ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ЭКСТРЕМИЗМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ФОҶИАБОРИ ОН ДАР АМНИЯТИ КИШВАР
2017-12-11

Амнияти кишварҳои Осиёи Миёна имрӯз хеле ҳассос мебошад. Зеро давлатҳои абарқудрат чашмони хешро ба ин мамлакатҳои хурд ало кардаанд. Мо аҳли илму таълим бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки  вақт барои тарбияи насли ҷавон бештар ҷудо намоем.

Имрӯз дар натиҷаи ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ мо ба таври пурра ҳамаи амалҳои ҷавононро назорат карда наметавонем. Зеро онҳо ба мо як чиз мегӯянд, аммо худашон чизи дигарро ба анҷом мерасонанд. 

Барои ба ҷараёнҳои мухталифи экстремистӣ пайваст нашудани ҷавонон пеш аз ҳама мо бояд сабабҳои пайдоиши экстремизмро муайян кунем. Ба назари коршиносон ин  сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиши сатҳи зиндагӣ, хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии намояндагони хориҷӣ метавонанд сабабҳои пайдоиши экстремизм бошанд.

Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин реша медавонад ва ин дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Саволе ба миён меояд, ки хуруҷи он ҷараён дар чист ва омилу ангезаҳояш кадомҳоянд?

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ. Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия), ки зиндагиро тағйир дода, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт дилхоҳ аст ва дар бисёр маврид нафрат, эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Омили сеюм, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон ривоҷ ёфтааст, эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Ин ақидаи сиёсатшиносон аст, аммо ман ақидаи худро дар ин бобат дорам. Мо афкори дигаронро мегӯем, аммо мавқеи худамонро муайян карда, андешаҳои шахсиамонро кам баррасӣ мекунем.

Имрӯз чавонон мехоҳанд як зиндагии ободу зебо, осуда дошта бошанд, ҳамаи шароити зиндагии онҳо ба монанди филмҳо муҳайё бошад, аммо онҳо ба назари ман  фикр намекунанд, ки барои муҳайё кардани ҳамонгуна шароит меҳнат кардан лозим аст. Чи гуна меҳнат? –саволе ба миён меояд.  Меҳанти шабонарӯзӣ, ҳалол, софдилона, поквиҷдонона ва ғайраҳо. Не, онҳо роҳи осони пулкоркуниро меҷӯянд ва ҳамин боис мешавад, ки ноогоҳона ва ё огоҳона ба ҳамин ҷараёнҳо ҳамроҳ мегарданд. Ин як тарафи масъала, боз дигар тараф ин аст, ки оилаҳои носолим, нопурра ва ё барои ба даст овардани қути лоямут падару модар таи чанд сол дар ФР кор мекунанд, онҳо бошанд дар дасти бибиву бобо қарор доранд ва аз ин фурсат истифода мебаранд.

Роҳҳои ба ин ҷараён тамоюл пайдо кардани ҷавонон хеле бисёр аст. Ҳамаи мо ҳаёти рӯзмарраи хешро бе шабакаҳои интернетӣ тасаввур карда наметавонем. Аммо мо ба кадом бахшҳои интернетӣ ворид шудани ҷавоноро назорат карда наметавонем, зеро мо як вазифа медиҳем, онҳо дар зимни иҷрои вазифа  боз ба дигар кликҳо низ ворид мешаванд, ё шиносоии вертуалӣ имрӯз хеле паҳншудааст.  Мо намедонем, ки дар паси он тарафи компютер ки нишастаасту чи мақсад дорад ва ғайраҳо.  Мо медонем, ки шаклҳои зиёди экстремизм, ба монанди миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, ахлоқӣ муайян карда шудаанд.

Дар паси ҳамаи ин ангезаҳо манфиатҳои шахсии давлатҳои абарқудрат меистад. Барои ҳамин ҳам Пешвои муаззами давлат мунтазам дар баромадҳои худ мегӯянд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳед. Ба воридшавии фарҳанги бегона мусоидат накунед, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро хуб донед, аз таълимоти дини хеш огоҳӣ дошта бошед, маллатгаро бошед на маҳалгаро, ки ҳамаи инҳо  оқибат ба паёмадҳои фоҷиабори амнияти кишвар оварда мерасонад.  Сулҳу салоҳи давлатро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Аммо инсон ба қадри неъмати мавҷуда намерасд, зеро дар урфият мегӯянд «кадри неъмат баъди неъмат».

Имрӯз вақти он расидааст, ки мо ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, шуҷоату далерӣ тарбия кунем. Дар онҳо ғурури миллиро бедор кунем. Мафҳумҳои радикалӣ, таҳаммулнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гурӯҳҳои этникӣ, миллатҳо, нажодӣ, кӯшиши бартарафсозии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунатро дуруст фаҳмонем. Нисбати  эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони дигар мазҳабҳо, таблиғоти ақидаҳои устувор, «Ҳақ будани як таълимоти динӣ», бартараф намудан ва то ба ҳалокат расондани намояндагони динҳои дигар нодуруст будани онро бо далелҳояш собит кардан.

Нисбати  рафтори ҷавонони аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбат ба дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст чораҳои зарурии равонӣ ва таълимиро андеша кунем.

Танқиди  бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои динӣ ва дунявӣ, ки имрӯз хеле ба касрат ба назар мерасад сахт мутташаккилона кору фаъолият бурданамон лозим аст.

Ҳамаи ин андешаҳо аст, аммо бояд имрӯз амал кунем. Тамоми қувваро барои амнияти кишвар, зиндагии осудаву обод масраф намоем. Ба кадри сулҳу салоҳ расиданро омӯзонем. Корро аз муассисаҳои томактабӣ оғоз кардан зарур аст, бачаҳои хурдсол имрӯз дар боғчаҳо бо чи кор машғуланд, ҳама медонем бо тамомшои филмҳои тасвирии хориҷӣ, филмҳои гуногуни хориҷӣ, ки он ба талаботи зиндагии миллати тоҷик ҷавобгӯ нест. Худ қазоват кунед, ба зеҳни кӯдак чиҳо нақш мебандад дар вақти дидани ин маводҳо, баъди ин ба синфҳои ибтидоӣ назар мекунем онҳо бо чи корҳо машғуланд, вақти холӣ ки пайдо карданд бо телефонбозӣ машғул мешаванд, ин ба мо чӣ медиҳад ва ғайраву ҳоказо агар инро пурра таҳлили намоем натиҷаҳои қобили қабул ба дастовардан ғайри имкон аст. Аз ин рӯ давлуту ҳукумат бисёр чорабиниҳо ташкил мекунад, ки бачаҳо ҷалб карда шаванд.  Баъд онҳо ба қадри осудагиву амният расида метавонанд.

Шарипова М. З.-дотсенти кафедраи забон ва адабиёти форсӣ

 

 

 

Аз назар гузарониданд:556 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар