Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ба проблемаи хеле ҷидӣ рў ба рў гардидааст, ки ин пеш аз ҳама густариш пайдо кардани терроризм ва экстримизм мебошад. Терроризм ва экстримизм дар ҷаҳони имрўз аз хатарҳои умумибашарӣ маҳсуб ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳарос овардааст. Албатта дар пешрафтҳои гурўҳҳои террористиву экстримистӣ дасти ашхоси махсус низ ҳаст, ки манфиати худро аз пешрафти низоъҳои қавмиву нажодӣ ва диниву давлатӣ мебинанд. Таҳким бахшидан ба низоъҳои сиёсии давлатҳо барои густариши терроризм ва экстримизм заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ҷаҳони имрўз, ки хеле пуртазоду печ дар печ аст, мардуми мо ва пеш аз ҳама ҷавонони моро зарур аст, ки барои бартараф намудани ақидаҳои хурофотӣ ва дур аз арзишҳои милливу маънавӣ дар ҳазар бошанд. Бояд эътироф кард, ки гурўҳҳои ифротие, ки бо номи Давлати исломӣ ба ҳаргуна зиштиву золимӣ даст мезананд, ҳеч иртиботе ба исломи ҳақиқӣ надоранд. Дар ин бора борҳо Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд. Ислом ҳаргиз ба терроризм ва экстримизм иртибот надорад. Дар партави сиёсати огоҳонаи Пешвои миллат метавон афзуд, ки терроризм дар ҷомеаи имрўз ба вабои аср табдил ёфта, хатари ҳамешагиро миёни насли ҷавон ба миён овардааст. Аз вазъи давлатҳои ҷангзада маълум аст, ки дар назди аҳли террор ва экстримист ягон арзишҳои инсонӣ вуҷуд надорад. Ҳанўзам сабабгори аслии қатли кўдакон, аз байн бурдани мардуми бегуноҳу осоишта, вусъат бахшидан ба фақру нодорӣ ва гуруснагӣ миёни мардуми азияткашида террористҳову экстримистҳо мебошанд. Ҳадафи аслии ин гурўҳҳои ифротӣ пеш аз ҳама ба сари қудрат омадан ва пиёда намудани манфиатҳои шахсӣ аст. Дар ин раванд ба ҳар роҳу восита дар ҷалби ҷавонони нохудогоҳи камсавод ва хурофотиву зудбовар мекўшанд. Мутаасифона дар ин самт то ҷое муваффақ ҳам гардидаанд. Яке аз равишҳое, ки гурўҳҳои ифротӣ барои ба даст овардани ҷонибдорони худ ба роҳ мондаанд, ин пешниҳод намудани маблағи муайян мебошад. Аксари ҷавонон маҳз барои ба даст овардани ин гуна маблағҳои муфт ба ҳамин гурўҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, ки оқибати бас нангин дорад ва ба марги маҷбурӣ анҷом меёбад. Аз ин рў, лозим аст, ки дар тафаккури ҷавонон ҳисси муфтхўрӣ ва танбалӣ роҳ наёбад. Барои ҳамин ҳам, дар самти густариши маърифати иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон беш аз пеш бояд чораҳои зурурӣ ҳам аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва ҳам аз тарафи хонавода андешида шаванд.
Дигар аз масъалаҳое, ки ҷавонони моро ба коми терроризм ва экстримизм равона месозад, огоҳии зарурӣ надоштан аз зарурияти диния ва фиқҳи ҳанафӣ мебошад. Дар ҳама китобҳои бузургон омадааст, ки мардуми нодон ва ё ҷавони ноогоҳро ба ин ё он гурўҳ шомил сохтан кори саҳлу сода аст. Зеро ҷавоне, ки аз мустақилияти фикрӣ орист, наметавонад ба таври мустаққил тасмим бигирад. Дар чунин ҳолат аксари ҷавонони мо ҳам ба ғуломи фикрӣ ва ҳам ба ғуломи худии гурўхҳои ифротӣ табдил меёбанд. Мусаллам аст, ки дин ҳамеша инсониятро ба некиву накўкорӣ ва покиву растагорӣ раҳнамун месозад. Дини мубини Ислом, ки дар ҳар давру замон барои арҷ гузоштан ба арзишҳои инсонӣ муносибтарин пешаҳо ва осонтарин барномаи саодати инсониро пешкаш кардааст, ҳаргиз ба инсонкушӣ иртибот надорад. Аммо, нирўҳои ифротӣ ба номи дин ҳадафҳои ғаразмандонаи хуро пиёда мезозанд, ки дар назари ҷавонони ноогоҳ ягона роҳи халосӣ аз мушкилоти ҳаётӣ аст. Ин гуна муносибат теъдоди террорҳоро зиёд карда, мардумро ба ваҳшат меоваранд. Тоҷикистон азизи мо дар қатори давлатҳои сулҳхоҳи ҷомеаи имрўз ҷонибдони маҳкум намудани терроризм ва экстримизм мебошад. Нигаҳдошт ва бузургдошти сулҳу ваҳдат дар қаламрави кишвар аз муҳимтарин қарзи инсонии мо аст, ки ба ҳазорон қурбониву ҷоннисорӣ ба даст омадааст. Дар ин самт хидмати таърихии Пешвои миллатро метавон борҳо мисол овард, ки арзиши беназирро дорост.
Дигар аз омилҳои бартараф намудани андешаҳои ифротии ҷавонон эҳтироми мақоми ҷавонон дар системаи давлатдорӣ ва дигар самтҳои ҷомеа маҳсуб мешуд, ки дар ин маврид низ Пешвои миллат бо сиёсати хирадгаро ва ҷаҳонии худ пештару беҳтар аз ҳама тасмими таърихӣ гирифтанд, ки шоистаи истиқболи ҳамешагӣ аст. Пешвои миллат бо огоҳии том ва оянданигарии ба худ хос соли равонро Соли ҷавонон эълом доштанд, ки аз ҳар ҷиҳат мантиқист. Ҷавононро лозим аст, ки дар партави ин сиёсати хирадгаро масъулиятии бештар дошта, бо нерўи фикрии на динӣ ва ё на мазҳабиву қавмӣ балки ҷаҳонӣ ва инсонгароӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллиамон саҳм гузоранд.
Эҳсон Раҷабов дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума







