Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари равнақу ривоҷ ёфтани суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмин гардидани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд омилҳое низ ба назар мерасанд, ки ба ҳалалдор намудани амнияти миллии кишвар нигаронида шудаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми нерӯҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”. Ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки омилҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло дар ҷомеаи мо аз байн нарафтаанд. Аз ин рӯ, сари вақт ошкор ва бартараф кардани онҳо на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи тамоми мақомот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳвандон мебошад. Сабабҳои ҷой доштани ин гуна падидаҳо маълуманд, ки норозигӣ, низову кинаро аз хориҷи кишвар паҳн намуда, ҷонибдорони ғафлатзадаи худро пайдо мекунанд ва бештар ҷавононро ба домашон мекашанд. Дар ҳоле, ки мешунавем ва мехонем, ки дар дунё ғайри мусалмон фарзандони мусалмононро беҳуда ба қатл мерасонанд, суоле ба миён меояд, пас кист террорист?
Ҷоизи зикр аст, ки:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.
Тарафдорони ғояҳои ифротгароӣ гуногунандеширо дар ҷомеа инкор карда, ақидаву назарҳои сиёсӣ, идеологӣ ва динии хешро бо дастгирии пешвоёни хориҷӣ пайгирӣ менамоянд. Таълимоти ифротгароӣ на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот такя намуда, роҳҳои созандагӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию сиёсии ҷойдоштаро инкор менамоянд, вобаста мушкилоти мавҷуда танҳо айбҷӯиро мебинанд.
Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳатто баъди дарки нодурустии ақидаҳо ва моҳияти таълимоти роҳбаронашон онро тарк кардан намехоҳанд. Ба мафкураи онҳо ғояҳои ғалат, ҳатто баромадан аз ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистиро ҳамчун хиёнат ба дин, муқобилият ба Худо мефаҳмонанд.
Такмил додан, беҳтар кардани сифати тарғибу ташвиқи солим ва созанда яке аз кафолатҳои муҳим таъмини осоиштагии ҳаёти ҷомеа ва пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлубу ҷинояткорӣ мебошанд.
Имрӯз мо ҷавонони соҳибистиқлол тамоми қувваҳои ақлонии худро баҳри осудагӣ ва ободонии кишвари азизамон нигаронида, саҳми худро барои иқтисодиёт гузошта истодем. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки чанде пеш ҲНИТ ва сарвари он Муҳиддин Кабирӣ аз тарафи мақомоти олии Судӣ террорист эълон шудааст. Ин шахси ғаразолуда, дар муҳлати кофтуков қарор дошта бошад ҳам, бо хоҷагони хориҷа берун аз Ватани азизамон номи тоҷиконро бо баромадҳои нохалафи худ зери танқид қарор дорад. Панҷ панҷа баробар нест, шахсоне ҳастанд сулҳу субот ва пешравиҳои имрӯзаро қадрдонӣ накарда, балки аз таги нохун чирк мекованду бо одамони ангуштшумор дар мамлакатҳои хориҷа шиорпартои мекунанд. Онҳоро руҳан шахси носолим ном барем хато намекунем, чунки касе сулҳ мехоҳаду дар ҷустуҷӯи он кӯшиш мекунад на аз берун аз кишвар, балки дар дохили мамлакат ислоҳот мегузаронад. Масалан чанде пеш дар яке аз шабакаҳои Осиёи Марказӣ хоин Муҳиддин Кабирӣ интервю додааст, ки баҳси доғи миёни намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони мухолифони тоҷик дар хориҷа сар зад. Онҳо аз номи 8 млн сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар мамлакатҳои хириҷӣ дар тиливизионҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, метингҳо ташкил карда, бо одамони ангуштшумор шиорпартои мекунанд. Гӯёки дар кишвари мо одамон озод нестанд, демократия дар рӯи қоғаз ва ғайраҳо. Ин ақидаи носолимро ягон шаҳрванди Тоҷикистон тарафдорӣ намекунанд, чунки ҳама озод ҳастанд, таҳсил мегиранд, кору фаъолият мебаранд. Озодӣ, демократия ин маънои онро надорад, ки шахс чизе мехохад иҷро кунад, на, балки озодӣ он аст, ки инсон дар чорчӯбаи қонун бошад. Мо мардумони тоҷик зиракии сиёсиро аз даст надода бо ҳам муттаҳид шуда, бар зидди ин гуна ақидаи носолим, равияҳои нохалаф мубориза бурда, барои осудагии кишварамон саҳми худро гузошта истодаем. Мо сокинон бо ҳам мутаҳҳид шуда, дар пеши ташкилотҳое, ки душманони Тоҷикистонро дасгирӣ мекунанд шиорпартои намуда, бетараф набудани худро дар ҳаёти сиёсии имрӯза нишон додем. Ҳангоми ба маҳаллаи хоинони Ватан ворид мешавем сокинони ин маҳал аз вазъияти имрӯза бехабаранд, яъне ҳамсоя чи кору бор дорад бархӯрдор нестанд. Онҳо ба мо суол медиҳанд, ки ин ҳамсоя мулло чи кори бад кардааст? Ҷавобан мегӯем, ҳамсоя хоини кишвар, хиёнаткори дини ислом мебошад, он ба маблағи хоҷагони хориҷа фирефта шуда, номи ҳар яки моро берун аз кишвар зери танқид гирифта аҳоли дар зери фишори Ҳукумат гӯён шиорпартои мекунад.
Аммо шахсони фикру ақидаи бад доранд ҳеҷ гоҳ ба мақсаду мароми худ намерасанд, чунки имрӯз аз хурд то пиронсол ҳама муттаҳид баҳри пешрафти мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳад. Мо ваҳдатро доимо гавҳараки чашм нигоҳ дошта бар зидди душманони мамлакатамон мубориза мебарем. Афсарони Ватан барои осудагии кишвар дар зиддиятҳои дохилӣ ва ё дар сарҳадҳо ҷон ба душман месупоранд, то ки дигар сокинони кишвар орому осуда хоб раванд. Мо низ барои осудагӣ ҳиссагузорӣ мекунем, муҳим дар он аст, ки бетараф наистем! Чунки бетарафӣ ҳатто мамлакатро аз байн мебарад.
Терроризму экстремизм Ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он ба ҷомеъа хатари маргро оварад. Имрӯзҳо воқеан терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои ба шариат хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки дар зери ниқоби дини ислом ҳар гуна амалҳои террористӣ ва хунхоронаи худро ба амал бароварда хуни ноҳақ мерезанд ваҳшониятҳои гӯшношунид мекунанд, оромии ҷомеъа ва ба ҳаёти ҳар яки мову шумо зарари ҷиддие меоварад. Барои мубориза бурдан, бо терроризму экстремизм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеъа масъулиятшинос бошанд мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.
Ҳодисаи охири ҷаҳони ислом гувоҳи онанд, ки ҷавонони зиёде ба гурӯҳҳои ифротгаро гаравида, зери ниқоби ислом роҳи терроризмро пеш гирифтаанд. Бо камтарин роҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби қувваҳои иртиҷоӣ ҳам худ ва ҳам зану фарзанди хешро ҷалб сохтаанд, ки боиси нигаронист.
Маълум нест, ки ҷавонони гумроҳшудаи қувваҳои террористӣ ба кадом мақсад зану фарзанди худро ба вартаи ҳалокат мекашанд. Бо густариши фаъолияти гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон низоъҳо ва бесуботиҳо ба амал меоянд. Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки ягона роҳи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва пешгирии амалҳои террористӣ ба роҳ мондани таблиғоти густурда байни ҷавонон ва ҷомеа мебошад. мардум бояд дарк намояд, ки мубориза бо терроризм барои ҳифзи давлатдории миллӣ, барои наҷоти истиқлолияту дастовардҳои он ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад.
Дин дар давраҳои гуногуни рушди инсон хусусиятҳои асосии таълимоти имонро доштаву дорад. Аммо тафаккури гурӯҳҳои ифротгарои динӣ – мазҳабӣ ва созмонҳои экстремистӣ– террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва миқёси ҷаҳон хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда, ихтилофот байни динҳоро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло бошад, хусумати днӣдар ҳолатҳои шадид дар шакли терроризм ва экстремизми байналмилалӣ рӯ задааст. Зеро аксар зӯровариҳо ва рӯйдодҳои охир аз ҷониби тундгароёни динӣ – мазҳабӣ маҳз бо дастгирии кишварҳои низоми исломӣ ва фиреби мамолики аврупоӣ пайдо мешаванд, ки дар ниҳоят ба инфиҷори ҷомеа оварда мерасонад.
Садриддин Абдураҳимов,
профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров







