ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОНИ ҶАВОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
2017-12-15

Дар толори Маркази илмии Хуҷандии АИ ҶТ ҷаласаи ҷамъбастии «Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» бо мақсади рушди  ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкорону навоварон, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят ва бахшида ба эълон гардидани соли 2017 чун Соли ҷавонон, ки бо фармони раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ таҳти рақами №85 аз 28.02.2017 ба табъ расида буд, гузаронида шуд.

Дар озмун намояндаҳои 12 нафар донишгоҳҳои дар вилоятбуда иштирок карданд. Дар байни иштирокчиён донишҷўён, магистрантон, аспирантон ва унвонҷўён буданд. Аз Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафурови  факултети физикаю техника, бо роҳбарии омўзгорони кафедраи электроника, профессор Ҳ. А. Тошхўҷаев, сармуаллим В. Сидиқов, дотсент С. Алимов,  сармуаллимон  Н.  Ҳаитов ва А. Ҳакимов, донишҷўи курси 4-уми ихтисоси дастгоҳҳои электронӣ Камолҷон Мирсаидов дар мавзўи «Коркарди схемаи электронии автоматии идоракунии равшанидиҳандаҳо» ва донишҷўи курси 2-юми ихтисоси  электроникаи тиббӣ Абдураҳмонов Сулаймон  дар мавзўъи «Коркарди схемаи электронии таҷҳизоти идоракунии ҳарорат » ва «Интиқоли энергияи электрикӣ бидуни ноқил» бо навовариҳои худ баромад намуданд.

Дар ин озмун ихтироъкорон ва навоварон корҳои беҳтарини худро пешниҳод намуданд.

Донишҷўи соли 2-юми  ихтисоси   «Электроникаи тиббӣ» Сулаймон Абдураҳмонов  дар байни донишгоҳҳо дар ин озмун ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Садорати факултети физикаю техника иштирокчиёни ин озмуни бошукўҳ ва роҳбарони онҳоро бо баргузории чунин як чорабинии муфид, ки ба пиёда сохтани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2016с.) нигаронида шудааст, самимона шодбош гуфта, ба онҳо парвозҳои боз ҳам баландтарини илмиву эҷодиро таманно дорад.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:614 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар