ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ҶАМШЕД ҶЎРАЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ
2017-08-31

Таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2017-2018-ро ба ҳамаи Шумоён устодон ва донишҷўёни арҷманд таҳният гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ, рўзгори обод, кору таҳсили намунавиро орзумандам.
Давлату Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму фарҳангро дар мазҳари сиёсати дурнигаронаи хеш қарор додаанд, ки бахусус ба пешрафти мактабу маориф, таълиму тарбияи насли навраси ояндасоз ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ҳамаҷониба мусоидат менамояд. 
Президенти кишвар дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани  донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштанд ва дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои зиёдеро дар ин самт  амалӣ гардониданд.
Истиқлолияти давлатӣ, хираду маърифат барои миллати тамаддунсози мо падидаи бемисл, боазамату таърихиест, ки мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.
Хирадпешагии азалии мардуми тамаддунофар ва Истиқлолияти тоҷикон худ рамзи соҳибдавлатию ватандорист. 
Ин васила, аллакай халқҳои дигари дунё эътироф намудаанд, ки мо – тоҷикон миллати покгуҳар ва соҳибхирад ҳастем, тамаддуни қадим ва анъанаҳои ибратомўзро ба мерос гирифтаем, шарафи миллӣ ва меҳри Ватанро қадр мекунем, хирад ва соҳибистиқлолӣ барои ҳар як шахси ватандўст – шаҳрванди Меҳани маҳбуб ва бонангу номус муқаддас аст. Маҳз соҳибистиқлолӣ ва соҳибмаърифатӣ имконият фароҳам меоварад, ки ба ояндаи дурахшони мамлакатамон заминаи мусоид гузошта шавад. 
Имсол низ чун анъанаи нек Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли нави таҳсилро бо ифтитоҳи иншооти нави таълимӣ оғоз бахшиданд. Субҳи 30-юми августи соли равон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи ВКД ҶТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми муҳассилин ва аҳли маорифи кишварро бо Рўзи дониш ва дарси сулҳ  табрику таҳният намуда, аз наврасону ҷавонон талаб намуданд, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд.
Воқеан, рўй овардан ба илму дониш ва хираду маърифати воло ин афрўхтани чароғи дидагон, калиди саодат, шукуфоии ҳаёти имрўзу фардост. Асоси бисёр талошҳои созандагию ободкориҳо маҳз ба шарофати соҳибхирадиву илмсолорист. Ормонҳои неки созандагиву бунёдкорӣ дар айёми соҳибистиқлолии Ватан аз ҳар яки мо – аҳли ҷомеа, бахусус олимон, устодон, донишандўзон, дар маҷмўъ – кормандони соҳаи маориф бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ  намудани насли ҷавони кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеаро тақозо дорад. 
Баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми омӯзгор дар ҷамъият, дарёфт ва тарбияи донишҷўёни боистеъдод, бузургдошти илму дониш, маърифату маънавиёт дар ҷомеа минбаъд низ дар меҳвари фаъолияти раёсати донишгоҳ қарор хоҳанд гирифт. 
Аз ин лиҳоз донишгоҳ барои омодагӣ ба соли нави таҳсил як қатор корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазкуниро ба сомон расонида, ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмиву инноватсионӣ ва тарбиявӣ донишҷўёнро истиқбол мегирад.
Имрўзҳо мо дар остонаи таҷлили ҷашни 85-солагии ин махзани илму ирфон, боргоҳи маърифат ва маскани нуру зиё – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қарор дорем ва мутмаъинем, ки ҳар як узви ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ бо дасту дили пок ва меҳнату дониши софдилона барои нафъи халқу миллати азизамон сайъ хоҳад намуд.  
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Соли нави таҳсил, Рўзи Дониш самимона таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, иқболи нек, хушбахтиву хушрўзиҳоро таманно мекунем.
 Соли нави таҳсил ва Рўзи Дониш муборак!
 
 
 
Аз назар гузарониданд:765 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар