ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ИСТИҚЛОЛИЯТ- ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА БАҚОИ ДАВЛАТ
2017-09-19

Бо ташаббуси кафедраи таърихи Ватан бо иштироки устодон ва донишҷӯён дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ- амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият– дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои таърих» баргузор гардид. 
Конфронсро декани факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент Назира Маҳмудова бо сухани ифтитоҳи оғоз намуда, доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар, бахусус дар бораи хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Сипас тибқи барномаи конфронс дотсенти кафедраи таърихи Ватан Шавкат Шарипов дар мавзӯи «Истиқлолият- омили ҳастии миллат ва бақои давлат» баромад намуда, доир ба мафҳуми истиқлолият, аҳамияти таърихии он маълумот дод.
Гулсара Ғафурова сармуаллимаи кафедраи таърихи Ватан дар баромади хеш дар мавзӯи Истиқлолияти давлатӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастовардҳои ҳукумати кишвар дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, роҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқуворӣ сухан кард.
Дар кори конфронс инчунин муовини ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳри Панҷакент оид ба корҳои илм ва инноватсия доктори илмҳои таърих, профессор Шодмон Воҳидов ба сифати меҳмон иштирок намуд. Эшон дар баромади худ доир ба дастовардҳои олимони кишвар дар самти корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ёдовар гашта, донишҷӯёнро барои расидан ба қадри истиқлолият, илмомӯзӣ даъват намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлили 
 
Аз назар гузарониданд:491 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар