Дар урфият мегӯянд, ки “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Инак, дар ин дафъа низ чунин шуд. Ҳадафи як гуруҳ бадхоҳони миллат ва душманони Тоҷикистони соҳибистиқлол ошкор шуду, кору афкори каҷи онҳо ҷомаи амал напӯшид.
Аз суҳбати Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст, огоҳ шудем, ки соли гузашта дар кишвари азиз мо қариб табаддулот руҳ додааст. Як гуруҳ бадхоҳони миллат истифода аз мансабу вазифаи худ хастанд, бо силоҳи ҷангӣ табаддулот кунанд.
Роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремисти ҲНИТ якҷоя бо генерал Абдуҳалим Назарзода нақшаеро кашиданд, ки аз рӯи он аз пойтахти кишвар табаддулот сар мезадаст ва дар як муҳлати кутоҳ тамоми кишварро ба коми худ гирифта, ҳокимиятро ба даст мегиранд.
Хушбахтона мақомотҳои давлатӣ аз ин ҳадафи бадхоҳони миллат ва душманони Тоҷикистони соҳибистиқлол сари вақт огоҳ шуданд ва пешгирӣ намуданд. Баъди ошкор шудани мақсадаш генерал Абдуҳалим Назарзода, ки бо номи Ҳоҷи Ҳалим маъруф будааст, аз шаҳри Душанбе ба кӯҳҳои минтақаи Ромит гурехтааст ва дар он ҷо маҳв карда шудааст. Вале як гуруҳ бадхоҳон барои ба кирдорҳои худ дар назди қонун ҷавоб гуфтан тарсида, ба хориҷа гурехтанд, ки имрӯз онҳо дар он ҷо истода ба сӯи Ватани худ санги маломат мезананд.
Яке аз роҳбарони ин бадхоҳон, ки сарварии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ-ро дар дӯш дорад, дар сомонаҳо изҳори норозиги нисбати Ҳукумати Тоҷикистон мекунад. Вале даъвоҳои он беасос буданашро мардуми Тоҷикистон сари вақт фаҳмиданд ва ҳамроҳи он нашуданд. Тамоми мақсадҳои ғаразнок ва корҳои каҷаш ошкор шуду имрӯзҳо кишварҳои хориҷӣ низ аз дастгирии онҳо даст кашида, ҳатто аз тарафи Интерпол дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Гуфтан мумкин аст, ки касе нисбати Ватан ва миллати худ афкору пиндору кирдори нек надошта бошад, як рӯз не як рӯз ошкор мешаваду сари худашро мехӯрад.
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ
Бердишукуров Абдунаим







