Дар раванди ҷомеа муттамаддини мо тоҷикон, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, дар ин моён дар саҳнаи сиёсат ҳаргуна гурўҳҳои тундхўву тундгаро ворид шуданд ва дар байни ҷомеа оммаи халқ иғво андохтанду халқро ба хоку хун яксон намуданд. Дар ин саҳна барои мардумро ба ҷангу ҷаҳолат роҳсипорнамудан аз ҳаргуна роҳу воситаҳо истифода намуданд. Инчунин дар ин раванди ҳунрез яке аз саҳмгузорони асосӣ ин ташкилоти террорисӣ – экстеримистии ҲНИТ, ки нав таъсис ёфта буд бо мақсадҳои зишту нопоки худ мардумро ба гирдоби хун кашид.
Ин афрод бо ном мо мусулмон ва мехоҳем давлати исломиро ташкил мекунем шиори худ эълон намуда барои халқу миллат зуму ситам карданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин афродро соли 1997 ба хотири сулҳу суботи Ватани азизамон авф намуда, қисме аз онҳоро ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҷалб намуданд. Вале ҲНИТ ва аъзоёни он ин ҷавонмардии роҳбари давлатро қадр накарда дар ин солҳо хапу махфи ба хиёнату куштору таҷовуз ва иғвогару тафриқаандозӣ кушидан, на барои пешрафту сулҳу суботи кишвар.
ҲНИТ дар тўли фаъолияти худ идае аз мардуми моро ба гумроҳӣ кашида, нисбати давлату давлатдорӣ ва аҳолии осоишта бадиву бадахлоқиро ба аъзоёни худ омўзонданд. Онҳо мардумро фиребу найранг намуда аз номи ислом истифода намуданд ва дигаронро ғайри мусулмон шуморида, ҳатто кофир хонданд. Мақсади ҳар як ҳизб ё ташкилот ин пеш аз ҳама барои рушду инкишофи ҷомеа мебошад. Вале мақсади ҲНИТ ва аъзоёни он чунин набуд, зеро онҳо аз рўи фикру ақидаи бегонагон фаъолият менамуданд. Бо чунин фикру ақидаи бегонагон ва хоҷагони худ арзишҳо ва манфиатҳои миллату халқро поймол намуданд. Бо номи ислом ҳизби худро муаррифӣ намуда, исломро дар байни ҷомеа хато ва аз аслаш дур роҳандозӣ намудаднд. Онҳо ба халқу миллати тоҷик, инчунин ба дини мубини Ислом хиёнат намуда, арзишҳои диниву миллии моро поймол намуданд, хиёнат карданд.
Мақсади асосии ҲНИТ ин сарнагун сохтани ҷомеаи осоишта ва конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор рафта, аз номи ислом истифода намуданд.
Имрўз миллати тоҷик хуб дарк намуданд, ки маҳз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо ғояҳои хурофотпарастона ва иғвогаронаи аъзоёни ХНИТ рохандозӣ шуда буд. Онҳо мехостанд бо ин амали худ сохти Конститутсионии кишварро тағйир дода, дар сохти идоракунии давлат табаддулот ворид намоянд.
Фаъолият ва мақсади асосии «Давлати исломӣ» ва ҲНИТ низ якест: ба даст овардани қудрат ва ташкил кардани давлати асримиёнагии исломӣ. Бо чунин мақсад онҳо мехостанд давлатеро ташкил кунанд, ки дар он зулм, ситам ва ҷаҳолату ифротгороӣ дар он фароҳам ва тадриҷан фаъолият намояд. Чунки ХНИТ аломатҳои дигари Давлати исломӣ ва ДОИШ дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият намуда истода буд. Давлати исломӣ ва ДОИШ ошкоро фаъолият мебурданд, ҲНИТ бошад махфиёна фаъолият мебурд. Фарқ байни онҳо ҳамин аст, дар асл ҳамашон як мафкура доранду аз рӯи як низомномаи зишту кӯтоҳназаронаи худ дар якҷояги дар давлатҳои гуногун фаъолият мебурданд.
Аҳли ҷомеаи муттамаддини кунунаи халқу миллати мо ҳаргиз хиёнату рафтору кирдори ин ҳизбро набебахшанд. Зеро онҳо хуни мардумро рехтанд, модару падарро бефарзанд фарзандро бемодару падар карданд, даст ба номуси болиғу ноболиғ ва ҳатто ба баччабози даст заданд. Магар ин гуноҳ бахшиданист? ҳаргиз не!
Мудири кафедраи умумидонигоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Бердишукуров Абдунаим
муаллими кафедраи умумидонигоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Аюбов Ҳаётулло
v







