Мо, ҳамватанон, аз ҷумла омӯзгорон воқеаву ҳодисаҳое, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир руҳ дода истодаанд бетараф гузошта наметавонад. Шоиста нест, ки ҷавонон гирифтори қавли бебунёди се-чор нафар хурофотпарасту ифротгаро шуда, арзишҳои олии миллӣ ва ватандории худро нодида гиранд.
Боиси таассуф ва нигаронист, ки имрӯз аз ҷониби бархе аз ҳамватанони мо амалҳои носавобу бехирадона сар зада истодаанд. Вақте мебинем, ки ҳамватанони мо нисбат ба ин арзишҳои муқаддас беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд, мо бояд хомӯшу бетараф набошем.
Таърих собит намудааст, ки аҷдоди гузаштаи мо дар асоси ақидаи солим, маорифпарварона ва инсондӯстонаи худ дар зеҳни мардуми олам ақидаҳои тахаммулгароёна ва тараққиҳоҳонаро тавсия ва такмил додааст.
Аз ин лиҳоз, ба намояндагони миллате, ки бо маърифати ирсии худ барои бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуҳуқбунёд ва фарҳанги асос гузоштаанд, ба доми фиреби миллатситезону қудратталабон афтодану, тақдири ояндаи миллатро зери хатар мондан шоиста нест.
Имрӯз сарнавишти талхи мардуми овораи як қатор кишварҳои ҷаҳон барои ҳар нафаре, ки барояш дину имон ва ватану давлат арзиш доранд, сабақи бузургест.
Оё мо имрӯз аз неъматҳои худододи сулҳу амният бархӯрдор нестем? Оё мо то ҳамон дараҷа бемаърифату ғафлатзада ҳастем, ки фирефтаи даъватҳои назарфиребонаи чанд нафар бемаърифатон шуда бошем.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо ва танҳо сулҳу суботи ҷомеа метавонад заминаи ободӣ, пешрафти илму ҳунар, дину фарҳанг ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мо шавад. Мо бояд бо чашми ақл бубинем, ки он бунёдкунандагони хилофати ба ном ислоиӣ аз зудбоварии насли ҷавон ва ҳамватанон истифода бурда, мехоҳанд сулҳу суботи ҷомеаро халалдор созад.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ барои дигар пойбандии худро ба идомаи муборизаи машрӯъ барои расидан ба як ҷомеаи мардумсолор, қонунмеҳвар ва адолатпеша дар Тоҷикистон изҳор медорад ва таъмини амну субот, манфиатҳои миллӣ, озодиву ҳуқуқи инсонро аз авлавиятҳои худ меҳисобад. Барои расидан ба ин аҳдоф, омодаи ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои дӯст, созмонҳо ва гурӯҳҳои созанда мебошад.
Агар ба таърихи 25 соли Истиқлолият назар кунем, чӣ қадар ободкориву созандагӣ, бунёдкорӣ дар кишвар, аз ҳама бештар сулҳу суботи пойдор ва устувор барои мардум фароҳам оварда шудааст.
Атоев дотсенти кафедраи умумилонишгоҳии фалсафа







