ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАРҶУМОНИ ҶАВОН
2017-12-05

Тибқи нақшаи доимоамалкунандаи маҳфилҳои илмӣ-назариявӣ дар факултети филологияи рус ҷаласаи навбатии маҳфили «Тарҷумони ҷавон» баргузор гардид, ки дар он аъзоёни маҳфил донишҷӯёни курсҳои 1-5 роҳбари маҳфил ва меҳмонон иштирок доштанд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда мавзӯи навбатии маҳфил ба ҳаёт ва фаъолияти шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ бахшида шуда буд. Дар махфил меҳмонон тарҷумон  Анвар Мирзохакими Олим, духтари шоири халќи точик Аминҷон Шукӯҳӣ Махфират Шукӯҳӣ, мехмонон аз мачаллаи «Согдийская правда», рузноманигор, нависанда Х.Х. Содиқова ва рузноманигор Дорофеева-Кутузова Н.Н. иштирок доштанд. Сараввал донишҷӯён меҳмононро хайру мақдам гуфта, аз фаъолияти шоир ва нависандаи машҳур Аминҷон Шукӯҳӣ маълумот доданд, аз ашъори шоири ширинсухан ба забони русӣ ва тоҷикӣ шеърҳо қироат намуданд. Дар навбати худ тарҷумон  Анвар Мирзохакими Олим ба донишҷӯён  дар бораи кору фаъолияти худ муаррифи намуда, оиди ихтисоси тарҷумон маслиҳатҳои муфид дод ва бо китоби тарҷумакардаи худ «Калинаи сурх»- и В.Шукшин ҳозиринро шинос намуд.

Рӯзноманигор Х.Х. Содиқова баромад намуда ҳозиронро бо кору фаъолияти духтари шоири халқии Тоҷикистон Махфират Шукӯҳӣ шинос намуд. Махфират Шукӯҳӣ шеърҳои тозаэҷодашро ба иштирокчиёни маҳфил қироат намуд, ки писанди ҳозирин гардид. Донишҷӯён ба саволҳои додаи худ ба Махфират Шукӯҳӣ посухи мушаххас гирифтанд.

Чаласаи маҳфили «Тарҷумони ҷавон» хеле шавқовар гузашт ва донишҷӯён бо ҳаёт, фаъолият, ҷоизаҳои давлатӣ ва бо ашъори шоир ва навасиндаи асри  21 Аминҷон Шукӯҳӣ шиносои пайдо намуданд. Дар охир  ба факултети филологияи рус Махфират Шукӯҳӣ китоби маҷмӯаҳои шеърҳои Аминчон Шукухи  бо номи «Баргхои тиллои» ва Анвар Мирзохакими Олим китоби «Калинаи сурх»-и  Василий  Шукшинро, ки аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст, тақдим намуданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:610 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар