Дар толори факултети филологияи тоҷик мулоқоти донишҷӯён бо сардори Шӯъбаи ташхиси криминалистии Раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Мақсадзода Обидин Ибодӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ Ҳодибоев Фаридун – мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ, Шамсиева Манзура- мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят, Ф. Баҳриев - муовини декан оид ба тарбия ва донишҷӯён иштирок карданд. Дар ибтидо мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ, дотсент Ф.Ҳодибоев аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки бо ибтикори хушоянди Ҷаноби Олӣ, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардид. Дар доираи ин тадбир идораву мақомотҳои гуногун, аз ҷумла сохторҳои низомӣ бо ҷавонони кишвар вохӯриву сӯҳбатҳо дар мавӯъҳои гуногун доир менамоянд. Аз ҷумла масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мубориза бар зидди терроризму экстремизм доир намуда, барои ҳалли мушкиливу муаммои онҳо мусоидат карда истодаанд.
Пасон суханро ба ихтиёри Мақсадзода Обидин Ибодӣ гузошт. Сардори шӯъбаи ташхиси криминалистии Раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Мақсадзода Обидин Ибодӣ ба сухан баромада, андешаҳои хешро дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва масъалаҳои экстремизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ- ифротгароӣ ва хатари онҳо барои ҷомеа ва давлат изҳор намуд. Қайд шуд, ки Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ баланд бардоштани вазъи иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Мақсади Қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Ҳамчунин қайд шуд, ки имрӯзҳо дар самти пешгирии ҷиноятҳои дар байни ноболиғон ва ҷавонон мавҷуд буда, даъвати донишҷӯён барои кӯмак дар пешгирии амалҳои номатлуб, шомил нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ баён дошт ва аз ҷумла, зикр кард, террор ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсад, маром ва ниятҳои хатарноку нопок, тамаъҷӯӣ манфиатҳои хеш, зуҳурот ё падидаи ниҳоят хатарнок, даҳшатовар барои ҷомеа ва амнияти мардум мебошад.
Баъдан аз тарафи донишҷӯён саволҳо ва таклифҳо пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷом муовини декани факултети филологияи тоҷик, дотсент Ф. Баҳриев аз номи садорати факултет ба меҳмонон барои ширкат дар ин мулоқоти судманд, ки беш аз як соат давом кард, изҳори сипос намуда, афзуд, ки аҳли нишаст мӯҳтавои чорабинии имрӯзаро ба рафиқону пайвандони худ расонанд, то онҳо низ барои оромиву осудагии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва аз содир намудани ҳар гуна ҷиноятҳо худдорӣ намоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







