Имрӯзҳо ҷаҳони муосир ба рушди бемайлони илму техника рӯ овардааст, ҳар лаҳза навгоние дар ягон ҷодаи илм ё кашфиётҳое дар ягон соҳаи техника ба вуҷуд меоянд. Аммо новобаста аз ин, то ба ҳол проблемаву мушкилотҳое ҳастанд, ки баррасӣ ва ҳаллу фасли он кӯшиши дастаҷамъонаро тақозо мекунад. Яке аз проблемаҳои глобалие, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, ин пайдоиши зуҳуроти ифродгароёна ба мисли терроризму экстремизм ва амсоли инҳо маҳсуб меёбанд. Терроризм ва экстремизм ин ташкили хатар ба амалдории вазъияти ноором, муҳити пур аз тарсу хавф мебошад. Худи вожаи терроризм низ маънои тарсу ҳаросро дорад. Террористон мақсаду маромҳояшонро бо роҳи зӯроварию куштор, хунрезиву тарс амалӣ намудан мехоҳанд.
Экстремизм низ яке аз падидаҳои номатлуб буда, худи экстремизм маънои ифродгароиро дорад. Ин зуҳуроти ифротӣ ҳадду ҳудуд надорад ва бештар ба ин гуна гурӯҳҳо ҷавонон шомил мешаванд, ки ин хеле ташвишовар мебошад. Он ҷавононе, ки дониши кофии диниву дунявӣ надоранд ва бекору саргардон ҳастанд, бештар ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд.
Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хуб қайд карда буданд, ки "Терроризму экстремизм - Ватан, дин, мазҳаб надорад, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист."
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳо фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо ғайрирасмӣ ва мамнӯъ эълон карда шудааст, ки яке аз онҳо ин Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон мебошад. Аъзоёни ин ҳизб доимо ғояҳои худро тарғибгар буданд.
Симои ҳақиқии ҲНИТ вақте ошкор гардид, ки мардум ба эшон боварӣ доштанд ва пас аз дигарбора ба қайд гирифтани он ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар кишвар аъзоёни ин гурӯҳ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ ва васоити ахбори омма эътироз баён намуданд. Маҳз хиёнате, ки аз ҷониби ҳизбиён дар таърихи 4-16 уми сентябри соли 2015 барои ғасби ҳокимият ба амал бароварда шуд, нобахшиданӣ ва хело ҳам муассиркунанда буд. Бо вуҷуди он, ки имрӯз дар кишвар муҳити инкишофи озодона ва рушду нумӯи арзанда дар зери осмони софи даврони истиқлол фароҳам аст, лек дарёфт мешаванд турфа хиёнаткороне, ки наметавонанд ин гуна дастоварду пешрафти бемайлони ин марзи поку муқаддасро бубинанд. Бо дарназардошти ҳамаи ин 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ фаъолияти Ҳизби Назҳати Исломи Тоҷикистон мамнӯъ ва дар қаламрави кишвар фаъолияташ манъ гардид. Маҳз ин ташкилот ва ташкилотҳои дигаре амсоли он ба оромиву суботи кишвар хатар эҷод менамоянд ва бар зидди ваҳдати якпорчагии давлату миллати мо мебошанд. Бинобар ин моро мебояд, то дар баландбардории савияи дониши ҷавонон кӯшиш ба харҷ диҳем, то онҳо ба чунин гурӯҳҳову ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нашаванд.
Бо шукргузорӣ аз ваҳдату якпорчагии кишвари ҷоноҷон мо бояд кӯшем то бо амаламон, бо кору рафторамон содиқ буданамонро нисбат ба Ватан, нисбат ба Пешвои миллат исбот намоем.
Мо зидди зуҳуротҳои номатлубе мебошем, ки ҷомеаи моро фасод меоранд. Мо дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат мекӯшем, то дар ҷомеаи орому осуда умр ба сар барем.
Декани факултети забонҳои хориҷӣ
дотсент Абдуллоева М.А.v







