ба қафо
ЧОРАБИНӢ ОИД БА ШАРҲИ ҚОНУНҲОИ НАВ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
2017-09-20
Бо мақсади баррасӣ ва ба самъи донишҷўён расонидани зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрўз ба факултети педагогӣ муовини раиси Суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷўрахон Қурбоналӣ ва судяи Суди шаҳрӣ Саидмухторзода Шўҳрат ташриф оварданд.
Вохўриро декани факултет ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба муовини раиси Суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷўрахон Қурбоналӣ супорид. Раҳмон Ҷўрахон оид ба масъалаи баррасишаванда маърўзаи пурмўҳтавоеро пешкаши донишҷўён гардонида, дар бораи зарурат ва аҳамияти тағйирот маълумоти мукаммал пешниҳод намуд.
Дар вохўрӣ, ки дар аудоторияи 513 суръат гирифт, устодони факултет С. Рабиев, Р. Ризоева, М. Луфов ва 90 нафар донишҷўён иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти вохўрӣ байни меҳмонон ва донишчўён саволу ҷавоб ва сўхбати озоду ошкоро баргузор гашт.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:401 нафар
баён кардани ахборот