Ба ҳамагон малум аст, дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳизби сиёсӣ амал мекунанд. Намедонам, ки чӣ сабаб шуд, ки имрўз яқинан мардуми тоҷик фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди кишвар намехоҳанд. Чун ман омўзгори ҷавон гуфтаниям, зеро имрӯз мо дар асри 21 қарор дорем, мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои технологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосила пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд. Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чида истодаанд.
Худ қазоват кунед, дар худи як шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба ғайр аз 3 масҷиди ҷомеъа, дар ҳар маҳаллу микраноҳияҳо хурд-хурд масчидҳои 5 вақта амал мекарданд, ки имрўз сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон нагуфтааст, ки намозхонӣ мумкин нест, балки Исломро бо сиёсат омехта накунанд. Солҳои охир ба ҳамаи мо маълум аст, ки бо баҳонаи хондан ба давлатҳои хориҷа бисёр ҷавононӣ мо рафта фирефтаи пулу чиз шуда, бо тераризму – экстрамизм ҳамроҳ мешаванд. Ҳоло аксарияти онҳо пушаймонанд, зеро ба Ватани азизу худ баргашта наметавонанд. Падару модарон афсўс мехўранд, ки бозгашти Ватан хело душвор асту ҳатто мумкин бебозгашт ҳам бошад, зеро мегўянд, «худкардаро даво нест».
Чихеле, ки дида истодаем, имрўзҳо дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм мебошад. Мо хуб медонем, ки дар шароити имрўза дар Ватани азизи мо- Точикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурўҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд.
Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд? Боки, ин тоифаро инсоф диҳад, бигузор як хулосаи даркории худро дар мавриди аз даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд.
Раҷабова З.Б. – муаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети педагогӣ







