Зиндагии инсон бе ҳастии кўдакон хеч аст ва онҳоро бесабаб меваи умр наменоманд. Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 3-юми декабр рўзи байналхалқии маъюбон таъин гардидааст. Бахшида ба ин санаи муҳим ва бо мақсади такмил додани тарбияи гуманистӣ (рукни Консепсияи миллии тарбия) дар факултети педагогӣ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси устодони кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ (сармуаллима М. Раҳимова) ва донишҷуёни ихтисоси психология омода шуда буд. Чорабинӣ бо намоиши слайд дар мавзўи «Шахсиятҳои бузурге, ки имконияти маҳдуд доштанд» оғоз гардида, дар бораи инсонҳои бузург ба монанди Эйнштейн, Бетховен, Ба, ки имконияти маҳдуд доштанд, маълумот дода шуд.
Сипас, муалимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Ф. Ахмедова дар мавзўи «Таълимоти инклюзивӣ дар муассисаҳои таълимӣ» маърўза намуда, дар бораи хусусиятҳои таълимоти инклюзивӣ ҳарф зад.
Донишҷўи курси дуюми ихтисоси психология Азиза Ҷўраева дар мавзўи «Фарзанд –меваи умри инсон» маърўза намуда, доир ба оқибати никоҳи хешу таборӣ, таъсири он ба саломатии насли оянда, эҳтирому ғамхорӣ нисбати кўдакони маъюб ҳарф зад.
Чорабинӣ дар фазои хеле хуб гузашт ва дарси хубе буд барои тарбияи гуманистии донишҷўён. Ғайр аз ин дар факултет «Сандуқи хайрия» ташкил карда шуда буд, ки маблағи ҷамъшуда ба донишҷўёни имконияти маҳдуддошта супорида мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил







