Тибқи нақша-чорабиниҳои тарбиявии раёсати донишгоҳ, инчунин факултети физикаю техника ва кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дар хобгоҳи №1 чорабинии тарбиявӣ дар мавзўи «Эҳсоси ватандўстӣ» бо иштироки донишҷўёни курси якум, дуюм ва сеюми ихтисоси физика, таҳти роҳбарии сармуаллимаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт М. Ҳ. Ҳоҷибоева гузаронида шуд.
Чорабиниро декани факултети физикаю техника Р. Назаров ифтитоҳ намуд. Дар чорабинӣ донишҷўён дар мавзўҳои «Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд», «Садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент», «Ҷон фидои миллат» маърўзаҳо намуданд.
Дар қисми фарҳангӣ донишҷўён шеъру сурудҳо дар васфи Ватан, модар қироат намуданд ва саҳначаҳои тарбиявиву ҳаҷвӣ намоиш доданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ сармутахассиси шўъбаи тарбияи донишгоҳ устод М. Ўлмасов баромад намуда, оиди баргузории чорабинӣ баҳои баланд доданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







