Дар тамоми давлатҳои дунё ифроггароӣ барои инсоният як фоҷиаи мудҳишест, ки ин фоҷиа ҷомеаро ҳама вақт халалдор месозад.
Дар ҷомеаи қонунӣ дар дохили пайравони дини ислом ифротгаронии динӣ авҷ гирифта, пешгирии он мушкил гардида истодааст.
Дар асри VII дар нимҷазираи Араб Паёмбар Муҳаммад (с) мардумро ба дини ислом даъват карда буд. Ин дин оҳиста-оҳиста оламгир шуд, ки дорои низоми ягонаи эътиқод аст. Вале имрўз ташкили падидаи сиёсиро тақозо менамояд. Барои мисол ҲНИТ (ҲНИШ) бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нофаҳмиҳоро овард. Омилҳои ифротгароии динӣ дар равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бояд гуфт, ки солҳои охир таъсири тундгароии динӣ дар байни ҷавонон зиёд шуда, созмонҳои динии ифротӣ пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият мебурданд. Тоҷикистон, бо вуҷуди давлати дунявӣ буданаш, аз чунин хабарҳо эмин нест. Чунки тундгароӣ дар баъзе минтақаҳо густариш ёфта, ин гурӯҳҳо ба эҳсоси динии аҳолӣ таъсир расонда, бо паҳн намудани идеологияи тундгароии исломӣ, ба он ҷанбаи сиёсӣ доданд.
Гуруҳҳои ситезаҷў, мансабталаб, ҷангҷўй ба монанди Муҳиддин Кабирии шиа мазҳаб ва ҳаммаслаконаш ба ҳар роҳ мекӯшанд, ки ба ҷавонон тарзи таҳрифшудаи шинохти ҷаҳонро, ки ба низоми сиёсии Тоҷикистон мувофиқ нест, такмил бикунанд, вале ҷавонони мо Муҳиддин Кабири ва ҳаммаслаконашро, ҳамчун хоини миллат шинохтанд. Дар таърихи динҳои ҷаҳонӣ ҳолатҳои хусусияти ифротгароӣ касб намудани баъзе ҷараёну шохаҳои онҳо кам нестанд ва имконияти шоҳиди дастгириҳои зиёде дар ин замима шудааст.
Дар замони зиндагии Муҳаммад(с) байни мусулмонон ихтилофе вуҷуд надошт, вале баъди вафоти ў, ҳанўз маросими дафн ба сомон нарасида, масъалаҳое зуҳур намуданд, ки дар оянда асли пайдоиши зиддият дар ҷомеаи мусулмонон гардиданд.
Нақл аз Имом Абуҳанифа ҳаст, ки рўзе мегузашт, кӯдаке дид, ки дар гил бимонда, гуфт, гўш дор, наяфтӣ. Кўдак гуфт, афтодани ман саҳл аст, Агар биафтам, танҳо бошам, аммо ту гўш дор, агар поят билағжад, ҳама мусулмонон, ки аз паси ту оянд, билағжанд ва бархостани ҳама душвор ояд.
Лағжиши иддае аз саркардагони ҷараёни ифротӣ ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш боиси авҷ гирифтани низоъҳои динию мазҳабӣ гардид. Мунозираҳои мазҳабӣ дар замири баҳси илмии саркардагони онҳо зуҳур карда, бо дигар манфиатҳои молию ҷуғрофӣ, шахсӣ, гуруҳӣ ва ифротӣ гузар намуда, ҷомеаҳои исломиро ба хунрезиву моҷароҳо мубтало кардааст. Ин раванд, чунин фитнаҳо, бо вуҷуди мавҷудияташон дар тӯли таърих, ҳеҷ гоҳ хоси мардуми тоҷик дар мазҳаби таҳаммулпазири Ҳанафӣ ва шохаи мовароунаҳрии он набуд. Имрўз низ касе ҳаққи маънавии ба чунин фитнаҳо кашидани мардуми таҳаммулпазири моро надорад. Мо дар баробарӣ ҳушёрӣ ва зиракиамон бояд нағз донем, ки фитнагар, ифротгаро ва таҳаммулнопазир на ба миллат, на ба мазҳаб ва на ба этиқоди мо наздикӣ надорад.
Ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.
Агарчи фаъолияташон бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудааст, пайравонаш аз беруни кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Аммо онҳо дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳанд шуд. Барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои иваз нашавандаанд. Масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан–марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванд Тоҷикистон аст.
Хакимова З. А., дотсенти кафедраи фалсафаи
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров







