ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ БА ҲИЗБ ЭҲТИЁҶ НАДОРАД.
2017-12-15

Аз сабаби он, ки Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо иҷро ва сарпарастӣ намудани амалҳои ғайриқонунии хусусияти террористӣ ва экстремистӣ машғул шуд, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ба ин нигоҳ накарда, фаъолони ташкилоти мазкур бо нияти сиёҳ кардани авзои сиёсии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва иғво андохтан дар байни мардуми осоиштаи он, фаъолияти ғаразноки худро берун аз қаламрави Тоҷикистон идома дода истодаанд, ки боиси халалдор шудани ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) шуда истодааст. Бо номи муқадаси дини мубини ислом номгузорӣ кардани ҳизб ин риоя накардани оятҳои Қуръон мебошад. Тафриқаангезӣ дар оятҳои Қуръону ҳадисҳои нобавӣ маҳкум карда шудааст ва дини ислом ба дастгирии ягон ҳизб муҳтоҷ нест. Зери ниқоби дини мубини ислом танҳо шахсони худобехабар амалҳои нангинро иҷро менамоянд. Бо амалҳои нангини худ онҳо обрӯи мулалмонини дунёро мерезонанд. Қату куштори шахсони бегуноҳ, азобу шиканҷаҳои шахсони бегуноҳ инҳо гуноҳи кабиро буда, аз нуқтаи назари шариати ислом маҳкум карда шудааст. Мувофиқи гуфти пайғамбари ислом Муҳаммад (с.с) мусулмони ҳақиқӣ, шахсест, ки дигарон аз забон ва дасти ӯ озор намебинанд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз гуфтаҳои собиқ намояндагони он ва бар меояд, ки мақсадаш на ҳифзи ҳуқуқӣ мусалмонон, балки резонидани обрӯи онҳо мебошад. Ҳар як ҳизб новобаста ба сохтору ақоиди сиёсиаш дар назди худ як вазифа мегузорад, ки он соҳиби мансаб шудан мебошад. Баъди ба сари ҳокимият омадан аъзоёни ҳар як ҳизб кӯшиш мекунанд сотори давлатиро мувофиқи низоми худашон ба роҳ монанд. ҲНИТ низ баъди ташкилёбиаш танҳо як мақсад дошт, ғазби ҳукумат, сарнагум сохтани сохти давлатдорӣ, барпо кардани давлати исломӣ. Барои ноил гаштан ба ин мақсади ғаразнопокашон онҳо аз номи дини ислом баромад намуда, давлату тенҷу оромро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ғӯтониданд. Дар натиҷа ин ҷанги бемаънии бародаркуш зиёда аз 150000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд. Мардуми зиёди қисмати ҷануби Тоҷикистон ба Авғонистони ҷангзада аз тарси ҷон ва номуси зану фарзандҳояшон фирор карданд. Хушбахтона бо ташабуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба ватан бар гардонида шуда, дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ танинандоз гашт  Онҳо хабар надоранд, ки ҳоло вазъияти сиёсии Тоҷикистон ҳамчун солҳои 90-ўми асри гузашта набуда, балки сокинони кишвар аллакай гирди сарвари арзандаи худ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон ҷамъ омада, ҳаёти оромонаю осудаҳолона мебаранд, ки гарави баланд шудани некўаҳволии халқи азияткашидаи тоҷик шуда истодааст. Аммо, ҳар як аъзои ҷамъияти кишвар бояд дар назар дошта бошанд, ки душманони миллат аз ниятҳои щаразноки худ ҳоло даст накашидаанд ва кўшиш доранд, ки бо ҳар роҳ байни мардум иғво андозанд ва аз ҳамин сабаб,  бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар сатҳи сиёсӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд, нагузоранд, ки минбаъд ягон шахс фирефтаи доми душманони миллат дар дохил ва хориҷи кишвар нагарданд

Хоинони миллати тоҷик бо роҳбарии ҲНИТ, борҳо кўшиши табадулоти давлатиро карданд, вале халқи шарафманди тоҷик  онҳоро дастгирӣ нанамуд ва сохторҳои қудратии саркардагон ва иштирокчиёни ин табадуллотро несту нобут карданд ва хушбахтона, ҳоло дар Тоҷикистон тинҷию оромӣ ҳукмфармо мебошад.

 

 

  Д.Х. Абдуллозода н.и.и.дотсент,

                                                    мудири кафедраи «Баҳисобгирии

                                     муҳосибӣ ва аудит», ДДХ ба

                                       номи академик Б.Ғафуров

 

 

 

Аз назар гузарониданд:506 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар