ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҲИЗБИ СИЁСӢ БОЯД МАНФИАТИ ҶОМЕАРО ҲИМОЯ НАМОЯД.
2017-12-12

Давлати соҳибистиқлоли мо Тоҷикистон дар қатори камтарин давлатҳоест, ки барои ташкил кардану фаъолияти расмӣ  бурдан ба ҳама гуна қувваҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ имконият медиҳад. Далели ин гуфтаҳо 4-ӯми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат ташкил шудани Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) мебошад. Ин амалро гурӯҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ пиёда сохтанд. Вале раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии созмондиҳандагони Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон собит намуд, ки нияташон мувофиқи он нест, ки дар Низомномаи ин ташкилоти сиёсӣ оварда шудааст.

Аслан, худ дар дохили Ислом ташкил шудани созмони сиёсӣ, ки табиатан мақсадаш кӯшиши иштирок дар идоракунии сиёсии давлат аст, ҳодисаҳои маъмулии ҷамъиятӣ маҳсуб намеёбад. Ва харҷ додани кӯшиш барои барпо кардани як қувваи муташаккили сиёсӣ аз тарафи як гурӯҳи фаъоли мӯътақидони динӣ (Ҳизби сиёсӣ бошад, маҳз қувваи муташаккил аст) аллакай амали беғаразона наметавонад ҳисоб шавад. Сухан дар бораи ташкил гардидани чунин ҳизб  аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон меравад, дар ҳолате, ки ин давлат худро дар Конститутсия давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эълом доштааст. Аз тарафи дигар, мавҷудияти чунин имконият худ онро собит мекунад, ки  давлати Тоҷикистон воқеан ҳам дар асоси принсипҳои демократӣ фаъолият менамояд ва дар  ҳаёти ҷомеа ин принсипҳо амалӣ мегарданд.

Ба амал баровардани фаъолияти динӣ бо дарназардошти риояи  тамоми ҷабҳаҳояш дар Тоҷикистон озодона мебошад. Эътироф карда шудани озодии виҷдон дар қонунгузорӣ  гувоҳии ин аст. Фақат бояд, ки ин фаъолият тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи мамлакат сурат бигирад. Вагарна, зарур аст, ки пеши роҳи қонуншиканиҳо аз тарафи ҳизби сиёсӣ саривақтӣ гирифта шаванд. Хушбахтона, имрӯз давлати Тоҷикистон қудратманд аст, то ҳама гуна қонунвайронкуниҳоро, аз он ҷумла аз тарафи ин ё он қувваҳою ҳизбҳои сиёсӣ, пешгирӣ намояд. Ва дар ҳолати содир гардидани қонуншиканӣ, чӣ тавре, ки ин амал аз  тарафи ҲНИТ ба амал бароварда шуд, тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ андешад.

Роҷеъ ба фаъолияти ҲНИТ ва, махсусан, амалҳои ғайриқонунии сарварони он ВАО қаблан низ маълумотҳои мушаххасу далелнокро ба табъ мерасониданд. Маълумоти тоза дар мусоҳибае бо номи “То табаддулот се рӯз монда буд”, ки дар рӯзномаи Тоҷикистон (27.09.2017) чоп гардидааст, ба табъ расид. Дар сӯҳбате, ки байни корманди рӯзнома ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Шамс Одинаевич суръат гирифтааст, далелҳои мушаххас ва раднопазир оиди амалҳои ғайриқонунии ҳизбӣ ва ҳатто амалҳои зиддиконститутсионии роҳбарони ҲНИТ нишон дода шудаанд.

Дар ин сӯҳбат оварда шудааст, ки варақаҳои зиёде омода шуда буданд, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ, табаддулоти давлатӣ доштанд. Ва ин варақаҳо аз бинои марказии ҲНИТ дарёфт гардидаанд. Мавҷудияти ин варақаҳо далели воқеӣ ҳастанд оид ба ниятҳои ғайриқонунии фаъолон ва сарварони ин ҳизби сиёсӣ.

Ҳама гуна ҳизби сиёсӣ, ки дар қаламрави мамлакат фаъолият мекунад, вазифадор аст, ки пеш аз ҳама манфиати ҷомеаро ҳимоя намояд, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кӯшиш ба харҷ бидиҳад, озодии шахсро ҳимоя намояд. Дар мисоли ҲНИТ қайд кардан мумкин аст, ки акси ин амалҳо ҷой доштанд. Сарварони ин созмони сиёсӣ ҳадафҳои ғаразноки худро боло гузоштанд ва дар бораи таъмини рушди ояндаи Тоҷикистон ва таъмини осоиштагии мардум аслан ғамхорӣ накардаанд. Ин буд, ки фаъолияти ин ҳизб аз тарафи мақомотҳои дахлдори давлатӣ қатъ карда шуд ва ин амалест дуруст ва қонунӣ.

Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва озоду дунявӣ наметавонад дигарбора ҷангҳои таҳмилгардидаи шаҳрвандӣ ва дахолати қувваҳои ғаразноки хориҷиро ба ҳаёти созанда ва эҷодкоронаи  хеш роҳ диҳад. Хушбахтона имрӯз давлати Тоҷикистон қудрату тавоноии кофӣ дорад, то ин ки ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя намояд. Тамоми мардуми шарафманди моро зарур аст, ки дар гирди Сарвари Муаззами худ, Пешвои Миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида барои ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои беназири он мубориз бошанд.

Р.Мирсаидов, ҷомеашинос

 

Аз назар гузарониданд:254 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар