ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ЭКОЛОГИЯ ВА ҲИФЗИ ТАБИАТ
2017-12-05

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ тарғиб намудани шавқи донишҷўён ба тадқиқоти умумӣ ва ҷалби донишҷўёни дорои истеъдоди касбӣ тибқи нақшаи нақшаи тасдиқгардида ҷаласаи навбатии маҳфили илмии донишҷўён “Эколог”-и назди кафедраи “Экология ва ҳифзи табиат” бо иштироки донишҷуёни курсҳои 1-4 ихтисоси экология ва агроэкология, донишҷўёни ихтисоси геоэкология ва география ва ҳифзи табиат баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он муаллима Ҳакимхоҷаева оғоз намуда, суханро ба мудири кафедра дотсент М. С. Собиров, доданд, ки ў оид ба зурурият ва аҳамияти иштирок дар маҳфил сухан карда, донишҷўёни курсҳои 1-ум, 2-юм ва сеюмро ба иштироки фаъолона  дар ҷаласаҳои маҳфил даъват намуд.

 Дар рафти кори маҳфил донишҷўён ба маърўзачиён бо саволҳои сершумор оид ба ташкили фаъолияти илмӣ, нозукиҳои гузаронидани тадқиқот ва ғайра муроҷиат намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар кори маҳфил устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиат, кафедраи геоэкология ва 60 нафар донишҷўён иштирок карданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

vv

Аз назар гузарониданд:517 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар