Дар Паёми Пешвои миллат аз 22 декабри соли 2016 оварда мешавад, ки қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардондани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардидааст. Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуда, ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолият аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои давлатиро қабул гардид, фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатиро барқарор шуд, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судиро ташкил шуда, қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонунро дар ҷомеа пурра таъмин шуд. Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015 – ум 8,1 фоиз зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид.
Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд. Ин чорумин ташаббуси Тоҷикистон мебошад, ки ин Барнома дар солҳои 2018-2028 амал мекунад.
Инчунин, аз 14 январи соли 2017 оғоз карда дар кишварамон маҳдудияти барқ аз байн бардошта шуд, ки амалӣ намудани стратегияи сеюми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамаи дастовардҳои кишвари мо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт дар давоми ин солҳо ба даст овард маҳз самараи истиқлолият мебошанд ва халқи тоҷик дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот ҳар рӯз дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузошт.
Аммо то ҳанӯз, ҲНИТ ва аъзоёни ў баҳсу мунозираҳо, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд, ки ба ҷойи ин бо корҳои хайр, корҳои амалӣ ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои нав барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд. Онҳо истифода аз афкори фалсафӣ, ахлоқӣ, динии донишмандони тоҷику форс сатҳи маърифати дунявӣ ва динии тамоми табақаҳои ҷомеа бо роҳи ташкил намудани мактабҳои доимоамалкунанда дар маҳалҳои зист, тайёр намудани кадрҳои ҳаматарафа саводноки ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ ба хотири тарбияи дурусти ҷавонон ва ташкили муколама байни (диншиносон ва илоҳиятшиносон) ҳиссагузор ва фаъол шаванд, хуб мешуд. Инчунин, онҳо аз рўи исломи сиёсии тоҷик бо зарурияти мутобиқшавӣ бо шароити хоси давлати ягонаи мустақили миллӣ рӯбарӯ буда, дар ҷомеаи миллӣ, дар фаъолияти худ аз мавқеи мўътадили миллӣ баромад намуда, ҳуҷҷатҳои таъсисиву барномаҳои худро дар ин руҳия такмил диҳанд, барои манфиаати ҷомеа мегардид. Зеро, дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва туҳматро маҳкум месозад. Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбудае, ки онон мардуми Аврӯпо, Африқо ё Осиё мебошад, одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, туҳмат, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад. Баръакс, ин динҳо одамонро ба рафтори парҳезгарона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ даъват менамояд.
Онҳо намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод ифтихори оила ва саодатмандии кишвар, баръаксии ин, яъне шахси ғоратгар доғи дили падару мадарон, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошад.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон чунин оварда мешавад: «Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад. Бо итминони комил изҳор медорам, ки бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт».
Замон одилтарин ва оқилтарин довар аст. Номи мубораки ҳар як шахс дар ёди ворисонаш абадӣ боқӣ мемонад. Бузургдошти номи шахс барои муттаҳидию ваҳдат, худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқии ў барои авлодаш ва ҷомеа хизмат хоҳад кард. Аммо баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад.
Мо ҳамеша огоҳ бошем, ба шахсони гумроҳ гўем, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал карда, худро шарманда насозед.
Р.Усанов Р., А. Бердишукуров
дотсентони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров







