Дар ҳақиқат пешравии ҳар як ҷамъият дар рақобати солим дида мешавад, аммо сад афсўс, ки дар ҷамъияти тоҷикон рақобати солимро ба тафриқаандозӣ миёни мардум ва бадномсозии шахсиятҳои созандаи миллат табдил додаанд. Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо то ҳол ҳуввияти миллии хешро нашинохтаем ва ё ин ки виҷдони имонию инсонии худро дар назди бегонагон ҳавола додаем. Бузургии ҳар як миллат дар муттаҳидии он дида мешавад, на дар парокандагӣ.
Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифратгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ менамуд. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси cap задани низою муноқишаҳо гардиданд.
Миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи адами зӯровариву низоъ, ки ҷавҳари он чаҳорчӯбаи принсипи миллии тоҷикии «маранҷу маранҷон» аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо, аз ҷумла, Имоми Аъзам нуҳуфтааст, тавонист садди роҳи низоъи бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад.
Таърих бесамар ва зиддиинсонӣ будани инқилобҳоро нишон додааст. Бо як нигоҳи кӯтоҳ ба ҷаҳони имрӯза, ки ба хотири ҳадафҳои инқилобӣ ҳазорҳо одамони осоишта кушта ва хонаводаву наздикони онҳо мотамзада ва сарсону саргардон мешаванд, мо низ бар зидди Инқилобу инқилобхоҳон эътироз мекунем. Пеш аз ҳама, ба он хотир ки инқилоб, чи сурху чи сиёҳ ва чи рангаву чи беранг, роҳи ҳалли мушкилиҳои инсон ва ҷомеа нест. Балки Инқилоб дар ҷаҳони имрӯза барои иваз кардани қудратҳои сиёсии давлатҳои миллӣ ба хотири манфиатҳои абарқудратҳо ҳаст.
Омили асосии дастнигарии кишварҳои исломӣ ба Амрико худи Ислом мебошад. Ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Гарчанде бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд ба ҳамин хотир, Амрико дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад. Ба назар чунин мерасад, ки ҲНИТ давоми дасти хунолудаи шабакаи Ихвон-ул-муслимин аст. ҲНИТ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ амал мекунад. ҲНИТ, ки худ дастхуш (марионетка)-и дастнигарон (бозичаҳо)-и абарқудратҳо аст, дар гирди худ дастхушҳои дараҷаи сеюмро аз ҳисоби ҳизбу ҳаракатҳои тоҷик ҷалб кардааст. Барои ҲНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?
Мо ба ҳаракати ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон зид ҳастем ва кўшиш ба он медиҳем, ки то ватани худ Тоҷикистони азизамонро аз ҳар гуна ҳаракатҳо эмин нигоҳ дорем ва пайгирӣ ҳар гуна низоъҳо нагардем.
Каримова Т.
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Турабоева Д.
муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров







