ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ХИЁНАТИ НАҲЗАТИҲО
2017-12-12

Хиёнати наҳзаниҳо дар таърихи 4-16 сентябри соли 2015 нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе буд, ки бо дасти беруна омода гардида, бо дасти худиҳо бояд амалӣ мешуд.

Дар ин қазия дигар ҷои пӯшида намонд. Дақиқ шуд, ки Назарзода Абдуҳалим Маъруф бо лақаби «Ҳоҷи Ҳалим» ва гурӯҳи террористии ӯ бевосита аз ҷониби Раиси ҲНИД (манъшуда) Муҳиддин Кабирӣ идора ва роҳнамоӣ мешуданд.

Бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ҳасб намуда ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зӯроварӣ тащйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҳизби номбаршуда, бо собиқ муовини Вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҷониби собиқ размандагони иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба дигарон зиёда 20 гурӯҳи ҷиноятӣ иборат аст 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезӣ шуда, ки аз утоқҳои кори муовини Раиси ҲНИТ Ҳусайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.

Ҳамин тариқ, муайян карда шуд, ки мақсади асосии ҲНИТ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Мавриди таъкид аст, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ва амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тащйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низоъи наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарщибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Раиси собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ (манъшуда) М.Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намуда буд: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазифа дастрасӣ мо мешуданд, ба роҳ монда шуда буд.    

 

Муаллимаи кафедраи фалсафа Ботурова Д.

 

Аз назар гузарониданд:451 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар