Маълум аст, ки ҲНИТ аз оғози ташкилёбии худ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекард. Яке аз мақсадҳои асосии ин ҳизб, пеш аз ҳама, сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ба сари қудрат омадан буд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти ҲНИТ баста шуда буд. Баъд аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав номнавис шуда, ба фаъолият шурӯъ кард.
Аслан ҲНИТ аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷў, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шўхрат» пайдо намуд.
Дар муддати начандон тўлонии даврони Истиқлолият мардуми тоҷик баробари дастовардҳои чашмрас бо азияту кулфат, афтоданҳо, шикастанҳо, сўхтану нобуд кардан, қатлу ғорат, ғаму ғусса ва фироқу ҷудоиҳо рў ба рў шуд.
Гарчанде мо дар аксар маврид ҷанги бародаркушро дар Точикистон (1992-1997) ҷанги таҳмилӣ мегўем, айбро ба гардани дигарон бор кардан мехоҳем, вале ташкилкунандагону оташдиҳандагон, душманони дохилии миллати моро зуд бахшидем ва фаромўш кардем.
ҲНИТ аз замоне, ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурўъ намуд, ба ҷузъ ташкил намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷўӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зўроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чи овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромўщ намуда худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву» «оҷиз» мешуморанд.
Солҳои тӯлонӣ сарварони ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон таассубро талқин мекарданд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гӯё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳу ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд.
Ин ҳизби ноком, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо сўистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардад, аммо дар таҷриба исбот гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надорад ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар надоранд. Кирдорҳои зишту нопок ва ғайри қонунии баъзе аз аъзоёни ҲНИТ ҳамаро дил монда кардааст.
Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ ба шумор рафта, мавҷудияти ҳизбе, ки бо дин омезиш ёфтааст мантиқан нодуруст аст, аммо Ҳукумати мамлакат ба хотири сулҳу суботи ҷомеа ва як дилии миллати тоҷик ба ҲНИТ иҷозат дода буд ва ҷавоби аъзоёни шўрои ин ҳизб ин аст.
Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки масъулини ташкилоти терористии ҲНИТ аз ҳар гуна амали душманона нисбат ба ватану миллати худ даст кашида, пайравонашонро низ ба чунин рафтор ҳидоят намоянд.
Ёқубов С., мудири шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилоти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров







