Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва дар амал татбиқ намудани рукнҳои Консепсияи миллии тарбия, аз ҷумла тарбияи ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳии ҷавонон ин пеш аз ҳама ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ махсуб меёбад, ки дар ин самт дар факултети педагогӣ кор тибқи нақша идома дорад.
Санаи 01.12.2017 тибқи нақша вохўрии донишҷўёни факултети педагогӣ бо муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милиса Турсунов Нозимҷон Дадаҷонович ва нозири калони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд милиса Якимов Беҳбудӣ Аҳтамович баргузор гардид.
Вохўрӣ бо иштироки 125 нафар донишҷўёну факултет сурат гирифт.
Подполковники милиса Турсунов Нозимҷон Дадаҷонович оид ба мавзўи «Аҳамияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърўза намуда, саривақтиву айни муддао будани қабули тағйироту иловаҳоро зикр намуд. Зикр гардид, ки хушбахтона, ҷавонон ба мазмуну мўҳтавову аҳамияти қонуни мазкур сарфаҳм рафта истода, аз зиёдаравиву намоишкориҳо даст кашида истодаанд Нозири калони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд милиса Якимов Беҳбудӣ Аҳтамович оид мавзўи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва оқибатҳои вазнини он» сухан ронда, дар сабаб, натиҷа ва оқибати вазнини даст задан ба ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта маълумоти муфассалро пешниходи донишҷўён намуд.
Дар охири вохўрӣ байни меҳмонон ва донишҷўён сўҳбати озоду ошкоро ва саволу ҷавоб барпо гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил
v







