ба қафо
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ “ХАЗИНАИ ҲИКМАТ”
2017-09-21
Дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли хониши равон семинари илмии “Хазинаи ҳикмат” ба ҷаласаи аввалини худ оғоз бахшид. Семинари илмии мазкур мувофиқи нақшаи кафедра, ба кор шурӯъ намуда, ҳафтаи сеюми ҳар моҳ гузаронида мешавад.
Дар семинари аввалин ду маърӯзаи илмӣ шунида шуда, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, ки семинари “Хазинаи ҳикмат” бо мақсади баррасӣ ва муҳокимаи мақолаҳо, корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати такмили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодашавии олимони ҷавон барои дифои рисолаҳои худ гузаронида мешавад.
Мудири кафедра доктори илмҳои фалсафа А. Атоев тасмим дорад, ки минбаъд кори семинарро ба таври кушод ба роҳ монда, ба он мутахассисони варзидаи вилоят ва ҷумҳуриро даъват намоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:439 нафар
баён кардани ахборот