Дар рафти омӯзиши ҳодисаҳои соли гузашта, ҳамаи мо гувоҳи он шудем, ки ҲНИТ- мамнӯъшуда ва намояндагони он, аҳдшиканона ба ба тинҷиву оромии давлат хатар андохтанд. Ин нишонаи он аст, ки онҳо тарафдори сулҳу оромӣ нестанд, балки аз паи манфиатҳои хоҷагони хориҷиву худи онҳо ҳастанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар зери манфиати давлату миллат пеш аз ҳама манфиати халқ меистад на балки манфити шахсӣ.
Мову шумо ба амалҳои онҳо назар кунем, худ дида метавонем, ки сафсатаҳои онҳо асос надорад. Ягона амале, ки онҳо метавонанд ин ҳам бошад, худро ҷабрдида нишон додану танқид кардани давлат аст. Биёед, ба амали онҳо аз назари ҳаққоният баҳогузорӣ намоем, то он даврае, ки онҳо дар мансабҳои баланд менишастанд, давлати мо давлати беназир буд, баъди он, ки хиёнат карданду аз мансаб фориғдӯш гаштанд аз давлати мо давлати зулмкор дар рӯи олам давлат дигаре нест. Чунин рафтори онҳоро чи гуна шарҳ додан мумкин?
Дар қарни XXI ҳар яки мо зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем, зеро қувваҳои гуногуни манфиатҷӯ барои манфиати ғаризонои худ, ҳатто омода ҳастанд, ки давлатҳои тараққикардаистодаро аз байн баранд. Ҳамагон медонанд, ки дини мубини Ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надошта, танҳо рукни муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеа мебошад, чунки қисми зиёди аҳолии кишварро мусулмонон ташкил медиҳанд.
Дар асоси моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Хушбахтона, имрӯз миллати абарқудрати тоҷик бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шукуфоии кишвари биҳиштосои худ софдилона меҳнат карда истодааст.
Мо ҷавонон пайравӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем!
Аҳрори Бузургмеҳр, муаллими
кафедраи умумидонишгоҳиии “Фалсафа”-и
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров







