ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ЗИ НОПОКЗОДАГОН НАДОРЕД УМЕД...
2017-12-05

Дар боби чиҳилу чаҳоруми “Қобуснома”-и Унсуралмаолии Кайковус, ки бо номи “Дар оини ҷавонмардӣ” шуҳрат дорад омадааст: “Эй писар, агар ҷавонмардӣ варзӣ, аввал бидон, ки ҷавонмардӣ чист ва аз чӣ хезад? Бидон, эй писар, ки се чиз аст аз сифати мардум, ки ҳеҷ одамӣ наёбӣ, ки гӯяд маро ин се чиз нест. Донову нодон бад-ин се чиз аз Худои таоло хушнуданд, агарчи дар ҳақиқат ин се чиз Худои таоло кам касеро додааст ва ҳар касеро, ки ин се чиз ҳаст, ӯ аз ҷумлаи хоссагони Худост. Аз ин сегона яке хирад аст, дувум ростӣ ва савум мардумӣ”.

Воқеан, бузургони мо ҳикматҳои зиёдеро ба мерос гузоштаанд, ки аз доираи гуфтаҳо ва навиштаҳои онҳо баромадан ғайриимкон аст ва гуфтаҳои Унсуралмаолии Кайковус оид ба ҷавонмардӣ, хирад, ростӣ ва мардумӣ, ки инсонҳоро ба баландиҳо мебарад панд гирифтан амри воқеист.

Дар замони муосир, ки технология ва иттилоот ба суръати тез пеш меравад моро водор месозад, ки ба ҳамаи ҳодисаҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳем ва пайваста он навгониҳои манфиву мусбатро бо мӯшикофӣ ба фарзандон, аҳли байт ва шогирдон  фаҳмонем. Вазифаи мо аҳли зиё, омӯзгорону устодон аз он иборат аст, ки ҳамеша муҳассилинро аз оинҳои ҷавонмардӣ огоҳ намоем ва истифода аз ҳикматҳои бузургон онҳоро ҳушдор диҳем, ки бо роҳи рост рафтан, худро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил накардан, бо корҳои нек ва зарурӣ машғул будан, аз гурӯҳҳои муташаккил дурӣ ҷустанро мавриди омӯзиш қарор диҳем.

Вале мутаассифона, он нафароне, ки чунин ахлоқи ҳамида хирад, ростӣ, мардумиро дар худ надоранд ба корҳои ғайришаръӣ машғул ҳастанд ва одамонро шиканҷа дода истодаанд. Одамони мазкур, ки ба роҳи номуборак қадам бардоштаанд, албатта ҷазои олии худро дида истодаанд. Он нафарон девсирату ҳайфонтабиат буда, ба қавли Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватан, модар, хоҳару бародар надоранд.

Дар ҳақиқат, онҳо на ватан доранд ва на хешу ақрабо. Онҳо дад, яъне ҳайвон мебошанд, ҳайвони ваҳшӣ. Мо набояд фаромӯш кунем, ки ҳайвонҳо аз онҳо афзал мебошанд. Масалан, саг дӯсти инсон аст, рамаи чӯпонҳо ва макони одамонро бонӣ мекунад, маркаб бошад ба корҳои хоҷагии халқ мададрасон аст ва монанди ин дигар ҳайвонҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди  ҳайвон буданашон ба мардум ёрдамчии беминнат мебошанд.

Кору пайкори баъзе шахсон, ки худро муллотабиат тарошида, аммо нишонаи муллоиро надоранд, басо нафратовар мебошад:

Саъдии бузургвор таъкид кардааст, ки:

Зи нопокзодагон надоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед.

Аз ин лиҳоз бархе аз афроди ҷомеа, ки ба ҳизбҳои гуногун гаравида аз оқибати он бехабаранд, пушаймон мешаванд. Чунон ки ин андешаро шахсони ба ҲНИТ гаравида ба исбот расонд, ки ҳадафи онҳо барҳам додани давлат буд, аммо, хушбахтона, ба ин ҳадафи нопок нарасиданд.

 

Қўрғонов Зоҳид –дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

 

Аз назар гузарониданд:567 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар