ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАЗҲАБГАРОӢ ДУШМАНИ ИСЛОМ
2017-12-16

Дар дини  ислом парокандагӣ ва низо байни пайравони дин аз сабаби ба мазҳабҳо ҷудо шудани он пайдо шуда будааст. Нахустин низоъ дар даврони халифати Усмон соли 656 бо сабаби норозигии мисриҳо аз ҳукмронии ў сар задаст. Пас аз изҳори норозигӣ Усмон тариқи мактуб фармони қатли эътирозгаронро ба миср фиристод, аммо мактуб дар роҳ ба дасти худи мисриҳо фаромадааст. Бо роҳбарии Абдуллоҳ писари Абубакр шўриш бардошта, Усмонро ба қатл расонидаанд. Барои интихоби халифаи нав нофаҳмӣ сар зада, тарафдорони ақидаҳо ба ду мазҳаб ҷудо шудаанд.

 Низоъи мазҳабӣ – задухурд ва муқобилияти байни пайравони мазҳабӣ гуногун бо мухталифати арзиш, тафаккур ва муносибат ба намояндагони мазҳаби дигар мебошад.  Асоси низоъҳои динӣ парокандагии мазҳабӣ буда, тавре аз воситаҳои ахбори умум огох ҳастем, то ба хунрезиҳо анҷом меёбад. Ҳамарўза тариқи ВАО-и ватаниву хориҷӣ доир ба чунин задухурди мазҳабҳо иттилоъ ба назар мерасад.  Чунин ахбор солҳои охир бештар ба назар мерасад. Агар оғози солҳои 2000-ум ин задухӯрдҳо бо кашокаш ва сангпартоӣ анҷом ёбад, солҳои охир дар чунин задухурдҳо даҳҳо нафар ҷони худро нисор кардаанд. Аз сомонаҳои интернетӣ низ ҳамарўза, мушоҳида ба назар  мерасад.

Имрўз дар тамоми ҷаҳон зуҳуроти «Низои мазҳабҳо» паҳн гардида, то ба ҷангҳои мусаллаҳона расидааст. Ҷангҳои Ироқу Сурия далели қотеъи он аст, ки  мазҳабгароӣ оқибати нохуш дорад. Барои   пешгири намудани  чунин оқибатҳо, дар макотиби миёнаву олӣ, масҷидҳои ҷомеъ тариқи васоити ахбори омма, натиҷаи нохуши мазҳабгароиро ба пуррагӣ фаҳмонидан мувофиқи мақсад аст. Мазҳабгароӣ душмани ислом буда, аксари андешаҳои мазҳабҳои кунунии аксаран тундрав бо арзишҳои аслӣ ва поки дини  мубини ислом муносибате надоранд.

Дар  мамолики дунё  Миср,  Филипин, Алҷазоиру Индонезия, барин кишварҳо нооромӣ ва мухолифат аз сабаби зиддиятҳои мазҳабӣ сар зада истодаанд,  ки дар онҷо маҳз мухолифати мазҳабӣ боиси муноқиша байни аҳолӣ гардидаанд. Ин задухӯрдҳо сабаби хароб гардидани маҳаллаву шаҳрҳо, бепарастор мондани фарзандон шудааст.

 

 

 

Аз назар гузарониданд:174 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар