Ислом ба зоти худ надорад айбе…
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дуруст, қайд кардааст. Зеро ҳар айбе, ки мешавад он аз тарафи худи мардуми мусалмон содир карда мешавад.
Таълимот исломӣ ба зоти худ пок аст. Дар он оид ба тозагии шахсӣ, одобу услуби инсонӣ, илм омўхтан, ҳама гуна таълимотро эҳтиром кардан ва он таълимоте, ки ба дин зарар надорад онро қабул карданро таълим медиҳад. Аммо имрўз муллоҳои навбаромад таълимотҳоеро ба мардуми бесавод, бемаърифат ва ҳато мардуме, ки савод доранд талқин менамояд, ки гиребонро газида чашмони ҳайратангезро во мекунем.
Имрўз бо номи ислом чи қадар ба сари мардум даҳшатеро шарикони фирқаҳои террористӣ овардаанд. Онҳо ягон чизи муқаддасро дар ботину дар ақли худ надоранд ва намефаҳманд. Мисоли оддӣ, тороҷ кардани давлати Сурия, шаҳри қадимаи Палмира, чи кадар нобуд кардаанд, имрўз олимон бонги хатар мезананд, ки нигораи таърихӣ хароб шудааст. Аз ин рў он корҳои зиште, ки гурўҳҳои террористӣ ба анҷом мерасонанд аз рўи бемаданиятиву бединӣ аст.
Омилҳои исломӣ ин дар зери ниқоби мазҳабҳо ва таълимоти мазҳабҳои мухталиф баромад намудани ташкилотҳои террористӣ мебошад. Мардум имрўз шароити вазнини иқтисодиро баҳона намуда барои дарёфти музди бедарди миён ба ин гуна ташкилотҳо пайваст мешаванд. Аммо немегўянд, ки бо як оила ва ё як маҳалла, ё ин ки як давлатро бадбахт намуда худ хушбахт ва осуда зиндагонӣ менамоянд, аммо интавр буданаш номумкин аст. Зеро дар ин бобат устод Рўдакӣ гуфта буд:
Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
Дуруст гуфтааст маликушшуарои адабиёти форсу тоҷик. Он бадие, ки имрўз он ташкилотҳо ба минтақаҳои мухталиф раво мебинанд бар сари худашон ягон рўз меояд, агар ба худашон набошад ақаллан бар сари фарзандҳояшон ҳатман меояд. зеро дунё дунеи қасос мебошад.
Расонаҳои хабарӣ оид ба муллоҳо, пешвоҳои динии ташкилотҳои террористӣ хабрҳои мухталиф мерасонанд. Ман дар ҳайрат мешавам, ки чи гуна чунин муллоҳо, донишмандони аҳли дин ба чунин кушторҳо фатво медиҳанд ва боз ҳамон гуна зархаридон ҷиҳод гўён одамони бегуноҳро мекушанд. Боз куштанҳои оддӣ нест, балки василаҳои мухталифро истифода мебаранд.
Ё сарварони давлат худашонро роҳбари як давлати ним аврупову ним осиё меҳисобанд, аммо аз пулҳои бо роҳи қочок фурўхтаи нафт хазина шахсиашонро ғанӣ мегардонанд, бо фурўши аслиҳа, одамон ва ғайраву ҳоказоҳо. Ба назари ман инро ҳама медонанд, аммо аз тарси ҷони худ баромад намекунад. Зеро онҳо бародарони калонӣ дар аврупо доранд.
Ман худам имрўз бо тамоми ҳастиам гуфта метавонам, ки сад шукр, ки дар давлати ободу тинҷу осуда бо сарвари сулҳофар, падари миллат зиндагонӣ дорам, имрўз дар кўчаҳои давлатмон тамоми мардум озодона сайругуашт мекунанд, писаракону духтаракон озодона дар мактабҳо таҳсил менамоянд, дар беморхонаҳо ҳамаи шароитҳои табобатӣ фароҳам оварда шудааст. Олимон таҳқиқотҳои худро анҷом дода истодаанд. Аз ҳама муҳимаш сулҳу ваҳадат пойдор аст, ки ин яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошад. Ҳоло мо он рўзҳои ҷанги шаҳрвандиро аз хотир набаровардаем ва намехоҳем, ки он аз нав такрор шавад.
Худ қазоват намоед, ки дар тўли бисту панҷсоли истиқлолият давлати мо чи қадар пеш рафт, ба хусус даҳ соли охирон. Агар ин бўҳрони ҷаҳонӣ намешуд мо боз чи қадар пеш мерафтем, аммо ба ҳама ин нигоҳ накарда мо мардуми тоҷик дар атрофи сарвари худ Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалии Раҳмон сарҷамъшуда барои боз ҳам гулгулшукуфии давлатамон хизмат менамоем, меҳнат мекунем давлатамонро ободу зебо менамоем. Барои ояндаи миллат, ояндаи фарзандонамон ҳамаи корҳои аз дастамон меомадагиро ба анҷом мерасонем, то ин ки онҳо ободу осуда умр ба сар баранд.
Шарипова Мўътабар Заҳибуллоевна -дотсент, номзади илмҳои филологии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров







