Дар арафаи таҷлили Рўзи Парчами миллӣ дар зершуъбаи китобхонаи марказии донишгоҳ, ки дар факултети забонҳои хориҷӣ воқеъ аст, намоиши асарҳо ва маҳфили муаррифии китобҳои тозанашри дар ин зершуъба доир гардид. Дар кори маҳфил донишҷўён, унвонҷуён ва устодони факултети забонҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Саломатхон Ҳоҷиева китобдори ин марказ дар арафаи ҷашни Парчам рост омадани ин чорабиниро фоли нек унвон намуда, мухтасар дар мавриди дурнамо ва фаъолияти пурдоманаи китобу китобдори дар донишгоҳ маълумот дод.Сипас донишҷўйи курси якуми факултети мазкур Муҳаммадшоҳ Субҳонов доир ба таърихи Парчам дар Тоҷикистон ва инчунин асарҳое, ки дар бораи ин муқаддасот маълумоти муфассал зикр гардидааст, иттилоъ дод. Ба ҳамин монанд донишҷўи курси дуюм Таборак Ахмедова низ перомуни 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъхазҳои ба ин масъала иртиботдошта мулоҳизаронӣ кард. Ҳоҷизода Зикруллоҳ донишҷўйи курси дуюми факултети забонҳои хориҷӣ устодону донишҷўёнро ба муносибати 85-умин солгарди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки имрўз ба яке аз марказҳои бонуфузи илму маърифат дар кишвар табдил ёфтааст, табрик намуд ва маълумотҳои муҳимеро дар асоси сарчашмаҳои зершуъбаи китобхона манзур кард.
Директори китобхонаи марказӣ Ромиз Абдуллоев роҳандозии чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки дар донишгоҳ дар тамоми зершуъбаҳои китобхонаи марказӣ ин тадбири муҳим ба таври васеъ ба роҳ монда мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил







