ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ – ТЕРРОРИСТИИ ҲНИТ – ДУШМАНИ ВАҲДАТ ХИЁНАТ БА ВАТАН – ХИЁНАТ БА МОДАР
2017-12-07

Имрӯз тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдати ҶТ ҳар чи бештар саҳм гузоранд. Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва ҳаддал имкон кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.

Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯй ба беҳбудӣ орад ва мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба сулҳу амнияти ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азизи мо терроризм, редикализм ва экстремизм мебошад. Ин падидаҳои ташвишовари муосир ҳамчун амали ҷиҳоду хизмат ба дин аз ҷониби афроди ҷиноятпеша рӯйпӯш карда шуда, сафи пайравони ин ақидаи ботилро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу бесавод афзун менамоянд. Ин ташвиқгарони ифротӣ ҷавононро барои иштирок дар амалиётҳои мусаллаҳона дар қаламрави Сурия ва Ироқ, ё худ замини Шомро на танҳо бо хизмат ба дини Худо ва ваъдаҳои охирати биҳиштӣ, балки инчунин бо ваъдаҳои зару зевар, маблағҳои зиёд ҷалб менамоянд.

Душманони миллат магар фаромӯш кардаанд, ки Пешвои миллати тоҷик, Президенти мамлакат дар Иҷлосияи таърихии  XVI Шӯрои Олӣ , роҳбарии як давлатеро, ки дар хазинааш як пули сиёҳ ҳам надошту аз паси ҳар кӯчаву тангкӯчааш садои тиру нолаву фиғони модарону хоҳарон мебаромад, ба зимма гирифтанд...

Маврид ба зикр аст, ки мо халқи тоҷик боз ҳам аз пештара хубтару бехтар муттаҳид бошем. Нагузорем, ки давлатамон осеб бинад ва дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба мақсади нопоки худ расида бошанд.

Дар ин ҷо ёдовар мешавем, ки миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ гирад ва мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд. Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар дошта бошад.

Мо халқу миллати бузургвори тоҷик, ки аз соҳибихтиёрии мардуми худ ва бори дигар хандидани бахт ба ҷаҳониён огаҳӣ дорем.

Оре, мо бори дигар мутмаин гаштем, ки мардуми мо роҳи ростро интихоб намуда, дар интихоби сулҳу ваҳдат, ободкориву бунёдкорӣ муттаҳид ва якдил гаштаанд.

Боз ҳам ёдовар мешавем, ки мағлубияти ҳизби исломӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷуз аз чанд нафар ҷудоихоҳон дигар касе тарафдори чунин ҳизб набуд. Мо медонем, ки ба гурӯҳҳо қисмат намудан ва аз номи поки дини Ислом сухан  гуфтанҳо чӣ натиҷа дод?...

Бародарони аҳли Ҳизби  мамнӯи наҳзати исломи Тожикистон –бояд рӯзҳои талхи солҳои навадумро аз хотир набароранд! Кадом гурӯҳҳо мардумро ба ду майдон кашида, тоҷиконро ба хун оғушта карда буданд, ба ҳамагон маълум аст. Танҳо ҷоннисорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳу ваҳдат омад ва имрӯз мардум дар диёри  ободу осоишта умр ба сар мебаранд.

Ин неъмати бузург – сулҳу ваҳдати бебозгашти тоҷиконро мо бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо биёрем.

Сад шукр, ки Созишномаи истиқрори сулҳ сангпораҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастархони ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ ҷамъ овард.

Замоне узви Палатаи  мушовирони парлумони Ҷопон Таедзо Такэми ба сиёсати давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, зимнан қайд намудааст, ки  “Ман сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро хеле баланд арзёбӣ мекунам. Оштии миллӣ ва демократикунонии ҳаёти мамлакат дар минтақа ибратомӯз аст”.

Воқеан ҳам, сулҳи тоҷикон дар ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифт, ки мо тоҷикону тоҷикистониён аз ин ифтихор дорем.

Имрӯз вақте  ки ба як қуллаи бузурги шукӯҳу нусратҳои Истиқлолияти давлатии хеш, ки аз он 26 сол сипарӣ мешавад назар афканем, дар сароғози ин андешаномаҳои хеш, дар айёми баргузории Иҷлосияи  XVI –уми Шӯрои Олӣ  ин ҳама беҳикмат набуд.

Таърихи 26-соли пуршараф дар роҳи истиқлолият ва 20 соли Ваҳдати миллӣ собит намуд, ки дар ҳақиқат он шабеҳи дарахти бузургест, ки решаҳои азимаш дар сарзамини қадиму навҷавони тоҷикон ҷой гирифта аз таъриху фарҳанг ғизо мегирад.

Тоҷикистони ҷангдида ва азияткашида пас аз мустаҳкам гардидани сулҳи воқеӣ ниҳоят нафаси озод кашид.

Меваҳои ширини Ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳо дар кору пайкори мардуми тоҷик эҳсос гардид. Имрӯз дигар мо намегузорем, ки ашки сӯзони модари тоҷик аз гум кардани фарзанду бародар, ҳамсару хешу ақрабо резад.

Бинобар ба муқобили душманони миллат муборизаи беамон мебарем. То ки зиндагии осоиштаи халқи азизамон халалдор нагардад.

Маврид ба зикр аст, ки мо халқи тоҷик дар арафаи идҳои бузург, аз қабили 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва 25 – солагии Иҷлосияи  XVI  - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –   Иҷлосияи таърихиву тақдирсоз қарор дорем.

Баҳри дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани идҳои бузург камари ҳиммат баста, нақши муосири хешро гузорем.

Биёед ба сулҳу ваҳдат, оромию осудагии кишвар шукргузорӣ кунем ва нагузорем, ки дар байни мардуми кишвари азизамон ҳаргиз нифоқу тафриқаандозӣ роҳ наёбаду ҳамаи мо ба эҳсоси масъулияти бузург дар ободиву рушди диёрамон саҳми андаки хешро гузошта бошем. Дуо кунем, ки фарзандони солеҳу номбардорамон  баҳри баланд бардоштани обрӯю эътибори кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ хизмати беғаразона анҷом диҳанд, ҳамеша солиму бардам ва фидоӣ ба Ватан тарбият намоем.

 

Ӯ. Умаралиева, устоди  Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсент

 

Аз назар гузарониданд:298 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар