиияти шадид нишон доданд. Ин сарлашкар дар ин сарзамин маҷрўхгардид ва танхо бо макру хила, мухосираи дурудароз ва баъди овардани нерўхои иловагӣ вориди Киропол гашта буд.

Шояд инро хам хуб медонед, ки мардуми баномус ва далери Истаравшан дахсолахо алайхи арабу муғул мубориза бурдаанд. Шумо шояд ёдномахои фармондехони русро дар мавриди хаштод рўзи пайкори мардуми далери Истаравшан алайхи лашкари Русияи подшохӣ ( аз 2 октябри соли 1866), мутолиа карда бошед. Пайкор дар рохи покии дину оин ва номи неки ватан, пос доштани рўхи аҷдоди мубориз хамеша шиори истаравшиниён буд, хаст ва мемонад.

Истаравшан (Киропол, Курушкада, Уструшана, Ўротеппа) ватани бузургони илму адаб чун Шиблӣ, Шахдӣ, Зуфархон Ҷавхарӣ, академикхо Ахрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Улмас Мирсаидов, Пўлод Бобољонов, Хуршеда Отахонова ва қахрамонони арсаи кору пайкор Набӣ Акрамов, Камол Охунов, Сабохат Ҷамолова ва садхои дигар аст, ки на танхо боиси фахри хамдиёрон, инчунин кишвару хориҷи онанд.

Ҷаноби сафир! Гумон мекунем шумо хадафи моро аз ин муқаддима дарк кардед. Мо мехохем, ки хокамон, ватанамон чун забонамон, ки орӣ аз тасаллути олоишхост, пок аз онхое бошад, ки мехоханд бар домони мардуми диёрашон доғ гузоранд. Инро мехохем тавассути Шумо ба онхое, ки лофи хамзабонию хамдиниву хамфархангӣ зада, чун воизон дар минбар якею паси парда харфхои дигар мегўянд, бирасонем.

Акнун ба сари мақсад меоем. Сухан дар бораи Сайидюнус Бурхонов ном шахсе меравад, ки дар Ҷумхурии Исломии Эрон панох бурдааст ва бо истифода аз тахаллуси Истаравшанӣ мардуми моро бадном месозад. Мо ба ақидаи ў, роху равиши ў, хадафхои нопоки ў кор надорем. Вале намехохем ва нахохем гузошт, ки бадгухаре бо бори накбати худу аҷдод номи поки Истаравшан — сарзамини мардуми механпарасту покизаимонро доғдор созад. Мо намехохем нохалафу луъбатаки дасти дигаронро кишвари хамдину хамзабоне чун Эрон намояндаи миллати мо, шахри мо донад ва истифода аз ў кунад.

Истаравшаниён имрўзу дирўзи Сайидюнус Бурхоновро хуб медонанд ва мехоханд, ки Шумо ва мардуми Ҷумхурии Исломии Эрон низ онро донанд.

Бобои Сайидюнус — Бурхон дар замони қахтию гуруснагӣ, ки мардум нони хўрдан надошт, вазифаи мудири анборро бар дўш дошт. Ба иқтизои нафси бад гандум медуздад ва ба хотири рўпўш кардани афъоли ноҷо анборро оташ мезанад. Барои ин амал ўро хабс ва дах сол ба Сибир бадарға месозанд.

Мева аз дарахт дур намеафтад. Падари Сайидюнус Аббос низ миёни мардуми Истаравшан бо аспдуздӣ «шухрат» дорад. Ў аспхоро дар ТоҶикистон дуздида, дар кишвари хамсоя мефурўхт. Агар дар Истаравшан пурсед, ки падари Сайидюнусе, ки мехохад номи Истаравшанро доғдор кунад, кист, бо як овоз мегўянд: “Аббоси аспдузд”. «Писар чӣ гуна, падар намуна» мегўяд мақоли мардум.

Сайидюнус, ки аз камсаводӣ натавонист тахсилро дар омўзишгохи касбӣ идома дихад (аз ин даргох ронда мешавад), рохи осонро интихоб менамояд ва аз «баракат»-и замона мулло мешавад. Ў бо фиреб духтари устодаш мулло Маъруфро ба занӣ мегирад ва хамсарашро ба тўдаи тундгароёни салафӣ ҷалб месозад. Ин зани соддаи фиребхўрда дар хамсоякишвари Тоҷикистон ба махбас афтода, дар ғурбат, дур аз фарзандон ғамбемор дар зиндон ҷон медихад. То хол хешу табори ин зани ба доми фиреб афтода дар Ҷустуҷўи Сайидюнус Бурхонов хастанд, ки дар диёри мо бо номи “Кўри Юнус” хам маъруф аст.

Фитнахои ин «дўст»-и кишвари Шумо бо ин анҷом намеёбад. Ў бо фиреб Сангова Сумаяи 17-сола, сокини Истаравшанро барои тахсил ба Қуми Эрон мебарад. Ханўз замони дар зиндон будани зани аввалаш ин духтари дар мусофират танхою рахгумзадаро бо ваъдаи хонаи ободу зиндагии хуш ба никохи худ медарорад. Як сол бо ў зиндагӣ карда, сохиби духтар мешавад. Муддате пас Сайидюнус аз Сумая хам ҷудо мешавад. Холо ин зан бо кўдакаш бесохибу хайрон ва сарсону саргардон аст.

Сайидюнуси мулломаоб хангоми дар Тоҷикистон будан ба тиҷорати маводи мухаддир машғул шуда, бо хазор найранг хешу таборашро хам ба ин кор сафарбар намуд. Ба хотири пулу сарват бародараш Бурхонов Юсуф Аббосовичро ба қочоқи маводи мухаддир ҷалб кард ва охирин беш аз 5 сол пушти панҷараи зиндон қарор дошт. Бародари дигараш — Бурхонов Мансур Аббосовичро барои тахсил ба Мозандарони Эрон фиристод, ки соли 2002 бо ҷурми дастдорӣ дар ҷиноятхои бо экстремизм алоқаманд ба муддати 12 сол аз озодӣ махрум гашт. Баъдтар авф гашта бошад хам, ба қочоқи маводи мухаддир даст зада, бори дигар ба махбас афтод.

Тавре мебинем, Сайидюнуси Истаравшанӣ на онест, ки худро дар шабакахои интернетӣ аз Эрон Ҷилва медихад. Ў онест, ки Хофиз гуфта:

Воизон, к-ин Ҷилва дар мехробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кор дигар мекунанд.

Ҷаноби сафир! Умедворем, ки Шумо чехраи Сайидюнус Бурхоновро, ки чун сутури аз гала мондаи аз охури бегона ба серӣ алаф хўрда, аз ҷониби сохиби охур ба майдони шабакахои интернетӣ ба «харбу зарб» андохта шудааст, хуб шинохтед.

Сити муохадаи дўстиву бародархондагӣ дар байни кишвархои мову Шумо то ба фалак равад хам, ба ин наздикихо ин сутур сар аз охур бардоштанӣ нест. Мутаассифона, сохибонаш хам ҷонвари камхарҷро дигар рахо карданӣ нестанд!

Боиси таассуфи мо, сокинони Истаравшан аст, ки ҷойи ахли фазли кишвархои моро, ки тўли таърих тавассути офаридахои Рўдакиву Фирдавсӣ ва Хофизу Саъдӣ сухбатхо доштанд, хамакнун Сайидюнус (Кўри Юнус, бачаи Аббоси аспдузд) аз авлоди нихоят бадномшудаи Истаравшан гирифтааст!

Ҷаноби сафир! Бигзор, Сайидюнус Бурхонов нависад, гўяд, харчи ихтиёри хоҷагонаш бошад, аз сарзамини Эрон он кунад. Хадаф аз номаи мо танхо як чиз аст: номи Истаравшани азизи мо, ки ифтихор аз қахрамонӣ, механпарастӣ фазилату маърифати фарзандонаш дорад, аз исми Сайидюнус – зодаи хонадоне, ки бобояш ба Ҷурми дуздии нони мардум, падараш ба аспдуздӣ, худаш муҷиби ҷон додани зане дар махбас, занҷаллобӣ, дар нимарох монондани хамсару фарзанд, сабабгори бо экстремизму қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудани бародарон гаштааст, бардошта шавад.

Ба он далел ки Сайидюнус Бурхонов дар панохи Ҷумхурии Исломии Эрон қарор дорад, Шумою руасои кишвари Эронро хосторем дар кори хайр – гирифтани тахаллуси «Истаравшанӣ» аз номи Сайидюнус мусоидат намоед.

 

 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Паёми Истаравшан» №40 (9250) аз 20.10.2017 с.

 

 

Аз назар гузарониданд:642 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар