ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БО ДУШМАНИ МАН ЧУ ДӮСТ БИСЁР НИШАСТ
2017-12-14

Тавре, ки аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи телевизиони марказӣ дар як филми мустанади 45-дақиқаӣ се нафарро шиносоӣ кард, ки дар қатли шахсиятҳои маъруфи кишвар даст доштаанд, иттилоъ ёфтем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон сарпарастии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1997 будааст.

Маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон яке аз манбаҳои хатар дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳизби террорристию экстеримистӣ шинохта шудааст. Ва боиси нигаронист, ки кишваре ки бо мо дӯсту ҳамзабон дар фарҳангу дин ҳам ақида, солҳои аввали  Истиқлолият шахсиятҳои бузурги Тоҷикистонро барои қатл расонидан гуруҳҳои махсус омада намуда, ба кори бадбин даст задаст. Ин амали кишвари исломии Эрон мисраҳои зерини Шайхурраис Абуали Ибни Синоро ба ёд меорад:

 

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бора нишаст.

 

Яке аз масъалаҳои ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терорризму экстремизм ва зиёдшавии шиддатноки гурўҳҳои ифротгаро мебошад. Мутассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бар канор нестанд. Мисоли равшани онро мо метавонем дар фаъолияти аъзоёни ҲНИТ, мушоҳида карда бошем, ки аз соли 1991 оғоз карда, ҳамчун ҳизби қонунӣ дар ҳудуди мамлакати мо ташвиқот бурда, шаҳрвандонро озодона ба сафи худ даъват менамуданд. Аммо аз ҳайати Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ошкор шудани шахсони ифротгаро, ки ба ташкили ҳаракатҳои терористӣ мусоидат менамуданд, назари моро ба ин ҳизб дигар кард. Ҳизбе, ки барномаи худро бо мақсади таҳкими ғояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявиятгаро ва демократихоӣ навишта буд, акси он амал мекардаст. Чунин амалҳоро дар рафтори Ҳоҷӣ Ҳалим ва пайравони ў Тағоймурод Aшрапов, Aбдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов ошкора баён намуданд. Маълум мешавад, ки онҳо аз аввал ҷавононро имрўз гумроҳ сохта ба хиёнати ватан даъват мекардаст.  Зиёдшавии теъдоди ашхосони хиёнаткор, ташкили шўру ошубаҳо, гурӯҳҳои диверсионӣ, хусусан аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ аз асли рукнҳои дину диёнат, оқибат ба ҷангу ҷидол, парокандагии халқу миллат ва таназзули давлат, пастравии иқтисодиёт, ки ба ин васила барои аз байн бурдани давлати мустақилу миллати тоҷик заминаи мусоид мешавад, оварда мерасонад.

Даст задан ба амалҳои номатлуб, ки яке ҳамчун аъзои фаъоли ҲНИТ дигаронро ба терроризм ва дигаре аз номи поки дини ислом мардумро ба амалҳои акси меъёрҳои он даъват менамояд, албатта, зери мазаммати давлату ҳукумат, алалхусус ҷомеа қарор мегирад.

Қатъ кардани фаъолияти ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устувор буд, ки аз ҷониби ҳукумат баҳри нест кардани тарғиботу ташвиқоти гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ва амнияти дохиливу байналхалқӣ. Филми мустанад ва «қаҳрамон»ҳои ӯ исбот кард, ки дарҳақиқат ҲНИТ ташкилоти террористӣ буда, ҳаммаслакони худро дар хориҷ доштаст.

Дар навбати худ шаҳрвандон бояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна равияву ҳаракатҳое, ки аз номи ислом бар зидди ислом баромад мекунад, шомил нашаванд. Баръакс онҳо метавонанд дар ошкорсозии чунин гурўҳҳо саҳми хешро гузошта, ба ин васила содиқияти хешро ба давлату миллат иброз намоянд. Имрўз вақти он аст, ки мо ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро ба таълими илму ҳунар водор созем. Сулҳро чун бузургтарин неъмати рўи олам эҳтиром карда, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагии хешро пеш барем.

Аслиддин Пӯлотов, доктори илмҳои фалсафа,

профессори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ,

Турсунҷон Каримова, номзади илмҳои фалсафа,

                        дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ                 

 

Аз назар гузарониданд:498 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар