ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
2017-12-12

Дар факултети забонҳои шарқ донишҷӯёни ихтисоси арабӣ-англисӣ   бо котиби 2-юми шӯъбаи ташкилии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Абдуллоев Акрам Иброҳимович  вохӯрӣ баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки мавсуф хатмкардаи факултети забонҳои шарқи донишгоҳ мебошад.

Ба вохӯрӣ декани факултет дотсент Ф. Н.  Ғиёсова ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки ин чорабинӣ бо супориши ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед баргузор гардида, садорати факултет ташкили мунтазами мулоқот бо хатмкардагони факултетро ба роҳ хоҳад монд.

Сипас, котиби 2-юми шӯъбаи ташкилии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  А .И. Абдуллоев суханронӣ намуда, ба донишҷӯёни факултет дар бораи давраҳои донишҷӯиаш дар донишгоҳ факултети забонҳои шарқ, ки дар солҳои 1999-2004 таҳсил намудааст нақлҳо карда зикр намуд, ки факултети забонҳои шарқ яке аз факултетҳои ҷавони донишгоҳ буда, соли 1999 ҳамчун шӯъба дар ҳайати факултети филологияи тоҷик ташкил ёфта, аз моҳи июли соли 2002 чун факултети мустақил бо номи факултети забонҳои шарқ дар ҳайати донишгоҳ арзи вуҷуд кардааст.

Дар оғоз ва дар саргаҳи ташкилшавии шӯъбаи фавқуззикр профессорон - У. А  Fаффорова, Н. Ш. Зоҳидӣ., дотсентон – Н. И. Fиёсов ва А. Раупов меистоданд, ки заҳмати таъсиси факултет ва тадриси фанҳоро бар зиммаи хеш гирифтанд. Аз ибтидо дар шафати устодон – муассисони шӯъба устодони араб Амин Муҳаммад Абдуллоҳ Халафуллоҳ (Судон), Абдуллоҳ Ҳамдан (Сурия), Муҳаммад Содиқ Аваз (Миср) ва баъдтар Ёсир Муҳаммад Мансур (Судон), Умар Юсуф Шарру (Сурия) дар факултет аз забон ва адабиёти арабӣ дарс медоданд.

Мавсуф зимни суханронии худ ҳамчунин аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо дониш ва маърифати баланди худ бо ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва кирдорҳои хурофотӣ мубориза намуда, барои ҳифз ва ҳимояи сулҳу суботи кишвари азизамон камари ҳиммат баста, бо нерӯ ва қуввати тавоно дар рушти соҳаи шарқшиносии тоҷик саҳмгузор бошанд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:483 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар