Дар факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии Маркази Занон “Гулрухсор” баргузор гардид, ки дар он беш аз 200 нафар донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи факултет иштирок карданд.
Дар вохӯрӣ раиси ташкилоти ҷамъиятии Маркази Занон “Гулрухсор” Заррина Абдуқодирова баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки мақсади асосии Марказ расонидани ёрии руҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ буда, бештар ба занони ба хушунат рӯ ба рӯ шуда, кӯмак мерасонад. Тӯли 20 сол аст, ки ин Марказ ба занон ва аъзоёни оилаи онҳо маслиҳатҳои муфид пешниҳод менамояд.
Ҳамзамон дар нишаст намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мастура Темурова, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии Маркази Занон “Гулрухсор” Назира Раҳимзода, равоншиноси ташкилоти мазкур Зарнигор Заҳибуллоева ва рӯзноманигор Саидҷон Сулаймонов баромад карда, андешаҳои хешро оид ба маърифати оиладорӣ ва фарҳанги муносибати зану шавҳар баён доштанд.
Ба ҳозирин навори пурмазнуне бо номи ”Ба мо бовар кун” пешкаш карда шуд, ки он мазмуни баланди ғоявию маънавӣ дошта, ба ҳар як бинанда эҳсосоти навине бахшид.
Дар анҷоми мулоқот донишҷӯён бо саволу дархостҳои хеш ба меҳмонон муроҷиат намуда,ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







