ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ - ЭКСТРЕМИСТӢ ҲНИТ- ДУШМАНИ ВАҲДАТ
2017-12-16

Дар давраи муосирҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, қувват гирифта  аз номи дини Ислом амал намуда, номи ин динро чун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, бесабаб нест, ки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ расинида истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид намудани ин раванди пурхатар чунин изҳор намуд: "Воқеан дини мубини Ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накўкорист.

Аз ҳамин сабаб, ҳар яки мо дар рафти фаъолияти меҳнатию иҷтимоии худ, бояд ба арзишҳои  илму фарҳангӣ, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем. Ва барои бунёди як ҷомеаи пешрафтаи солим саъю талош намоем. Хусусан дар шароити торафт тезутунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва барои амалӣ намудани манфиатҳои гурўҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем".

Мувофиқи моддаҳои 8 ва 28 - уми Конститутсия (Сарқонун) - и Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 - уми декабри соли 1991 ташкил шуда, то моҳи ферали 2015 фаъолият менамуд.

Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ин ҳизб ҷинояти гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардидаанд. 23 нафар аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои Раёсати Олии он бинобар даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.  Пешбурди чунин фаъолият нуфузи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар назди аъзои он низ коста гардонид ва шумораи зиёди аъзои он сафи ҳизбро тарк намуданд ва дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ячейкаҳои ибтидоии онҳо, бинобар надоштани аъзо, барҳам хўрданд.

Бо содир намудани ин амалҳои нангин Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон на танҳо ҳуқуқи мавҷудияти худро аз даст дод, балки инчунин бо фаъолияти террористӣ - экстремистии худ барои мардум ва ҷомеа сарчашмаи хатар ва ихтилоф низ гардид.

Баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳое, ки дар фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҷой доштанд, дар давоми солҳои 2014 ва 2015 ба унвони ҳизб аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ чандин маротиба огоҳиномаҳо ирсол шуданд, вале роҳбарияти ҳизб ин огоҳиномаҳоро сарфи назар карда, фаъолияти ғайриқонунии худро идома доданд. Бар замми ин, аъзои худро, ки ба содир намудани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо даст доштанд, на танҳо аз ҳизб хориҷ нанамуд, балки дар маҷлисҳои ҳизбӣ низ муҳокима накарда, сазовори ҷазои интизомӣ низ наҳисобид, ки ин ифодаи дастгирӣ кардани онҳо аз тарафи роҳбарияти ҳизб буд.

Аз ин рў, аз ҷониби Прокуратураи генералии мамлакат ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эътироф кардани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ кардани фаъолияти ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам додани он, қатъ кардани нашри рўзномаи “Наҷот”, ки нашрияи ин ҳизб буд, бастани вебсайтҳои интернетии он, манъ кардани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод карда шуд ва он аз ҷониби Суди Олӣ баррасӣ гардид.

Бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 -уми сентябри соли ҷорӣ аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуд. Нашри рўзномаи «Наҷот» қатъ ва вебсайтҳои интернетии он баста шуд, ҳамчунин воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Қайд намудан зарур аст, ки оид ба амалҳои ғайриқонунии роҳбарият ва аъзои Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, инчунин Абдуҳалим Назарзода ва дигар аъзои гурўҳи муташаккили ў дар Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад. Тафтишот муайян намудааст, ки роҳбарон ва аъзои Раёсати Олии ҳизб дар асоси маслиҳати пешакӣ бо собиқ муовини Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода якчанд гурўҳҳои ҷинояткори аз 10 то 40-нафара созмон дода, мақсад доштаанд, ки ба объектҳои муҳими сиёсӣ ва давлатӣ ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом дода, ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон ғасб намоянд. Нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз утоқҳои кории муовинони раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Умаралӣ Ҳисайнов ва Маҳмадалӣ Ҳаитов, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад, хонаи №1 ёфта, гирифта шуданд. Инчунин, ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҳизб зиёда аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад, дарёфт шуд.

Амалҳои ғайриқонунии ин гурўҳи муташаккили ҷинояткор боиси ҳалокати 14 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маҷрўҳ гардидани 12 нафари дигар шуданд. Айни ҳол 23 роҳбар ва аъзои Раёсати Олии ҳизб, ки дар содир намудани ҷиноятҳо даст доштанд ва шумораи муайяни аъзои гурўҳи муташаккили Абдуҳалим Назарзода ба ҳабс гирифта шуда, нисбат ба онҳо ва нафарони дигар, ки мақсади ғасб намудани ҳокимиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, бо моддаҳои 179 - терроризм, 187-ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), 189 - барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, 306 - бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, 307 - даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 313 - исёни мусаллаҳона ва дигар моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад. Аз натиҷаи тафтиш қарори қонунӣ қабул карда мешавад.

Қайд намудан зарур аст, ки мутобиқи моддаи 20 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 13 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад.

Аз ҳамин сабаб, террористӣ - экстремистӣ эътироф намудани ҳизб ва қатъ намудани фаъолияти он боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани аъзои қатории ҳизб намешавад, агар онҳо ҷиноятҳои дигар содир накарда бошанд. Вале агар онҳо дар оянда низ фаъолияти ҳизбии худро идома дода, ақидаҳои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ кунанд ва дар фаъолияти ҳизби манъкардашуда ба ҳар навъе ки набошад, иштирок намоянд, мутобиқи қонун барои иштирок дар иттиҳод ва ташкили фаъолияти он бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Ҳанўз мутафаккири Рими қадим Сисерон гуфта буд: - Агар хоҳӣ, озод бошӣ, ғуломи қонун бош. Озодӣ он вақт бехатар ва манфиатбахш аст, ки дар ҷомеа ҳама Конститутсияро риоя кунанд, арзишҳои миллиро пос доранд, дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҳушёру зирак бошанд ва ба ҳама гуна зуҳуроти носолими ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва экстремизм оштинопазир бошанд. Ҳодисаҳое, ки дар Покистон, Афuонистон, Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳои исломӣ, ки зери номи ҳизбҳои исломӣ дар муддати кeтоҳ ҳазор нафар мардумони бегуноҳро аз зумраи тифлони бегуноҳ, модарон, хоҳарон, наврасону калонсолонро ба қатл расонидааст, мардумро хеле ба ташвиш оварда истодааст. Ин масъала хеле ташвишовар буда, диққати аҳли xомеаро ба худ xалб менамояд. Ҳатто донишxeёни мактабҳои олии шаҳри Хуxанд, ки теъдоди онҳо бисёрҳазора буда, аз он 8657 нафари онҳо мактуби кушодаи онҳо хеле бамаврид аст. Мо, зиёиён аз ин мактуби кушод хеле хурсанд гаштем, зеро xавононро ояндаи Тоxикистон ба ташвиш оварда, онҳо фазои орому софи Тоxикистонро мехоҳанд. Албатта, аз номи мусулмонон истифода бурда ба мақсадҳои uаразноки худ расидани ин ҳизбҳо хатогии бузург ва хатар ба ҳаёти осоиштаи тамоми халқҳо мебошад.

Дар мактуби кушодаи донишxeён суолҳо хеле бамаврид омадаанд, албатта, таърих фаромeш намешавад. Агар он маблаuҳое, ки ба ин низоъҳо равонашудаанд ба ҳаёти осоиштаи камбизоатон, бепарасторон, маъюбон, инчунин, омeхтани илму фарҳанг сарфа мешуд, он гоҳ мактабҳои миёна ва олии мо аз техникаҳои xангӣ не, балки бо техникаи муосири xаҳонӣ таxҳизонида мешуданд ва ба инкишофи фарҳангу илм поягузор мегардид.

Дар пешрафти Тоxикистон xавонон мавқеи хоса доранд, ки он имрeз аз мактуби кушоди онҳо равшан гардид. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба онҳо фазои соф, мактабҳои таxҳизонидашуда ва шароити муфидро фароҳам оварем ва мутахассисони соҳаи худро дар раванди таълиму тарбия ба воя расонем. Агар xавонон аз роҳи осони пулёбӣ ба воситаи террор машuул гарданд, бешак нест, ки худи Шумо низ аввалин шуда аз дасти онҳо ба қатл расонида шавед!

Мо бояд xавононро аз роҳи бад ва зeроварӣ боздошта ба роҳи неки зиндагӣ ҳидоят намоем. Мо орзуи ягона дорем: фарзандонамон, наберагонамон, модару модаркалонҳо бори дигар xанги фоxиавиро аз сар нагузаронанд, балки ба гуфти ҷавонон аз ин даҳшат канораҷӯӣ намоем ва ҳаётамонро зери хавфу хатар нагузорем.

 Дар ҳақиқат ташкилоти террористӣ - экстремистӣ ҲНИТ-  исбот намуд, ки душмани Ваҳдат аст.

 

Сармуаллимаи кафедраи

                                              Сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

                                                   Деҳқонова Гулчеҳра Набиҷоновна

 

 

 

Аз назар гузарониданд:174 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар