ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ВОХЎРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ
2017-12-13

Тибқи ҷадвали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 26 ноябри соли 2017 имсол низ чун анъана бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна касбӣ ва ба ин васила шинос намудани онҳо ба шароити таълиму тарбия дар коллеҷу, донишкадаву донишгоҳҳои ҳудуди вилоят мулоқоти сарварони муассисаҳо бо хатмкунандогон доир шуда истодааст.

Мулоқотҳо аз санаи 29 ноябр оғоз гардида, то 28 декабри соли ҷорӣ дар 18 шаҳру ноҳия баргузор карда мешаванд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси ҷадвали пешниҳодгардида нақша ва ҷадвали вохўриҳоро қабул намуда, ҷиҳати фаъол ва босамар гузаронидани иқдоми мазкур ҷидду ҷаҳд намуда истодааст.

Вохўрии нахустин санаи 29-уми ноябр дар ноҳияи Айнӣ дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал бо ҷалби беш аз 400 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир шуд. Дар ин мулоқот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ - сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Олимҷон Мирмухаммедов ва сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд Сарҳадов Бахтиёр ҳайати роҳбарони муассисаҳои олиро ҳамроҳӣ намуда буданд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бошад муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ Азизов А.Ҳ. намояндагӣ кард.

Санаи 30-уми ноябр вохӯрӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои миёнаи умумии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар қасри фарҳанги ноҳия сурат гирифт. Чорабиниро раиси ноҳия Раҷабзода Маҳмадҷобир оғоз намуда, оиди дастовардҳо ва масоили пешбурди соҳаи маориф дар ноҳия суханронӣ кард. Намояндаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалии Азизов А.Ҳ. зимни суханронии худ бо истифода аз муаррифӣ ва наворҳои рекламавӣ ба иштирокчиён оид ба  ба вазъи таълиму тадрис, илму инноватсия ва тарбия дар донишгоҳ маълумот пешниҳод намуд. Мутобиқи маълумоти мавсуф айни ҳол дар донишгоҳ айни ҳол 96 нафар донишҷўён аз ин ноҳия таҳсил мекунанд, ки аксарашон бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд.

Санаи 1.12.2017 дар Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хонандагон (хатмкунандагони соли хониши 2017-2018)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Панҷакент баргузор гардид. Дар вохӯрӣ беш аз 500 нафар хонандагон ширкат доштанд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода чорабинии мазкурро имконияти хуб барои интихоби касб арзёбӣ намуд.

Тибқи муқаррароти ҷадвали вохўриҳо санаи 5 декабр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 300 нафар хатмкунандагон мулоқот бо роҳбарони мактабҳои олии вилоят доир гардид. Муовини раиси ноҳия Мастура Комилова зарурати роҳандозии чунин ташаббусҳоро дар интихоби касби ҷавонон нек арзёбӣ намуда, қайд кард, ки мактабиёни ноҳия мунтазам дар олимпиадаву дигар озмунҳо ширкат варзида, ҳамзамон шумораи хатмкардагони ба мактабҳои олии кишвар дохилшаванда дар қиёс ба дигар шаҳру навоҳӣ зиёд буда, танҳо соли гузашта беш аз 50 фисади хатмкунандагон сазовори номи донишҷӯи гардиданд.

Дар ин мулоқот нахуст сухан ба ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло дода шуд. Ҷамшед Ҷуразода дар суханронии худ қайд намуданд, ки миёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳама бештар донишҷўён аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Айни ҳол дар донишгоҳ 3105 нафар донишҷў аз ин ноҳия буда, ҳамасола зиёда аз 500 нафар мутахассисонро донишгоҳ ба ин ноҳия сафарбар мекунад. Имрўз хатмкунандагони мактабҳои миёнаи ноҳия 4966 нафарро ташкил дода, теъдоди муайяни онҳо аллакай дар курсҳои тайёрии донишгоҳ таҳсил намуда истодаанд.

Ҳамин тариқ тибқи ҷадвал дар шаҳру навоҳии Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич ва Зафаробод низ вохўрӣ бо хонандагони (хатмкунандагони соли хониши 2017-2018) муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор карда шуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:564 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар