ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ВОХӮРИИ РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО БО ДОНИШҶӮЁН
2017-12-15

Тибқи ҷадвали Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии вилояти Суғд аз 28-ноябри соли 2017 вохурии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи ксбии маркази вилоят бхшида ба соли 2017 – соли ҷавонон ва соли нави милодии 2018 идома дорад. Гуфта мешавад, ки ҳадафи вохӯрии раисони шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати ҳар чӣ бештар фаро гирифтани донишҷӯён ва бохабар гардидан аз зисту зиндагонии онҳо аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, минбаъд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ низ вохӯриҳо доир намоянд. Дар радифи дигар вохӯриҳои раисони шаҳру навоҳии вилоят  дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ мулоқоти раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Назирӣ Зариф Вализода бо донишҷӯёни   ноҳия баргузор гашт.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров калонтарин ноҳия дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров 3211 донишҷӯён аз ин ноҳия таҳсил мекунанд. 

Дар мулоқот Зариф Назирӣ донишҷӯёнро ба соли нави мелодӣ таҳният гуфта, ба донишҷӯён саодати зиндагӣ таманно кард ва аз ҳар яки онҳо даъват ба амал овард, ки хуб хонанд ва муттахассиси кордон тарбия ёбанд. Ҳамаи донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят аз ҷониби раиси ноҳия идрорпулии яквақтаро соҳиб шуданд. Ба 100 нафар донишҷӯён дар ҳаҷми 50-сомонӣ ва 500-нафар 20-сомонӣ маблағи пулӣ тақдим карда шуд. Дар маҷмӯъ 15-ҳазор сомонӣ ба донишҷӯён ба ҳайси идрорпулии яквақтин супорида шуд.

Зимни вохурӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар бахши саволу ҷавоб фаъолона ширкт варзида, ба саволҳои худ посух гирифтанд. Ҳамчунин Аниса Вайдуллоева донишҷӯи соли аввали донишгоҳ ба Назирӣ Зариф Вализода барои муттаҳид сохтани донишҷӯёну кадрҳои ҷавон изҳори сипос намуд, иброз дошт, ки дар донишгоҳ барои таҳсили донишҷӯён тамоми шароитҳо муҳайё аст.

Донишҷӯён аз роҳбарияти ноҳия ва масъулин талаб карданд, ки ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар соҳаи маориф ва тандурустии ноҳия ба онҳо диққат дода шавад.

Баъди анҷоми вохӯри барномаи фарҳанги фароғати аз ҷониби  ҳунармандони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  пешниҳод гардид.

Вохурии раисони шаҳру наоҳии вилоят бо догнишҷӯён иқдоми раиси вилояти Абдураҳмон Қодирӣ буда, дар миқёси ҷумҳурӣ танҳо дар вилояти Суғд роҳандозӣ мегардад. Ҳамчунин раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо донишҷӯёне, ки дар муасисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд вохурӣ баргузор менамоянд.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:469 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар