Бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлочияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсати донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ баргузор гашт. Чорабинӣ таҳти унвони “Анҷумани саодату ҳамдилӣ” аз ҷониби донишҷӯёни кафедраи журналистика гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур Хуршеда Усмонова дирктори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Бо садо додани суруди миллӣ чорабинӣ ифтитоҳ гардид. Сипас навори кӯтоҳ аз лаҳзаҳои ҳассос ва ноороми кишвар ва ҳамунин баргузории Иҷлосия тақдирсоз намоиш дода шуд. Сипас донишҷӯён доир ба мавзӯъҳои Ватан, Иҷлосияи ва Пешвои миллат шеър ва гуфторҳо қироат намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби донишҷӯён саҳнаҳои ҷолиб намоиш дода шуд, ки мазмунан тарғибгари худшиносӣ, иттиҳоду ҳамдилӣ, дустиву рафоқат, бародарию сулҳ ва меҳанпарастию бунёдкорӣ буд.
Дар чорабинии мазкур дар баробари қироати шеъру сурду ва намошиши саҳнаҳо маҳсули меҳнати донишҷӯён, наворҳое,ки бевосита дар онҳо хусусиятҳои рӯзноманигорӣ ба чашм мерасид, намоиш дода шуд. Аз ҷумла мусоҳибаҳои гирифтаи донишҷӯдухтар Суман Ҳомидова дар мавзӯи “Нақш ва аҳамияти Иҷлосия” ва наворе, ки донишҷӯён дар Қасри Арбоб сабт намуда буданд, натиҷаи донишу таҷрибаи давоми таҳсил омӯхтаашон ва қадамҳои нахустини онҳо дар таҳияи маводҳои журналистӣ буд.
Дар хотима Хуршеда Усмонова дирктори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва раиси Шӯрои занони донишгоҳ ба донишҷӯён ва ташкилкунандагони чорабинӣ арзи сипос намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







